(Андешаҳои иштирокдорони Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат»)
Аз 24 то 28 ноябри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» оинаи таърихи миллат» (ба ифтихори 115 – солагии академик, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров) баргузор гардид.
Воқеан, асари «Тоҷикон»и аллома Бобоҷон Ғафуров дар эҳёи ном ва қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи тоҷик, собитсозии қадимӣ будани ин миллати мутамаддин саҳми бориз дорад. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ «Чеҳраҳои мондагор» дар бораи қимати ин китоб зикр намудаанд: «Тоҷикон», воқеан, шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст».
Ниҳоят, озмун баъд аз маросими ифтитоҳӣ – суханронии муовини Сарвазири кишвар, раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмун Матлубахон Сатториён ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода шуруъ гардид ва довталабон тибқи Низомнома ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, донишу маҳорат ва малакаи худро нишон доданд. Доир ба баргузорӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ташкили ин чорабинии муҳимми ҷумҳуриявӣ бо чанд нафар иштирокдори озмун ҳамсуҳбат шудем.
Бибимарзияи Фирдавсӣ, хонандаи синфи 11и МТМУ №15и ноҳияи Файзобод:
– Тибқи қуръапартоӣ дар гурӯҳи якум – хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ озмун аз ман шуруъ гардид. Кӯшидам, ки ба саволҳои додашуда вобаста ба донишу малакаам ҷавобҳои мушаххас бидиҳам. Ба шаффофияти озмун бовар дорам. Аз устодам, омӯзгори таърихи мактабамон Раҳмоналӣ Саидов, ки ҳамеша дар омӯхтани асарҳои таърихӣ, бахусус, «Тоҷикон» маро раҳнамоӣ карданд, сипосгузорам. Албатта, озмун озмун аст ва танҳо иштирок кардан дар даври ниҳоӣ, ба фикрам, худ як навъ ғолибият мебошад.
Умеда Алимова, омӯзгори забони давлатии гимназия – парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ:
– Иштирок дар чунин озмуни сатҳи баланд бароям ифтихор аст, зеро муассисаи таълимии мо номи абармарди илми тоҷик, аллома Б. Ғафуровро дорад. Таҷрибаи хуби ширкат кардан дар озмунро дорам, зеро дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» низ иштирок намудам ва ҷойи сеюм насибам гардид. Ҳакамон ба ҷавобҳои мушаххаси ман дар озмуни ««Тоҷикон» оинаи таърихи миллат» холи муносиб гузоштанд.
Маъқула Ҳакимова, 83 – сола, сокини деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ:
– Дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаам. Падарам котиби ҷамоат буданд. Ман аз хурдӣ китобхон будам. Асарҳои устодон С. Айнӣ, С. Улуғзода, М. Турсунзода, Ҷ. Икромӣ ва ғайраро такроран хондаам. Набераам Шерафкан, ки донишҷӯ буд, соли гузашта хабар дод, ки озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба китоби «Тоҷикон» баргузор мешавад. Дар дилам шавқи китобхонӣ боз ҳам ҷӯш заду то имрӯз ин шоҳасарро ду маротибаи дигар хондам. Ҳоло Шерафкан пас аз хатми мактаби олӣ дар сафи артиш хизмат менамояд. Вай занг зада гуфт, ки минбаъд мисли ман дар чунин озмунҳои сатҳи баланд иштирок мекунад. Умуман, чунин озмунҳо барои тарбияи ватандӯстии ҷавонон хеле муфид аст. Ба ташкилкунандагони озмун ташаккур мегӯям.
Хонандаи синфи 11и МТМУ №17и шаҳри Ваҳдат Муҳиба Абдуллоева иброз дошт, ки баргузории ин озмун барои мо, насли наврас, манфиатовар аст, зеро тавассути асари оламшумули «Тоҷикон» аз гузаштаи авлоду аҷдоди худ бештар бохабар мегардем. Муҳиба, пеш аз ҳама, аз устодони мактабиаш Абдулло Тағойзода (омӯзгори таърих), М. Одинаев, М. Назарбекова ва Т. Сафаров миннатдор аст, ки барои то ба сатҳи ниҳоии озмун роҳ ёфтанаш заҳмати зиёд кашидаанд.
