МИЛЛАТИ ХУДОГОҲ БУНЁДИ ДАВЛАТ АСТ

Он таҳаввулоте, ки дар асри XXI, дар рӯзгори кунунии башарият ба фаҳм мерасад, хулосаи файласуфи муосири рус Лев Балашовро ба ёд меорад, ки гуфтааст: «Таърихи башарият идомаи таърихи табиати зинда аст ва бо чунин сифат вай на бадтар ва на беҳтар аз он аст. Мисли таърихи табиати зинда дар башарият низ фазову макон ҳам барои таҳаввулот ҳаст ва ҳам барои инқилоб, яъне арсаи равандҳои инқилобиву таҳаввулотӣ…».
Баъди силсилаи инқилобҳои рангаву махмалин, муноқишаи русу украинҳо, якбора тезутунд шудан ҷараёни десекуляризм ва дар заминаи эҳёи фундаментализми динӣ хурӯҷ кардани даҳҳо равияи ифротиву тундгаро ва дигар ҳаводиси муассир ба ҳама навъи давлатҳо (ҳам мутамаддин ва ҳам ҷаҳони савум) дунё гӯиё ба орзуи деринаи худ – бисёрбуъдӣ ё бисёрқутба расид, аммо ин қутбҳои ба ҳам мухолиф ҳеч натавонистанд суботи умумии сайёра ва рушди бонизоми иқтисоди онро таъмин кунанд. Сухани файласуф Маркс, ки «инқилобҳо муҳаррикони таъриханд» дар мисоли сарнавишти тозаи бархе кишварҳои осиёву африқоӣ (ва куҳантараш – инқилоби исломии Эрон) натиҷаҳои баръакс дод: як қоидаи тиллоии дигаре сарфи назар шуд, ки инқилоби бидуни таҳаввулот чун пари коҳе арзиш надорад…
Ҳоло пешгӯйӣ кардани ин ё он фарзия дар мавриди он ки сиёсати ҷаҳонӣ ба кадом ҷонибе майл хоҳад кард ва манофеи геополитикии кишварҳои абарқудрат чӣ навъ хоҳад буд, як кори бенатиҷаву беҳосил аст, аммо дар андешаи беҳбуди ҳоли хештан будан, таваҷҷуҳ кардан ба он ки чӣ арзишҳое метавонанд ба амну субот ва тараққиву пешрафти худӣ боис бишаванд, бисёр муҳим аст.
Ҳамакнун фалсафа ё ҳикмати худӣ, ки кашфи тафаккури Иқбол аст, ба дарди ҳама мардумон ва кишварҳое мехӯрад, ки нисбат ба сарнавишти худашон бетафовут нестанд. Дар замоне, ки таҳоҷуми андеша ва ғояҳои бузургманишии кишварҳои абарқудрат ба давлатҳои рӯ ба тараққӣ бесобиқа аст, беҳтарин роҳ – дар ҳимояти худ устувор будан, андешаи рушди худиро ба роҳ андохтан, аз таърихи чӣ навъ пешрафт кардани кишварҳои ҳоло ғановатманд истифодаи эҷодкорона кардан, неку бади сиёсати манфиатҷӯёнаи давлатҳоро дуруст шинохтан, зарфияти хазонаи илму адаб ва фарҳанги гузаштагонро ба эътибор гирифтан ва дар мавориди зарурӣ аз онҳо мустафид шудан, худшинос будан ва дар масъалаи рушди оянда ҳувияти миллиро дар ҷойи аввал гузоштан, миллатро мусаллаҳ кардан бо донишу фаҳму дарки маърифати дунёи муосир ва аз ҳама муҳим – ба сатҳи баланди худогоҳии иҷтимоиву фарҳангӣ расидан ва дар ин замина устувор кардани давлати миллӣ аст.
Ҳамаи ин вазоиф дар меҳвари ду мақулаи муҳимми ҳама илмҳои гуманитарӣ тоб мехӯранд, ки яке миллат асту дигаре давлат.
Ду ғояи бунёдӣ ин кишварро ба шоҳроҳи тараққӣ ва истиқлоли воқеӣ бурд: яке таъсиси давлати ягонаи миллӣ ва дигаре – андаруни он ба роҳ мондани ваҳдати сартосарии мардум. Сарони ҳушманди ин кишвар тӯли ду қарн ҳамеша дар андешаи шаклҳои мувофиқи давлатдорӣ шуданд ва давлати миллии худро аввал ба тарзи давлати иҷтимоӣ ва ахиран ба шакли кишвари беҳбуди умум расониданд.
Баъди истило ва бедодиҳои Ҷопон дар Куриё нишоне аз давлати воҳид дар ин нимҷазира намонд: аммо куриёиҳо ба ҷаҳониён собит карданд, ки агар миллат худшиносу босаводу масъул ба тақдири худаш бошад, сохтани кишвари мутамаддин кори саҳл аст, муҳим иродаву суботу амнияти дохилист ва ҳам иттиҳод барои рушди ҳамагонӣ.
Имрӯз Куриёи Ҷанубӣ шашумин иқтисоди ҷаҳон аст, ҳол он ки на канданиҳои фоиданок дорад ва на сарватҳои дигари зеризаминӣ… Аз намунаҳои технологияҳои ин кишвар ҳатто Амрикову Аврупо манфиат мебинанд ва фармоишот барои истеҳсол медиҳанд… Ин навъ мисолҳоро аз таърихи начандон дури кишварҳои Малайзия, Сингапур, Индонезия ва ғайра метавон овард.
Асл ё дарунмояи мақолаи (дақиқтараш рисолаи) профессори сиёсатшинос, узви вобас­таи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов «Эҳёи миллат – бақои давлат» ҳам ҳамин аст, ки бидуни миллати худогоҳ наметавон давлати устуворшакли миллӣ сохт ва миллате, ки ҷаҳонбинии пешрав надорад, наметавонад давлатро ҳамчунин мустаҳкам нигаҳ дорад.
Рисолаи профессор С. Ятимов низ унвони басо баланд «Эҳёи миллат – бақои давлат»-ро дорад, ки муҳтавои он бо андешаҳои марбут ба ин ду мақулаи фалсафӣ асоснок шудаанд.
Сабки таълифоти профессор С.Ятимов аз аввалин нигоштаҳояшон чунин буду ҳаст: ниҳоят сода, аммо самимӣ, бидуни душворӣ овардан ба фаҳми хонанда, аммо таҳрикбахш барои андеша.
Ҳамин тавр, ин олими соҳибном ба чанд масъалаи бунёдии зеҳният – давлат ва масъалаҳои ҷаҳонбинӣ, дарки воқеии манфиат, эътимоднокии субот дар заминаи таъкиди масъалаи асосӣ – таносуби миллат ва давлат изҳори назар карда, дар охир барои собит кардани гуфтаҳо ва шояд он чизҳое, ки дар пасманзари он гуфтаҳо ба зеҳни хонанда меояд, даврони Ренессонс ё Эҳёи Аврупо (асрҳои 14-16)-ро мисол овардааст. Ин давраи рушди бесобиқаи Аврупоро бо давраи эҳёи миллии тоҷикон (замони Истиқлол) ба қиёс гирифта, пасон хулосаҳои муҳим баровардааст. Ин навъи ибрози андеша хоси андешамандони даврони маорифпарварии Аврупост, ки ин ё он мақула ва ё масъалаи бисёр муҳим барои ҷамъиятро бо мисолу намунаҳо аз таърихи кишварҳои гуногун собит мекарданд.
Намедонам, аз чӣ бошад, ки баъди мутолиаи рисолаи профессор С. Ятимов сухани Гелветсий ба хотир омад, ки хеле нишонрас ба муҳтавои мақолаи мавриди назар ишора мекунад: «Таҷриба, – менависад Гелветсий дар асараш «Дар бораи инсон» – исбот мекунад, ки хислат ва ақли мардумон бо шакли давлатдориашон тағйир меёбад: яъне шаклҳои гуногуни кишвардорӣ ба як ва ҳамон халқ гоҳ хисоли улвӣ (руҳбаландкунанда), гоҳ паст, гоҳе доимӣ, гоҳо тағйирёбанда, гоҳе ҷасурона ва гоҳо беҷуръатона илқо мекунад. Аз ин маълум мешавад, ки одамон бидуни ҳеч гуна тамойилот таваллуд мешаванд, майле ба бадиву накуиҳо надоранд. Онҳо маҳсули тарбия ҳастанд»…
Ин мутафаккир дар масъалаи он ки кадом ниҳод барои саодати умумӣ масъултар аст: давлат ва ё халқе, ки дар қаламрави он зиндагӣ мекунад, масъулияти асосиро ба шонаи давлат вомегузорад. Маҳз давлат ҳамчун сохтор ё воҳиди муҳимми муттаҳидкунандаи ҷамъият муваззаф аст, ки шароити созгор барои зиндагӣ ва тарбияи мардум фароҳам оварад. Дар ин масъала андешаи профессор С. Ятимов фарохтар ба назар мерасад: миллату давлат масъулияти баробар дар пешорӯйи сарнавишт доранд, агар хостаҳо ва ормонҳояшон ба ҳам мувофиқат дошта бошад. Дар Юнонзамини бостонӣ, ҳамчунон ки дар рисолаи мавсуф зиёд зикр мешавад, Софокл ном дромнависи маъруф буд, ки ба ҳамин ғояи зикршуда дар мавриди масъулияти давлату миллат ақидаи махсус дошт. Ба андешаи ин адиб, ҳамон ҷомеаеро метавон ормонӣ гуфт, ки давлату ҷамъияташ дар сатҳи ваҳдати комил бошанд, аммо масъулияти ин кор ба уҳдаи давлат бештар аст, чун зимоми таъйини муносиботи иҷтимоӣ ва адолати онҳо дар ихтиёри ӯст.
