МАФҲУМИ МЕТОДИКА ВА МОҲИЯТИ ОН

Метод усул ва роҳҳои таълими фанҳои дарсӣ гуногун мебошад.
Методика ҳамчун фаъолияти омӯзгору талаба илм дар бораи тарз ва воситаҳои омӯхтани дониш, ҳосил намудани малакаю маҳорат, ташаккули ҷаҳонбинии хонандагон, тарбия ва инкишофи кобилияти онҳост.
Методика бояд ба талаботи зерин ҷавоб диҳад:
1. Методика асоси илмӣ дошта, бояд дар заминаи таълимоти илми забоншиносӣ эҷод гардад ва навигариҳои илми педагогика, забоншиносӣ, психология ва таҷрибаи пешқадами муаллимонро ба назар гирад.
2. Методика мақсади муайян дошта, уҳдадор аст, ки вазифаҳои таълимии забонро ба мақсади муайян на танҳо ба мазмуни таҳсилот, ҳамчунин, ба раванди таълим, ба роҳу тарзҳои он ҳам вобаста намояд. Мақсади дигари методика, омода намудани талабагон ба фаъолияти мустақилона мебошад. Чӣ тавре ки байни метод ва методика фарқ аст, ҳамин тавр байни тарз ва восита низ тафовут дида мешавад. Воситаи таълим гуфта, маводеро меномем, ки омӯзгору талаба онро барои ба даст овардани ин ё он мақсади муайяни таълимӣ истифода мебаранд. Ба воситаи таълим китобҳои дарсӣ ва маводи онҳо, аз ҷумла, матнҳои китоб, воситаҳои аёнию техникии таълим, дастурҳои методӣ, нақшаҳои тақвимӣ ва монанди инҳо дохиланд.
Тарзҳои таълим гуфта, технологияи истифодаи ин ё он воситаи таълимро меномем. Тарзҳои таълим гуногун буда, интихоби онҳо ба метод ва воситаҳои таълим вобаста аст.
Метод ва тарзҳои таълим мунтазам такмил меёбанд. Хусусан, дар шароити ҳозираи инкишофи илму техника такмил додани тарзу усулҳо хеле муҳиманд. Раванди такмили методҳо бояд ба фаъол кунондани шавқу ҳаваси маърифатҷӯйии талабагон, фаъолияти якҷоя (интерактивӣ) ва инкишофи ҳаматарафаи онҳо нигаронида шавад.
Донистан ва фарқ кардани маъною вазифаи калимаҳои метод (роҳу усул) ва методика (тарз ва воситаҳои таълим) ба омӯзгор имкон медиҳад, ки ӯ дар фаъолияти амалиаш ба хатоҳо роҳ надиҳад.

Гулнора МАНСУРОВА,
омӯзгори МТМУ №9-и шаҳри Ваҳдат