ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ДАҚИҚ – ТАЛАБИ ЗАМОН

Мактаб боргоҳи илму маърифат буда, дар он наслҳои созандаву бунёдкор ва дорои ҷаҳонбинии пешрафта ба камол мерасанд. Он ҷомеа ва давлате рушду пешрафт мекунанд, ки дар он сатҳу сифати таълиму тарбия баланд бошад ва наврасону ҷавонон илму дониши замонро аз худ кунанд. Дар кишвари мо низ ба соҳаи маориф диққати асосӣ зоҳир карда шуда, шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда шудааст.
Дар зимн, дар кишвар сол то сол дигаргуниҳо ба вуҷуд омадаву ҷараёни бунёди корхонаҳои азим вусъат ёфтааст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи асосиро ба омӯзиши фанҳои бунёдӣ равона кардааст, зеро бе фарогирии донишҳои муосир наметавон ба дастовардҳои назаррас шарафёб гардид. Бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» роҳандозӣ гардид, ки ба омӯзиши бавусъати илмҳои дақиқ такони ҷиддӣ бахшид. Мусаллам аст, ки омӯзиши ҳамаҷонибаи фанҳои дақиқ асоси пешрафти ҳар як ҷомеа маҳсуб меёбад, чунки бе ихтирову кашфиёт наметавон, аз як тараф, кишварро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард, аз ҷониби дигар, ба пешрафти иқтисодиёт мусоидат намуд. Дастури мазкур ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ҳамбастагии амиқ дорад. Мо шоҳиди он мегардем, ки Пешвои миллат зимни сафар ба шаҳру навоҳии кишвар корхонаҳои азими саноатиро мавриди истифода қарор медиҳанд ва ин коргоҳҳо ба мутахассисони варзидаву лаёқатманд ниёз доранд. Раванди бунёди сохтмонҳои азим ва корхонаҳои бузурги саноатӣ дар кишвар равнақу ривоҷ ёфта, он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон ба кишвари саноатию аграрӣ табдил меёбад. Дар ин росто, рисолати омӯзгорон бештар гардида, бояд дар таълими фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намоянд.
Дар литсейи мо дар заминаи омӯзиши «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» нақша-чорабиниҳо тартиб дода шудааст ва дар он ба омӯзиши ин гурӯҳи фанҳо ҳамвора талош карда мешаванд. Ба таъкиди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои бистсола ва бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, таъмин кардани дастрасӣ ба техникаву технологияҳои замонавӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт ҳамасола баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»-ро эълон намудем». Воқеан, озмуни мазкур шавқмандии наврасону ҷавононро ба омӯзиш бештар намуд ва ба дарёфти ихтироъкорону навоварон мусоидат кард.
Ман ҳамчун омӯзгори математика дар раванди дарс кӯшиш менамоям, ки бо баргузории дарсҳои пурмуҳтавою рангин шавқу рағбати хонандагонро ба омӯзиши фанҳо ҷалб кунам. Дар ҷараёни дарсҳо истифодаи воситаҳои аёнии таълим муфид буда, хонандагонро ба омӯзиши фанҳо ҳавасманд мегардонад. Математика дар гурӯҳи фанҳои дақиқ дар меҳвар қарор дошта, дигар фанҳо ба он ҳамбастагии амиқ дорад. Аз ин рӯ, ташкили маҳфилҳои фаннӣ низ ба рағбати хонандагон мусоидат мекунад. Маҳфилҳое, ки дар литсей ба роҳ монда шудааст, бештари хонандагонро фаро мегиранд ва мусоидат ба он менамояд, ки ба омӯзиши фанҳои дақиқ ба таври ҷиддӣ машғул гарданд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки сол то сол таваҷҷуҳи хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ бештар гардидааст ва онҳо кӯшиш менамоянд, ки ба ҳар як мавзуъ ва масъала кунҷковона муносибат мекунанд ва кӯшиш менамоянд, ки ҳар як мисолу масъаларо дарку маърифат ва ҳал намоянд. Дар ин миён масъулият ва рисолати омӯзгор барҷаста мебошад ва ӯ бояд аз худ маҳорату малакаи баланд нишон диҳад. Дар ҷараёни тадрис роҳандозии бозиҳои дидактикӣ низ ба мақсад мувофиқ буда, тафаккури хонандагонро ҳамаҷониба ташаккул мебахшад.
Шоира НУРМАТОВА,
омӯзгори математикаи
литсейи №1-и шаҳри Бӯстон