Таваҷҷуҳи профессор С. Ятимов ба даврони Эҳёи Аврупо ва хатти қиёс кашиданашон ба замони эҳёи миллии тоҷикон дар даврони Истиқлол хеле мантиқист: ин замонест, ки гардиши куллиро дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва илмиву фарҳангии Аврупо ба амал овард ва Тоҷикистон низ се даҳсола боз анқариб бо ҳамин роҳу равиши озмудашуда рушд мекунад.
Аз он чӣ, ки бандаи фақир мефаҳмам (чун аз адабиёти ҳамин давра дар таркиби адабиёти ҷаҳон ба шогирдон дарс мегӯям), моҳияти аслии Ренессонс ё Эҳёро (ин истилоҳро Интибоҳ ҳам мегӯянд) муборизаи мафкуравӣ бо ҳама зуҳуроти вомондагӣ дар дин, фалсафа, илм, адабиёту ҳунар ташкил медод. Ходимони сиёсат ва фарҳанги Эҳё намояндагони зиёиёни замони нав буда, бо схоластика, аскетизм, таассубу хурофот ва берун кардани адабиёт аз итоати дин мубориза мекарданд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки маданияти наверо ба вуҷуд оранд, ки ба принсипи инкишофи озодонаи шахсияти инсонӣ, озодшавии ӯ аз таассуби калисо ва дин асос ёбад.
Адибони ин давра ба тараннуми зебоиҳои заминӣ мепардохтанд, ба ҳар падидаву зуҳуроти муҳит назари интиқодӣ доштанд, олами ботинии инсонро кашф кардан мехостанд. Аз ин рӯ, онҳоро адибони гуманист, яъне инсонпарвар меномиданд. Ба таври умум, вижагиҳои асосии адабиёту ҳунари ин давра дар дарки материалистии табиат, мубориза бо анъанаҳои пасмондаи замони куҳан дар адабиёту фарҳанг, омӯзиши анъанаҳои адабии даврони антиқа, ки озодандешӣ моҳияти онҳоро ташкил медод, истифодаи васеи образҳо ва сужаҳои осори адибони Юнону Рими қадим, муроҷиат ба эҷодиёти шифоҳии мардумӣ ва аз онҳо истиқбол кардани арзишҳое, аз қабили адолату баробарӣ ва озодӣ, бозсозии мактабу маориф, системаи нави тарбия, ҳамоҳангии тарбияи ҷисмонӣ ва ақлӣ бо тарбияи эстетикӣ (рисолаи Леонардо Бруни – «Оид ба тарбияи наврасон»), пайдоиши мактабҳои нави гуманистӣ (таълиму тадрис аз рӯйи шавқу рағбат – мактаби Витторино да Фелтре дар Мантуя, соли 1425), ислоҳоти мактаби олӣ (танҳо дар Италия дар асри XIII – 9 университет таъсис ёфта буд), дар навбати аввал ба роҳ мондани тадриси илмҳои ҳуқуқ, тиб, улуми таҷриботӣ, адабиёт ва фарҳанг, таҷдиди назар ба масъалаи зан, ҳуқуқи ӯ ва мавқеаш дар оила ва ҷомеа равона шуда буд. Айнан ҳамин миқдор ибтикороте, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон бо каме ҳамоҳангиҳо ба замони нав ва тақозои рушди кишвар ва инчунин, мафкураву пиндорҳои таърихӣ ва руҳиву равонии мардуми тоҷик амалӣ карда мешавад. Ин андеша дар қисми хулосаи рисолаи профессор С.Ятимов хеле муҷаз ва бо далелҳои қавӣ баён шудааст.
Ҳафиз РАҲМОН,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон