ТАҚВИЯТБАХШИ ХЕШТАНШИНОСӢ

Давоми 5 рӯз озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо шуру шавқ ҷараён гирифт. Шароиту имконот барои баргузории озмун аз ҷониби мутасаддиён дар сатҳи зарурӣ омода гардида буд. Ҳайати комиссияи озмун бо роҳбарии раиси комиссия, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мат­лу­бахон Сатториён, муовини раиси комиссия, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби комиссия Ҷамшед Ҷӯразода ҳамарӯза бевосита раванди баргузории озмунро назорат мекарданд. Дар ин радиф роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зертобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, масъулини чанде аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва олии касбии шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланд баргузор шудани озмун ҷидду ҷаҳд доранд.
Воқеан, дар шароити авҷ гирифтани муборизаҳои сиёсиву геополитикӣ маҳз арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни гузаштаи худ моро наҷот бахшида, барои эмин мондани афроди миллат аз зуҳуроте, монанди бегонапарастиву хурофотзадагӣ ва ба ояндаи дурахшон раҳнамун сохтани он заминаи қавӣ мегузорад. Аз ин рӯ, ба роҳ мондани озмунҳои адабиву таърихӣ ва илмию фарҳангӣ мантиқи бузург дорад, зеро таъриху адабиёт, аслан, инсонро тарбият мекунад, моро бо гузаштаи худ ошно месозанд ва барои ояндаи дурахшони миллат ҳамчун манбаи худогоҳиву худшиносӣ замина мегузоранд. Агар чунин набуд, «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ ва «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров, ки дар замони нашри худ боиси сензураву нодидагириҳои зимомдорони давр қарор гирифтанд, имрӯз ҳамчун шиносномаи миллати мо эътироф намешуданд. Маҳз ин ду асар барои шинохт ва салобати миллати мо пояи устувор гузошта, ба даҳони онҳое, ки тамаддуни бисёрсола ва дар умум, мавҷудияти миллати тоҷикро инкор мекарданд, муҳри хомӯшӣ зад. Нашри ин ду китоби мондагор, ки дар шароити мураккаби сиёсиву идеологӣ таълиф шудаанд, аз муаллифонашон ҷасорату азхудгузаштагиро тақозо мекард.
Ҳамзамон, бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» роҳандозӣ гардид.
Ба назар мерасад, ки ҳар кадоме аз иштирокдорони озмуни ««Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» аз миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11), ибтидоии касбӣ (синфҳои 9-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ бо тайёрии ҷиддӣ ба даври ҷумҳуриявӣ омадаанд.
Тарзи баргузории озмун ҳам дар муқоиса ба озмунҳои дигар хеле фарқ мекунад. Барои мисол, бори нахуст дар таҷрибаи баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз саволгузории электронӣ истифода мешавад. Бартарии ин усул дар он аст, ки омили инсонӣ дар раванди саволу ҷавоб то 70 дарсад аз байн меравад. Аз 1092 саволи тибқи низомномаи озмун муайянгардида барномаи компютерӣ саволро ба иштирокчӣ пешниҳод мекунад. Дар барномаи компютерӣ зимни ҷобаҷогузории саволҳо таносуби давраҳои таърихӣ (таърихи қадим, қадимтарин, асрҳои миёна, таърихи Тоҷикистони муосир) ба назар гирифта шудааст. Дар маҷмуъ, ба ҳар як иштирокчӣ тавассути компютер 10 савол пешниҳод мешавад. Саволҳои пешниҳодгардида маротибаи дуюм барои иштирокчиёни нав­батӣ такрор намешаванд. Бо пахш кардани тугмаи «Оғоз» аз ҷониби ҳар як иштирокчӣ саволи якум пешниҳод мешавад. Пас аз посух додан ба ҳар як савол ҷамъи холҳои аз 10 саволи пешниҳодкардаи компютер бадастомада дар шоҳидии иштирокдори озмун нишон дода мешавад. Сипас, аз ҷониби ҳайати ҳакамон 3 савол ба таври шифоҳӣ пурсида шуда, вобаста ба сатҳи посухҳои иштирокчӣ хол гузошта мешавад. Варақаи саволҳои шифоҳӣ ва холгузорӣ ба ҷавобҳои иштирокчӣ ба таври алоҳида аз ҷониби ҳайати ҳакамон ҷамъбаст ва пешниҳод мегардад.
Барои фаҳмонидани тарзи кор бо барнома қабл аз оғози озмун бо иштирокчиён ва ҳайати ҳакамон семинари машваратӣ низ доир карда шуд.
Дар заминаи бардошт аз чанд рӯзи озмун мехоҳам чанд андешаи худро пешниҳод намоям:
1. Хуб мешуд, ки озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ба мисли озмунҳои дигари бонуфуз баргузор шавад.
2. Таблиғи озмун ба таври фарогир ба назар намерасад. Аз ин рӯ, шуруъ аз муассисаҳои таълимӣ то сатҳи ноҳияву шаҳрҳо ва вилоятҳо сатҳи таблиғу баргузории озмун беҳтар карда шавад.
3. Аз рӯйи даврабандии илми таърихи ватанӣ ва ё бо дарназардошти синну соли иштирокчиён минбаъд дар озмун номинатсияҳои алоҳида таъсис дода шавад. Чунки қобилияти зеҳнии хонандагони синфҳои поёнии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-9) барои дарку фаҳми тамоми воқеаҳои таърихӣ, ки дар саволҳо пешниҳод мешаванд, шояд кофӣ набошад.
Фаридун РАҲМОНЗОДА,
рӯзноманигор