ДАРСИ ШУҶОАТУ МАРДОНАГӢ

Агар дар пушти дари синфхона гӯш ба қимор бошед, гумон мекунед, ки ягон филми ҳунариеро ба хонандагон намоиш медиҳанд. Садоҳои гуногун ва суханони ифоданоки пуртаъсир диққати шуморо ҷалб карда, беихтиёр дарро оҳиста нимроғ мекунеду бесадо пайкаратонро ба дарун мегиред. Аз бисту шаш нафар хонандаи синфхона ягон нафар ҳам инро пайхас намекунад, чашму гӯшу ҳушу ёди ҳамаро пешгоҳи синф чун оҳанрабо ҷалб карда буд.
Пешгоҳи синф саҳна буду омӯзгор актёру талабагон тамошогар. Касе садо намебаровард. Бо тамоми ҳастӣ ба ҳунарнамоии муаллим волаву шайдову асир шуда буданд. Шумо низ моту мабҳути саҳнаороиву нақшофарии муаллим мегардед ва мепиндоред, ки актёри ҳирфаӣ ҳунарнамоӣ мекунад.
Ҷавонписар борхалта дар кифт назди модар меояду хости дуо мешавад. Садояш қатъӣ, бурро, мутантан ва шево аст:
Модарам, меравам аз пеши ту ман
Ба дифои шарафу шаъни Ватан.
Сабаби рафтанашро бо оҳанге ифода мекунад, ки ягон саволи чуну чаро пайдо намешавад:
Меравам, то ки зиреҳ пӯшам ман,
Дар раҳи фатҳу зафар кӯшам ман.
Чун вожаи «чаман»-ро ба забон меорад, дилаш саршор аз меҳру муҳаббат асту чашмонаш шарар мепошанд, вале дар гуфтани ҳарфҳои «зоғу заған» садояш аз ғазаб меларзад:
Хабар омад, ки ба тороҷи чаман
Боз карда пари худ зоғу заған.
Ҷавон хашму ғазабашро пинҳон намекунад, лаҳни гуфтораш ва ҳаракати рӯю чашмону абрӯвонаш, умуман, рафтораш, хашину баландтару часпонтар мегарданд:
Модарам, дар сари хашму ғазабам,
Бо сари гарму тани ғарқи табам.
Мепарам сӯи фазо мисли уқоб,
То кунам зоғи сияҳро дарёб…
Хонандагон дар симои омӯзгор ҷанговари шуҷову нерумандро мебинанд, ки руҳи шикастнопазир дорад. Ровии мумтоз аст муаллим, сухангӯи соҳиру моҳир аст ӯ. Вақте ин байтро мегӯяд, пайкаратонро як ҳиссиёти аҷибе фаро мегирад, ангор хонандагон ҳам ғарқи дарёи эҳсосот шуданд:
Сангаму оҳанаму пӯлодам,
Сипари мамлакати озодам!
Савти сухани омӯзгор дигар шуд, маҳину нарму шевотар гардид:
Модар аз чеҳраи гулгуни писар
Нарм бӯсиду гирифташ дар бар.
Модар даст ба дуо бардошт. Мутмаин аст, ки ҷигарбанди далеру паҳлавонаш ҳатман зафарманд мешавад. Дуояш бо лаҳни саҳеҳу мутантану муассир садо медод, ки хеле таъсирбахшу ҷолиб буд:
Гуфт: «Рав ҷанги далерона бикун,
Ҷанг бо лашкари бегона бикун.
Модар ҳангоми дуо таъкид мекунад, ки фарзанд дар назди падару модар ва Ватан қарздор аст, бояд сазовори номи баланди фарзанди содиқ шавад. Омӯзгор-актёри моҳир байти охирро чунон зебову шевову бурро талаффуз кард, ки пас аз чанд лаҳза, гӯё мардум дар хоб буданд, ки бедор шуда, ба қарсакзанӣ даромаданд:
Бош фарзанди сазовори падар,
Лоиқи ин Ватан, ин хонаву дар!»
Пас аз дарс хонандагон ҳамин дарси шавқовари устоди худро бо номи «Дуои модар» дар иҷрои ду нафар-писар ва модар борҳо дар назди мактабиён ва падару модарон ба намоиш гузоштанд.
Шоири бузургамон Мирзо Турсунзода мегӯяд:
Шеър ҳам бояд занад фавворае,
Аз танӯри дил чу оташпорае,
Сар занад аз дил, ба дил коре кунад,
Нармтар сангин дили ёре кунад.
Шеър ё худ дуои модар ҳамон вақт пуртаъсиру ҷаззоб мешавад, ки аз ҷониби актёр, наттоқ ё худ ровии моҳир дар мавридаш бо имову ишора ва ҳаракатҳои ҷолиб қироат карда шавад.
Сухани зиёд ҳарзаву ёвагӯист. Натиҷаи дарси муаллим-ҳунарманди мумтози мо ҳамин шуд, ки дар деҳаи мо сафи ҷавонписарони ихтиёрӣ ба хидмати Модар-Ватан мерафта, бе муҳобот, афзуд.
Ҳаким АЛӢ,
деҳаи Ғуриёт,
шаҳри Ҳисор