РУКНИ СОЗАНДАИ ҶОМЕА

Забон таҷассумгари ҳастии миллат буда, барои ҳар як фарди ватандору соҳибзабон азизу муқаддас аст. Фарзандони баруманди тоҷик бо ин забон осори пурарзиш офарида, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд.
Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Ҳурмати забон, ҳурмати Модар ва ҳурмати Ватан ифтихори давлатдории мост».
Бо ба даст овардани истиқлолият ва ҳамчун забони давлатӣ эълон гардидани забони тоҷикӣ масъалаи забон аҳамияти хоса пайдо намуд. Имрӯз забони модарии мо мавриди пуштибониву ғамхории ҳаматарафаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст.
Воқеан, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи Қонуни забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Зимни суханрониҳои хеш оид ба мақому манзалати забони тоҷикӣ ва рушду такомул бахшидани он ақидаҳои худро иброз намуда, ҳамеша таъкид месозанд, ки худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ аз муҳаббат ба забони модарӣ шуруъ мешавад. Маҳз бо ташаббусу дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат чанд сол мешавад, ки забони тоҷикӣ аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо медиҳад ва дар музокироти байнидавлатӣ истифода мешавад.
Зиёиёни кишвар, донишмандону олимон ва шоирону нависандагон бо талошҳои зиёди худ эҳтироми забони тоҷикиро пос дошта, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ба муассиру пуробуранг гардидани он мусоидат менамоянд. Забони тоҷикӣ забони қадимтарини аҳди бостон аст, ки бо заҳмату талошҳои бузургони илму адаб то замони мо омада расидааст. Пас, мо-омӯзгоронро лозим меояд, ки ба забони модарии хеш эҳтиром ва ҳифз намоем, онро ба насли наврасу ҷавони кишвар хубтару беҳтар омӯзонем.
Имрӯз мо шукргузор аз он ҳастем, ки забони тоҷикӣ рӯз то рӯз рушд намуда истода, садҳо вожаи нав ба таркиби луғавии забони мо ворид мешаванд.
Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» аз ҷомеътарин асарҳои илмӣ дар соҳаи таърихи забони тоҷикӣ буда, муаллифи он – Пешвои муҳтарами миллати мо афкору андешаҳои гуногуни донишмандони гузаштаву имрӯзро вобаста ба рушду инкишофи забони тоҷикӣ дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ хулосаву ҷамъбаст намудаанд.
Забон, бешубҳа, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози ҳар миллат, муаррификунандаи давлат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад. Чунки забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тӯли асрҳо такмилу сайқал ёфта, монеаҳои зиёдро гузашта, ҳамчун мерос ба наслҳои имрӯзу фардо омада расидааст.
Хушбахтона, миллати мо тавонист, ки ин рукни асосии ҷомеаю давлатро дар радифи дигар ёдгориҳои маънавии ниёгонамон ҳифз намуда, фарзандони донишманд ва адибони номвари он бо ин забон асарҳои мондагор эҷод намоянд
Манижаи ҚУВВАТЗОДА,
омӯзгори коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар