ДӮСТИРО ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ МО

Сулҳу ваҳдат ва дӯстиву рафоқат вожаҳоеанд, ки дар ҳаёт арзиши баланд ва муҳим доранд. Зеро онҳо беҳтарин дастоварди кишвари мо ба ҳисоб мераванд ва мо ҳар лаҳза аз самараи ин неъматҳои бебаҳо баҳравар мегардем. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари сулҳҷӯю сулҳофар муаррифӣ гардидааст, ки ин бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот дорад. Маҳз самари сулҳу ваҳдат ва дӯстиву рафоқати аҳли ҷомеа аст, ки дар ҷумҳурӣ раванди бунёдкориҳо равнақи тоза пайдо карда, дар тамоми манотиқи мамлакат иншооти зиёди таъйиноташ гуногун сохта ба истифода дода мешаванд. Ба ин маънӣ, симои Тоҷикистон сол то сол ба таври назаррас дигаргун мегардад. Аз ҷумла, тармиму таҷдиди роҳҳо, кандани нақбҳо ва сохтмони неругоҳҳои бузург Тоҷикистонро ба марҳалаи нави рушду пешрафт ворид кардааст. Бо бунёди роҳҳо имрӯз рафтуомади мардум дар тамоми фаслҳои сол ба гӯшаву канори мамлакат таъмин гардид, ки ин, аз як тараф, омили пешрафти иқтисодиёт шавад, аз ҷониби дигар, ба дӯстиву рафоқат ва ҳамбастагии мардум мусоидат менамояд. Дар баробари ин, дар заминаи дӯстиву рафоқат Тоҷикистон бо аксар кишварҳои ҷаҳон равобити ҳамкорӣ ва дипломатӣ ба роҳ мондааст, ки ин раванд мамлакати моро ҳамчун пешгоми сиёсати дарҳои боз дар ҷаҳон муаррифӣ кардааст…
Мо, хонандагон, самараи сулҳу ваҳдат ва дӯстиву ҳамбастагиро хуб эҳсос мекунем, зеро шароити мусоиди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ муҳайё буда, таълимгоҳҳо бо техникаву технологияи замонавӣ таъминанд. Ин омилро метавон дар мисоли муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и ноҳияи Фирдавсӣ низ тасдиқ намуд. Дар муассисаи зикршуда устодону омӯзгорони ботаҷрибаву навовар ба таълиму тадрис машғуланд ва дарсҳоро рангину ҷолиб мегузаронанд. Дар раванди дарсҳо онҳо аз васоити аёнии таълимӣ самаранок истифода мекунанд. Ҳамин аст, ки хонандагон бо тайёрии амиқу ҳаматарафа ба дарс ҳозир мегарданд. Дар дарсҳои тарбиявӣ мунтазам доир ба мавзуъҳои сулҳу ваҳдат, дӯстиву рафоқат, одобу ахлоқи ҳамида суҳбатҳо гузаронда мешаванд. Ҳар гоҳе ки фориғ аз дарс ба берун мебарояму шаҳрро тамошо мекунам, аз фазои сулҳу субот, дӯстиву рафоқати аҳли ҷомеа ва ободкориҳои бавусъати шаҳр хушҳол мегардам ва мушоҳида мекунам, ки рӯз ба рӯз симои пойтахти азизамон дигаргун мегардад. Муносибати толибилмон дар доираи одобу ахлоқи ҳамида ва дӯстиву рафоқат ҷараён мегирад. Аз ин ҷост, ки дастовардҳои муассисаи мо дар озмуну олимпидаҳо назаррас мебошанд. Роҳбарияти муассиса низ хонандагони фаъолу донишмандро ҳамеша дастгирӣ менамоянд. Албатта, ин ҳама шароит ва дастовардҳо аз баракати сулҳу субот аст.
Дӯстиву рафоқат ва ҳамбастагии хонандагон бештар дар раванди дарсҳо ба мушоҳида мерасад, ки аз фаъолияти пурсамари омӯзгорон шаҳодат медиҳад. Мо, хонандагон, кӯшиш менамоем, ки аз шароити мусоиди таълим самаранок истифода намуда, донишу ҷаҳонбинии хешро тақвият бахшем ва дар рушду пешрафти кишвари азизамон саҳми муносиб гузорем. Ба пешрафту дастовардҳо ҳамон вақт дастёб мегардем, ки ҳамбаста бошем ва ин байти таконбахши шоири номвар Мирзо Турсунзодаро ҳамеша дар меҳвари фаъолияти хеш қарор бидиҳем:
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.
Ойша ИЛҲОМЗОДА,
хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и ноҳияи Фирдавсӣ