Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб аз соли 1961 инҷониб фаъолият дорад. Бояд қайд кард, ки ба ин боргоҳи маърифат бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакони ятиму бепарастор қабул карда мешаванд. Айни ҳол дар муассисаи мазкур 164 нафар тарбиятгиранда аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба таълиму тарбияи шогирдон 20 нафар омӯзгору 17 нафар мураббии соҳибмаълумот машғул ҳастанд, ки 37 нафарашон дорои маълумоти олӣ мебошанд. Мактаб – интернат дорои 3 бинои асосӣ, маҷлисгоҳ, ошхона барои 164 нафар хонанда, ҳаммом, майдончаи варзишӣ ва барои 230 нафар хонанда ҷойи хоб ва дар тамоми синфхонаву утоқҳои хобгоҳ шароити беҳтарин барои таҳсилу истироҳати хонандагон муҳайё гардидааст. Айни ҳол дар хобгоҳ 164 нафар тарбиятгиранда истиқомат доранд, ки аз онҳо 20 нафарашон духтарон мебошанд. Саҳни ҳавливу роҳравҳо, гулгашту синфхонаҳо пур аз гулу гулбуттаҳо, яке аз дигаре хушрангу зебо аст. Дар муассисаи мазкур тарбиятгирандагон, ҳамчунин, имкон доранд, ки технологияи компютерӣ ва забонҳои хориҷиро дар сатҳи зарурӣ аз худ намуда, аз озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ ба таври васеъ истифода намоянд. Дар мактаб-интернат барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия тамоми шароитҳои лозима муҳайё карда шудаанд. Дар мактаб – интернат кабинети таълимии фанҳои физика, химия, математика, забони англисӣ, технологияи иттилоотӣ, забони модарӣ ва таърих бо тахтаи электронӣ, видеопроекторҳо, компютерҳо ва дигар васоити аёние, ки барои баланд гардидани сифати таҳсил мусоидат мекунанд, муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳамчунин, барои дарстайёркунии тарбиятгирандагон 14 синфхона омода аст. Кабинети технологияи иттилоотӣ дорои 32 адад компютер, принтер ва тахтаи электронӣ буда, ба шабакаи доимии интернет пайваст мебошад. Фонди захиравии адабиёти бадеӣ дар китобхонаи мактаб-интернат ба 7 ҳазор нусха мерасад. Тамоми намуди китобҳои дарсӣ барои хонандагон ба тариқи ройгон дастрас мебошанд.
Раванди таълиму тарбия дар мактаб-интернат аз рӯйи равияи умумӣ ҷараён мегирад. Гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот назорати таълиму тарбияро беҳтару хубтар ба роҳ монда, сол то сол ба нишондиҳандаҳои назарраси таълимӣ ноил гардиданд. Аз мушоҳидаҳо ва ҷамъбасти чоряки якуми соли таҳсили 2023-2024 бармеояд, ки донишандӯзии тарбиятгирандагон беҳтар гардида, сифати таълим бамаротиб баланд гардидааст. Ин шаҳодати он аст, ки шогирдони мактаб – интернати мазкур дорои донишҳои хуби техникиву технологӣ мебошанд.
Тавре директори мактаб-интернат С. Файзализода иброз медорад: «Соли хониши 2022-2023 28 нафар шогирди мактаб-интернат дар озмунҳои фаннӣ дар шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ ширкат варзида, соҳиби 3 медали бриниҷӣ ва 2 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар мактаб-интернат корҳои тарбиявӣ ва маҳфилҳои «Ихтироъкорони ҷавон», «Химия», «Физика», «Забони хориҷӣ», «Касбу ҳунар» ва «Ҳаваскорони бадеӣ» хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Кори хубу заҳматталабонаи омӯзгорони мактаб-интернат Шуҳрат Мӯсоев, Ҳалима Юнусова, Тӯрахон Сулаймонов ва Сорбон Саидов лоиқи дастгирист, ки барои беҳтар гардидани сифати таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳамеша онҳо дар таҳти ғамхориву навозиши доимӣ қарор дошта бошанд.
Соли хониши 2022-2023 бо маблағи 150 ҳазор сомонӣ (аз ҳисоби захираҳои дохилӣ) толори фарҳангӣ таъмиру азнавсозӣ карда шуд. Барои харидорӣ намудани воситаҳои нави техникӣ, таҷҳизоти лабораторӣ ва реактивҳои химиявӣ 11 ҳазор сомонӣ сарф гардид. Бо маблағҳои худӣ ду бинои ёрирасони муассиса аз нав таъмир карда шуд».
Дар идома сарвари муассиса С. Файзализода иброз дошт, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ, директори корхонаи ҶДММ «Муҳаммад-А» дар Рӯзи дониш ба 164 нафар тарбиятгирандаи мактаб-интернат сару либоси мактабӣ туҳфа карда шуд. Боиси нигаронист, ки барои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассиса, мушкилоту проблемаҳои ҳалталабе ҳастанд, ки садди роҳи беҳбудии таълиму тарбия мешаванд. Нарасидани омӯзгорони соҳибкасб, китобҳои дарсӣ ва бадеӣ таъмирталаб будани бинои маъмурии муассиса, таъмирталаб будани толори варзишӣ, кӯҳнаву фарсуда шудани асбобу анҷоми озмоишгоҳҳои фанҳои химия, биология ва физика. Аз ҳама муҳимаш, ба майдончаи варзишӣ ва толори варзишӣ ниёз доштани хонандагон, надоштани либоси ҳарбӣ барои гузаронидани дарсҳои омодагии дифоӣ мебошад. Ҳамчунин, қайд кардан ба маврид аст, ки хобгоҳи тарбиятгирандагон ва маҷлисгоҳ таъмирталаб буда, аз ҳисоби сметаи хароҷотии мактаб-интернат маблағ кифоягӣ намекунад.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
