ҲАДАФИ ОЗМУН ДАРЁФТИ ДОНАНДАГОНИ ОСОРИ БАДЕИСТ

Мулоҳизаҳо дар атрофи мақолаи фолклоршинос, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ Қосимӣ Саъдӣ Абдулқодир – «Баргу сози мо китобу ҳикмат аст», «Омӯзгор», №48, аз 30.11.2023
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли панҷум аст, ки баргузор мешавад. Дар ин давра дар шаклу сохтор ва пешниҳоди номинатсияҳову осори бадеӣ, барои беҳтару самараноктар ва ҳадафрас гардидани озмун вобаста ба мушоҳида ва бардоштҳо тағйирот ва дигаргуниҳо ба амал бароварда шуданд. Устоди ДДОТ ба номи С. Айнӣ Қосимӣ Саъдӣ Абдулқодир дар мақолаи «Баргу сози мо китобу ҳикмат аст» андешаву пешниҳодоти ҷолиб баён доштааст.
Аз ҷумла, аз ҷониби фолклоршинос пешниҳод мешавад, ки номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон ба 3 гурӯҳи синнусолӣ аз синфи 1 то синфи 4, аз синфи 5 то синфи 9 ва аз синфи 10 то синфи 11) ҷудо ва рӯйхати адабиёти тавсияшаванда вобаста ба гурӯҳҳои мазкур тасниф ва таҷдиди назар карда шавад. Ин таклиф вобаста ба зинаҳои таҳсилот аз аҳамият холӣ набуда, мушкиливу аз худ кардани осори адабиёти бачагонаро сабуку осон мекунад. (Манзури мо ҳарчӣ бештар фаро гирифтани осори адибон марбут ба гурӯҳҳои синнусолӣ мебошад).
Муаллиф хеле дуруст ва бамаврид таъкид кардааст: «Номгӯи адибоне, ки дар ҳаёти маънавии кӯдакону наврасон (ва ё умуман, барои адабиёти миллӣ) мавқеи муҳим надоранд, аз рӯйхат берун ва ба ҷойи онҳо адибони маъруфу шинохташуда илова карда шавад». Воқеан, ҳангоме ки ба рӯйхати нависандагону шоирони ин номинатсия ва номинатсияи адабиёти муосир шинос мешавед, банди ҳайрат мемонед, ки дар радифи адибони маъруфи шинохташуда қаламкашоне ҷой дода шудаанд, ки ному осори онҳо барои хонандаи тоҷик маълуму мафҳум нест. (Ба хусус, дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик). Аммо ба пешниҳод перомуни аз номинатсияи адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон бардошта шудани гурӯҳи якум (хонандагони синфҳои 1 то 4) розӣ шудан душвор аст. Дар ин бобат, бояд завқу салиқа, маҳорату лаёқати довталабони ин гурӯҳ ба назар гирифта шавад. Мақсади озмун низ дарёфти хонандагони болаёқат ва баланд бардоштани завқи китобхонӣ ба шумор меравад. Вобаста ба синну соли хонандагони синфҳои 1-4 осори созгорро аз ҳамаи номинатсияҳо бояд пешниҳод намуд. Дар иртибот бо ин масъала чунин андешаи муаллиф ҷолиб аст: «Дар сурати ҳафз накардани гурӯҳҳои якум (хонандагони синфҳои 1 то 4) аз номинатсияҳои адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон масъулонро лозим аст, ки барои ин гурӯҳи синнусолӣ дар номинатсияҳои мазкур барномаи алоҳида мураттаб намоянд». Аммо ба андешаи Қосимӣ Саъдӣ Абдулқодир дар бораи он ки ҳайати ҳакамон набояд аз 3 нафар зиёд бошад, наметавон розӣ шуд. Бигузор, дар даври ниҳоӣ (ҷумҳуриявӣ)-и озмун 4 нафар дар ҳайати доварон нигоҳ дошта шавад, зеро мушкиливу нозукиҳои таҳлилу баррасӣ ва ҷамъбасту баҳогузории донишу малака ва маҳорати довталабон амали саҳлу осон нест. Ба андешаи мо, дар интихоби ҳакамон низ ба эътибор гирифтани синну сол тақозои замон аст, зеро гоҳо ба мушоҳида мерасад, ки иддае аз ҳакамон ба ивази таҳлилу баррасии лаёқати шеърдонию қироати довталаб, осори насри (драмаҳо)-и мутолианамудаи ӯ, ба суханони нозарур ва беҳуда саргарм шуда, аслан ба қобилияти хонанда дуруст баҳогузорӣ карда наметавонанд. Ҳамчунин, то ҷое бемаврид ислоҳ намудани довталаб ва ҳукм баровардан аз рӯйи инсоф нест. Дар хусуси салоҳияти комиссияи апеллятсионӣ ба андешаи муаллиф розием. Дар ҳақиқат, ҳайати комиссияи зикршуда танҳо ба хотири риояи расмият ва аз рӯйи шиори «Хоҷа, боғ дорӣ?» набояд амал кунад. Нуфузу таъсири комиссия бояд баланд бардошта шавад. Дар иртибот ба ин масъала, мулоҳизаи Қосимӣ Саъдӣ Абдулқодир, «Салоҳияти комиссияи апеллятсионӣ таҷдиди назар карда шуда, муайян кардани ҷойҳои ифтихорӣ пас аз ба итмом расидани комиссияи апеллятсионӣ сурат гирад» ба маврид ва муҳиму зарур аст. Пешниҳоди дигари ӯ дар боби «Масъалаҳои умумии озмун» лоиқи дастгирист. Аз ҷумла, вай менигорад:
«Масъалаи баргузории даври аввал (ноҳиявӣ)-и озмуни мазкур зери назорат ва интихоби комиссияи марказӣ (на комиссияи ноҳиявӣ ва ё маҳаллӣ) баргузор карда шавад, то интихоби иштирокчиёни давраҳои баъдии озмун аз рӯйи адолат ва ҳақиқат сурат бигирад». Воқеан, бисёр мешунавем ва мушоҳида мекунем, ки дар даври ҷумҳуриявӣ довталабоне аз ину он номинатсия маҳорати худро нишон медиҳанд, ки умуман ба талаби озмун ва низомнома ҷавобгӯ нест. Пурсида мешавад: чӣ тавр онҳо ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтаанд? Ва дар радифи иштирокчиёне, ки аз баҳои гузоштаи доварон норизоиятӣ изҳор мекунанд, бештар онҳое қарор доранд, ки донишу мутолиаи зарурӣ надоранд.
Ба ин пешниҳоди муаллиф илова карданием, ки назорат дар даври ноҳиявии озмун қатъӣ ва пурзӯр бояд карда шавад. Перомуни осори пешниҳодшуда, ки хусусияти тавсиявӣ дорад, зикр бояд кард, ки беҳтарину маъруфтарин осори номинатсияҳо, хусусан, адабиёти муосири тоҷик ва ҷаҳон, мутаассифона, аз назари довталабон то ҷое дур мемонад, ки мояи нигаронию ташвиш аст. Аз ҷумла, аз адабиёти муосири тоҷик иштирокдорон дар баробари мутолиаи осори бадеии таълифнамудаи нависандагони ибтидои садаи бист, амсоли устодон Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Ҳаким Карим, Раҳим Ҷалил, Пӯлод Толису Фазлиддин Муҳаммадиев (он ҳам чанд асари маълум), аз адабиёти солҳои 70-90 ва осори маъруфу намоёни даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла, Саттор Турсуну Ӯрун Кӯҳзод, Сорбону Абдулҳамид Самад, Кароматуллоҳи Мирзо, Баҳманёр, Муҳаммадзамони Солеҳ, Сайф Раҳимзод Афардӣ, Муаззама Аҳмадова, Муҳаммадраҳими Сайдар, Ато Ҳамдаму Бахтиёр Муртазо ва чанд тани дигар иттилои андак доранд. Ҳатто аз бархеи ин адибон асаре мутолиа накардаанд). Ин масъала бояд роҳи ҳалли худро ёбад, то ки намунаҳои беҳтарини осори адабии адибони зикршуда мавқею ҷойгоҳи хосаю арзишманд пайдо кунанд. Соли ҷорӣ, бори аввал дар номинатсияи эҷоди назму наср дигаргунӣ ворид карда шуд. Яъне, довталабон аз эҷоди наср дар мавзуи интихобшуда эссе навиштанд ва аз эҷоди назм мисраъҳои пешниҳодшударо идома дода, шеъри мукаммал иншо намуданд. Дар ин замина, пешниҳоди раиси ҳакамони эҷоди насри озмун, нависанда Сироҷиддин Икромӣ ба маврид ва аз аҳамият холӣ намебошад. Мазмун, ба ин номинатсия номгӯйи асарҳои мутолиакардаи довталабон дохил карда шавад ва ҳамзамон, синну соли онҳо аз 60 убур накунад. Воқеан, дар ин номинатсия ба мушоҳида расид, ки доираи мутолиаи довталабон (бахши аъзамашон) ниҳоят маҳдуд буда, онҳо аз осори намоёни адабиёти классикии тоҷику форс, муосир ва ҷаҳон огоҳии кофӣ надоранд. Мулоҳизаи Қосимӣ Саъдӣ Абдулқодир дар хусуси он ки «на ҳамаи теъдоди маводи нишондодашудаи адабиёти мутолиашуда ба маводи пешниҳодгардида мувофиқату мутобиқат мекард» низ айни воқеият аст. Ҳангоми иштирок дар даври минтақавӣ (дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ) соли дуюм аст, мушоҳида мекунем, ки довталабон аз номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон ва адабиёти муосири тоҷик, ба истиснои чанд адиби шинохта маводро аз таълифоти шоиру нависандагони маҳаллу минтақаи худ пешниҳод намуданд, ки арзиши баланди бадеӣ надоранд. Дастандаркорону масъулони даврҳои ноҳиявию шаҳрӣ ва минтақавии озмунро мебояд, сари ин масъала ҷиддан андеша намоянд. Дар баъзе манотиқ аз номинатсияи эҷоди наср ба ҷуз як нафар дигар довталаб иштирок надошт, ки ин ҳол боиси ташвишу нигаронист. Дар охир чанд андешаи худро дар боби таъсис ва ташкили номинатсияи нав бо номи адабиёти гуфтории тоҷик (фолклори тоҷик) изҳор карданием. Дар мақола зарурату муҳимияти омӯзишу аз худ кардани осори шифоҳии мардумӣ хеле муфассал, ба таври мушаххас ва бо далелҳои муътамад баён гардидааст.
Қосимӣ Саъдӣ Абдулқодир зикр мекунад, ки: «Инчунин, дар заминаи 4-и Низомнома вобаста ба номинатсияи адабиёти муосири тоҷик чунин оварда шудааст: «аз ёд кардани рубоӣ, дубайтӣ, ғазал, порчаҳо аз достону маснавӣ ва сурудҳои халқӣ аз эҷодиёти даҳанакии халқ» ва «нақли афсонаю латифа ва порчаҳо аз осори манзуму мансури шифоҳӣ», ки чандон саҳеҳу мукаммал ва равшану дақиқ маводи адабиёти гуфториро баёнгар нестанд ва бошанд ҳам, бениҳоят кам дарбаргирандаи жанрҳои махсуси адабиёти гуфториянд:
Чунки: 2.1. Аниқ маълум нест, ки аз ёд кардани рубоӣ, дубайтӣ, ғазал, порчаҳо аз достону маснавӣ аз адабиёти гуфторӣ бошанд ё адабиёти навишторӣ; 2.2. Агар ба адабиёти гуфторӣ мутааллиқ бошанд, бояд гуфт, ки ғазал, достону маснавӣ жанрҳои вижаи адабиёти гуфторӣ нестанд».
Ин гуфта заминаи илмӣ дошта, дар масъалаи мушаххасан пешниҳод намудани осори шифоҳии мардумӣ вобаста ба жанру ҷинс судманд мебошад. Вале, аз нигоҳи мо, бо пешниҳоди як номинатсияи нав (масалан, адабиёти гуфтории тоҷик (фолклори тоҷик) мақсаду талаботу низомномаи озмун аз мадди назар набояд дур карда шавад. Дар боби «Талабот ба иштирокчиёни озмун»-и низомнома равшану возеҳ баён гардидааст:
«Маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи хондани осори манзум ва мансури бадеӣ муайян карда мешавад».
Аз ин нуқтаи назар, талаботе, ки дар мақола ба довталабони номинатсияи адабиёти гуфторӣ (фолклори тоҷик) пеш гузошта мешавад, ҷанбаи илмӣ пайдо мекунад, ки ба гумони мо қобили қабул нест. Ин мулоҳизоту пешниҳод дар матлаби мавриди назар дар бандҳои 3,4 ва махсусан, 6 оид ба ташкили номинатсияи нав бо номи адабиёти гуфтории тоҷик (фолклори тоҷик) баён гардидаанд, ки баҳсбарангез мебошад. Изҳори чунин фикр, ки донистани 30 жанри махсуси адабиёти гуфторӣ барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ қарз ва фарз аст ва дар силки маросиму ҷашн ва оинҳои мардумӣ овардани маросими мушкилкушо ва аз жанрҳои дар боло овардашуда, амсоли савганд (қасам), хоббинӣ (руъё), таъбири хоб, афсун, андарз, нӯшбод барои довталаб зарурат дорад, андеша мехоҳад. Гузашта аз ин, пешниҳоди дигари муаллифи мақола дар боби «Ёд овардан ва донистани фаъолиятҳои эҷодии фолклоршиносону адибону варзидаю барҷастаи тоҷик, аз қабили… (ному насаби онҳо оварда шудааст, ки зиёда аз 80 нафарро дар бар мегиранд), ба фикри мо, зиёдатист. Зеро ворид намудани назария (аз худ кардани маълумот ва донишҳои илмӣ) чунонки зикр намудем, ба ҳадафу талаби низомномаи озмун мутобиқ ва созгор нест.
Дар ҳар сурат, пешниҳоди устоди ДДОТ ба номи С. Айнӣ Қосимӣ Саъдӣ Абдулқодир дар хусуси таъсис ва ташкили номинатсияи нав бо номи адабиёти гуфтории тоҷик (фолклори тоҷик) лоиқи дастгирист, зеро тавре ки муаллиф менигорад;
«Ҷорӣ намудани номинатсияи мазкур оянда боиси он мегардад, ки ашъори интишорнамудаи шоирони халқӣ (ба таъбири имрӯза, шоирони мардумӣ ва ё маҳаллӣ), ки дар банди 5-ум номбар гардиданд, рӯйи кор биёянд ва ҳаёти маънавии иштирокчиёни ин озмуни бузурги фарҳангӣ (ва ё умуман, мардуми китобхон)-ро боз ҳам рангинтар намоянд».
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»