Омӯзгори таърих ва ҳуқуқи МТМУ №21и ноҳияи Ванҷ Мирҷон Мирҷонов, ки собиқаи кории 46сола дорад, аз он изҳори хурсандӣ намуд, ки шогирдаш – хонандаи синфи 11 Робияи Исмоилзода ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфту акнун донишу малакаашро дар назди ҳакамони озмун месанҷад. М. Мирҷонов аз чунин ташаббусҳои ғамхоронаи Пешвои миллат изҳори сипос намуда, гуфт, ки маҳз ҳамин сабқат сабаб гардид, ки шогирди ӯ аз як деҳаи хеле дури кӯҳистон ба пойтахт омада, дониши худро муаррифӣ намояд.
Ҳасани Назар пас аз хатми факултети фалсафа (ихтисоси сиёсатшиносӣ)–и ДМТ ба сафи Артиши миллӣ рафта, айни замон дар қисми ҳарбии 13483и ноҳияи Данғара хидмати Модар – Ватанро ба ҷо меорад. Ҳасан гуфт, аз хурдӣ ба мутолиа шавқ дорад ва эълони озмунро шунида, ба омӯзиши шоҳасари «Тоҷикон» пардохт. Ба таъкиди ӯ, омӯхтани таърих қарзи ҳар як сокини кишвар аст. Мутолиаи ин асар ҷавононро барои боз ҳам дӯст доштану ҳимоя кардани марзу буми Меҳан ҳидоят мекунад.
– Барои баргузории озмун дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамаи шароит муҳайёст, иброз дошт довталаби озмун, хонандаи синфи 10и гимназияи рақами 2и шаҳри Истаравшан Мирбайзо Иброгимов. – Се сол боз дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкат меварзам. Имсол бо ин мақсад бештар аз чорсад асар мутолиа намудам. Ду маротибаи дигар дар олимпиадаҳои фанни таърих, ки дар шаҳри Ҳисор баргузор шуда буд, иштирок карда, соҳиби ҷойи сеюм гардидам. Ду маротибаи дигар дар озмуни фанни таърих дар шаҳри Душанбе донишамро санҷидам ва ҷойи ифтихорӣ насибам шуд. Дар даври вилоятии озмуни ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ғолиб омада, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтам. Ғайр аз ҷавоб ёфтан ба 1092 саволе, ки тавсия дода шудааст, барои пурра кардани дониши андӯхтаам боз дигар сарчашмаҳои таърихӣ, аз ҷумла, асарҳои Усмонҷон Ғаффоров – «Равшангари таърих», «Алломаи замон», «Марди накуном», Ш. Ҳамдампур – «Ғафуров дар суҳбат бо Сталин»ро низ мутолиа намудаам. Дар ин самт омӯзгори таърих Акмалҷон Аҳроров ба ман кумак карданд. Умуман, мо, насли ҷавон, дар замони авзои сиёсии ноороми ҷаҳони муосир бояд аз гузаштаи худ бохабар бошем ва таърихро донем. Мехоҳам дар оянда сиёсатшинос шавам. Барои ин омӯхтани асарҳое чун «Тоҷикон» ва қувва озмудан дар ин гуна сабқатҳо имконияти фаровон медиҳанд, ки соҳибтахассус гардем.
Суханвари Маҳмудзода, омӯзгори таърихи гимназияи №2, барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 9 Исомиддин Собировро барои ширкат варзидан дар озмун ҳанӯз аз моҳи феврал то инҷониб тайёр намудааст. С. Маҳмудзода бовар дорад, ки шогирдаш саводи хуб дорад ва ғолиб меояд, зеро танҳо ӯ ҳамчун довталаби ягона аз ноҳияи Шоҳмансур ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтааст.
Бино ба гуфти директори МТМУ №44и ноҳияи Варзоб Муҳибулло Воҳидов ва омӯзгори таърих Меҳрубон Ҳакимова, ки барои иштирок дар озмун хонандаи синфи 10 Марям Баротоваро ҳамроҳӣ мекунанд, бар он назаранд, ки ташкили ин гуна озмунҳо танҳо ба фоидаи кор аст, зеро насли наврас, ҷавонон, умуман, ҳар як сокини мамлакат гузаштаи ниёгони хешро омӯхта, аз таърихи пурғановати миллати худ огаҳӣ пайдо менамоянд. Марям,мегӯяд М. Воҳидов, аз зумраи шогирдони фаъоли мактаб аст. Ӯ соли гузашта дар олимпиадаи минтақавӣ аз фанни таърих ширкат варзида, соҳиби медали тилло гардид. Имсол дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуда, соҳиби ҷойи ифтихорӣ шуд. Акнун дар озмуни вобаста ба китоби «Тоҷикон» ширкат менамояд, ки ба ғолибияташ бовар дорем.
Хонандаи синфи 11и МТМУ №2и шаҳри Хоруғ Лаълбегим Ниёзмамадова гуфт, ки вай ҳанӯз ҳангоми дар синфи шашум таҳсил карданаш дар озмуну олимпиадаҳо иштирок менамуд. Соли гузашта дар озмуни «Таърихи кишваршиносӣ», ки дар шаҳри Душанбе барпо гардида буд, ширкат дошт ва ҷойи аввалро соҳиб гардид. Ба гуфти худи Лаълбегим, ҳарчанд китоби «Тоҷикон»ро ба таври пурра мутолиа карда, ҳамчун китобхони фаъоли китобхонаи мактабӣ ва вилоятӣ асарҳои зиёди дигареро низ хондааст, вале ба ақидаи ӯ, дар озмуни ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» каме худро гум кард. Ҳаяҷон дошт, баъзе саволҳо мушкил буданд.
Боиси хушнудист, ки калонсолони дорои касбу кори гуногун низ дар озмун ширкати фаъолона намуданд. Мадамин Абдулҳамидов 51 сол собиқаи омӯзгорӣ дошта, ҳоло ҳам дар МТМУ №16и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба синфҳои ибтидоӣ дарс мегӯяд. Номбурда иброз дошт, ки сӣ сол пеш китоби «Тоҷикон»ро ду маротиба мутолиа карда буд. Пас аз эълони озмун шавқи иштирок кардан дар он боло гирифт ва акнун мехоҳад, ки ба дониш ва малакаи ӯ ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ намоянд.
Маҳмадшоҳ Мирзоев омӯзгори забони русист. Ӯ пас аз хатми факултети забони русии Донишгоҳи давлатии шаҳри Куйбишеви Федератсияи Россия дар МТМУ №7и ноҳияи Сангвор 26 сол боз аз ин фан ба шогирдон дарс мегӯяд. Аз соли аввали эълони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар он иштироки фаъолона дошта, ҳар дафъа соҳиби ҷойи ифтихорӣ мегардад. Акнун дар озмуни ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ҳамроҳи ду набера ва як нафар шогирдаш, ки донишҷӯст, ҳамчун довталаб ширкат меварзанд. М. Мирзоев, новобаста ба ғолиб омадан ва ё наомаданаш дар ин озмун азм дорад, ки дар сабқатҳои оянда низ иштирок намояд.
Узви комиссияи апеллятсионӣ, узви вобастаи АМИТ Ҳайдаршо Пирумшоев иброз дошт, ки озмун бидуни тақаллуб сурат гирифт. Он довталабоне, ки ба комиссияи апеллятсионӣ ариза навишта, нисбат ба ҳакамон нобоварӣ карданд, дар натиҷаи дида баромадани наворҳо ба таври такрорӣ ба хатои худ иқрор гардиданд. Натиҷаи ҷавоби ҳар як дов талаб тавассути наворҳо сабт гардида, дар ҳолати нобоварӣ ба ҳайати ҳакамон аз тарафи ҳайати комиссияи апеллятсионӣ ҳамин гуна баррасӣ мегарданд. Ин нуктаро дигар узви ин комиссия Ғайратшо Азаматзода, дотсенти ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ низ тасдиқ намуд.
Раиси ҳайати ҳакамон (гурӯҳи дуюм)и озмун, узви пайвастаи АМИТ Юсуфшо Ёқубов ба он назар аст, ки азбаски ин гуна озмун бори аввал ва бо истифода аз воситаҳои техникӣ сурат мегирад, на ҳама аз тарзи истифодаи он бохабаранд. Ҳайати ҳар ду гурӯҳи ҳакамон кӯшиш ба харҷ доданд, ки озмун шаффоф гузарад. Узви дигари ҳайати ҳакамон, донишманди маъруф Ҳамза Камол ва узви ҳайати ҳакамон, муаррихи шинохта Довудшоҳ Маҳмудов зикр карданд, ки ҳангоми тартиб додани саволҳо хусусиятҳои синнусолӣ низ бояд дар назар дошта мешуданд.
Озмун 28.11.2023 ҷамъбаст шуд. Маросими ҷоизасупорӣ 1-уми декабри соли ҷорӣ дар Театри давлатии академии опе-ра ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барпо мегардад.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»