КОР БО МАТНҲОИ БАДЕӢ ДАР ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

Дар замони имрӯза бештар усулҳои кори дунафара ва корҳои гурӯҳӣ ҳамчун усулҳои фаъол ва интерактивӣ дар дарсҳои забони англисии мактаби миёна ба таври васеъ истифода мешаванд. Мо тасмим гирифтем, дар зер намунаи кор дар гурӯҳҳои хурдро аз маҷаллаи «English Teaching Forum», ки ҳангоми кор аз болои матни кишваршиносӣ истифода бурда шудааст, пешниҳод намоем. Зеро чунин навъи кор аз болои матни кишваршиносӣ метавонад салоҳияти тафаккури таҳлилӣ, ҳамкорӣ, эҷодкорӣ, коммуникативӣ ва маҳорати омӯхтани хонандагонро ташаккул диҳад.
Пеш аз он ки номи фаъолият, мақсад ва тарзи гузарондани онро пешниҳод намоем, як нуқтаро бояд қайд кард, ки таҳлили нақшаи дарсии омӯзгорони забони англисӣ нишон медиҳад, ки ҳама гуна фаъолияти аз ҷониби онҳо ба дарсашон воридшаванда вобаста ба малакаи ташаккулдодашаванда ба намудҳо тақсим мешавад. Масалан, фаъолияти пеш аз хондани матн, дар давоми хондан ва баъд аз хондани матн, ё худ агар фаъолият ба истимоъ дахл дошта бошад, фаъолияти пеш аз гӯшкунӣ, дар давоми гӯшкунӣ ва баъд аз гӯшкунӣ. Лозим ба ёдоварист, ки дар зер мо фаъолиятеро аз мақолаи Кейт Торре, ки таҳти унвони «Lesson Plan: Seeing Seattle» (Нақшаи дарс: Дидани шаҳри Сиэтл) дар шумораи 46-уми №2-и соли 2008-и маҷаллаи «English Teaching Forum» ба табъ расидааст, пешниҳод намудем. Фаъолияти мазкур аз якчанд зерфаъолият низ иборат мебошад.
Номи фаъолият: Таҳқиқи шаҳрҳо: Таҳияи рӯйхати ҷойҳои беҳтарин барои тамошо ё ин ки таҳияи рӯйхати ҷойҳои тамошобоб.
Мақсад: Ташаккул додани малакаи хониш, навиштан, истимоъ, тафаккури таҳлилӣ, эҷодӣ, маҳорати омӯхтан ва ғ.
Омодагӣ: Нусхаи матн дар бораи «Must-See Places in Seattle» («Ҷойҳои дидашавандаи шаҳри Сиэтл»)-ро барои ҳар як хонанда (ё ин ки гурӯҳи хурди хонандагон) нусхабардорӣ кунед. Ё ин ки пеш аз оғози дарс рӯйхати ҷойҳои тамошобоби шаҳри Сиэтлро дар тахтаи синф нависед.
Пеш аз хондан: Дар ин фаъолият хонандагон рӯйхати ҷойҳои тамошобобу беҳтарини шаҳр, вилоят ё деҳаи худро таҳия мекунанд.
Дар давоми хондан: Аз хонандагон хоҳиш кунед, ки матни «Must – See Places in Seattle» (Ҷойҳои тамошобоби шаҳри Сиэтл)-ро хонанд. Агар хонандагон матни зикршударо надошта бошанд, тавсифи ҳар якеро аз матни «Must–See Places in Seattle» хонед. Пеш аз хондан, аз хонандагон хоҳиш намоед, ки ҷиҳати интихоб аз ҳашт мавзеи тавсифшаванда ба кадоме, ки диққаташонро ҷалб мекунад, бодиққат ба шумо гӯш кунанд. (Баъд аз ба итмом расидани хониши ҳар як ҷойи тамошобоб 5-7 сония таваққуф намуда, номи ҷойи тамошобоб­ро ду маротиба хонда, онро тавсиф намоед).
Баъд аз хондан: Баъд аз хондани (ё гӯш кардани) матн, аз хонандагон пурсед, ки аз рӯйхати ҷойҳои диданӣ кадомеро барои худ интихоб карданд ва барои чӣ? Ҳамчунин, аз тамоми гурӯҳ пурсед, ки метавонанд рӯйхати ҷойҳои тамошобоби худро таҳия намоянд. Агар хонандагон дар синф аз шаҳру ноҳияҳои мухталиф бошанд, метавонанд ба якчанд гурӯҳи хурд тақсим шуда, рӯйхати беҳтарин ҷойҳои дидании маҳалли худро таҳия кунанд. Агар аз як шаҳр, ноҳия ва деҳа бошанд, метавон онҳоро аз рӯйи мавзуъҳо ба гурӯҳҳои хурд тақсим кард (мисол, як гурӯҳ метавонад дар бораи ҷойҳои тамошобоб нависад, гурӯҳи дигар дар бораи расму оин, ҳунарҳо, ҷойҳо барои истироҳат ва дилхушӣ, ғизо ва нӯшокиҳои минтақа ва ғайра).
Барои ҳар як ҷой хонандагон маълумоти зеринро бояд илова кунанд: а) номи ҷой; б) суроғаи он; в) ду ё се ҷумла метавонад ҷанбаи зерини ҷойро тасвир намояд: чӣ гуна ҷой аст; ташрифоварандагон чӣ корҳоро метавонанд дар он ҷо анҷом диҳанд; чӣ ин ҷойро махсус месозад.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки хонандагон зимни иҷрои фаъолияти дар боло зикршуда малакаву маҳорати хондан, навиштан ва истимои худро рушд дода, ҳамзамон, салоҳияти тафаккури таҳлилӣ, коммуникативӣ, эҷодӣ ва омӯхтани худро ташаккул медиҳанд. Хониш як намуди фаъолияти муоширатӣ мебошад, ки барои мубодилаи шифоҳӣ ва хаттӣ имкон фароҳам меоварад. Аз рӯйи дараҷаи истифода, муҳимият ва дастрасии он дар системаи фаъолияти муоширатӣ ҷои аввалро ишғол мекунад. Дар замони муосир таълими хонишро дар синфҳои болоӣ метавон бо роҳҳои гуногун ба роҳ монд. Яке аз усулҳое, ки метавон онро дар таълими хониш истифода бурд, проблемагузорист. Зери ин мафҳум машғулияти дарсие фаҳмида мешавад, ки таҳти роҳбарии омӯзгор вазъи фаъо­лияти мустақилонаи хонандагонро пешниҳод карда, дар натиҷаи он тавассути эҷодкорӣ аз худ кардани донишҳо, рушди малакаю маҳорати фикрронӣ ба вуқуъ меояд. Барои усули проблемагузории таълим дониш ва усулҳои фаъолият дар шакли тайёр пешкаш гашта, қоидаҳо ва дастурамалҳо пешниҳод намегарданд, балки хонанда тавассути донишҳои тайёр метавонад фикри худро дуруст баён созад. Чунин муносибат самти таҳсилотро барои рушди эҷодкорӣ, тафаккур ва шавқу завқ мусоидат менамояд. Дар ин ҳолат машғулиятҳо ба муколама, андешаронии муштарак ва кори таҳқиқотӣ табдил меёбанд. Ҳангоми таълими хониш тавассути усули проблемагузорӣ матнро ба сифати асос метавон пешниҳод кард, тавре ки он дар худ мазмун ва пояи лингвистиро дарбар мегирад.
Инчунин, матнҳоеро низ истифода мебарем, ки маводи луғавӣ-грамматикиро дар бар мегиранд, вале онҳо бояд аз ҷиҳати ҳаҷм набояд калон буда, ба таври кофӣ хусусияти иттилоотӣ дошта бошанд.
Лаҳзаи муҳим ҷамъбасти натиҷаҳои проблемаҳо ба шумор мераванд. Омӯзгор метавонад усулҳои ҳавасмандкунии хонандагонро истифода кунад: холҳо, варақчаҳои дорои рангҳои гуногун. Дар охири дарс холҳо ҷамъбаст ва баҳо гузошта мешавад. Хулоса, истифодаи усули проблемагузорӣ ҳангоми таълими хониш ҳавасмандии маърифатиро ба омӯзиш зиёд ва мустақилияти хонандагонро зиёд мегардонад, тафаккури мантиқӣ-назариявиро ташаккул медиҳад, фардикунонидан ва тафриқаи таълимро амалӣ мекунад, ҳамкории эҷодиро байни хонандагон ба вуҷуд меорад ва инчунин, қобилияти хонандагонро барои ба таври мустақилона ҳал кардани вазифаҳои нутқӣ-фикрронӣ ташаккул медиҳад.
Нигора ОДИНАЕВА,
омӯзгори мактаби №6-и
ноҳияи Исмоили Сомонӣ