ШОГИРДОНИ ХУШЗЕҲНРО БА КАМОЛ РАСОНЕМ

Таълиму тарбияи насли наврас аз омӯзгор масъулияти баландро тақозо мекунад. Шиддат гирифтани авзои ҷаҳон дар тарбияи шоистаи насли наврас рисолати омӯзгорро бештар намудааст. Дар чунин ҳолат он ҷомеа ва давлате рушду нумуъ карда, пойдор мемонад, ки наврасону ҷавонони онҳо дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ба камол расида бошанд. Хисороти моддиву маънавии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таъсири манфӣ ба пешрафти кишвар гузошт ва бинобар ин, омӯзгоронро зарур аст, ки дар раванди тадрис ба хонандагон арзишу аҳамияти сулҳу ваҳдат ва хидматҳои мондагори фарзонафарзанди миллат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдрас намоянд. Омӯзгор дар баробари доштани донишҳои ихтисосӣ бояд аз вазъи ҷаҳон хуб огоҳ бошад ва дар ҷараёни дарс ба хонандагон сулҳу субот ва дӯст доштани Ватанро талқин намояд. Ба тарбияи дуруст фаро гирифтан ва аз донишҳои муосир баҳравар гардондани хонандагон имкон фароҳам меорад, ки толибилмон, аз як тараф, дар интихоби касбу ҳунар ба иштибоҳ роҳ надиҳанд, аз ҷониби дигар, донишу ҷаҳонбинии онҳо такмил ёбад ва вазъи буғранҷи ҷаҳонро дарку маърифат намоянд. Ман ҳамчун омӯзгор кӯшиш менамоям, ки хонандагон мавзуъҳои дарсиро ҳамаҷониба аз худ карда, таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллиро хуб донанд. Ба ин маънӣ, ба тарбияи хонандагон аз зинаи аввали таҳсил таваҷҷуҳ бояд кард, ба онҳо муҳиммияти омӯзишро дар рушди ҷаҳонбинӣ ва дарки ҳаводиси замон фаҳмонд ва авлавияти арзишҳои миллиро дар замири онҳо парвариш дод. Барои ин зарур аст, ки мо, омӯзгорон, дар раванди дарсҳо диққати хонандагонро бештар ба ин масъалаҳо ҷалб намоем:.
Якум, дар оғози ҳар дарс нахуст ба хонандагон авзои ҷаҳонро таҳлил намоем ва дар зимн, донистани таъриху фарҳанг ва дӯст доштани Ватанро мунтазам гӯшзад намоем.
Дуюм, дарсҳои тарбиявиро чунон тарҳезӣ бояд кард, ки мавзуъҳои онҳо бевосита ба худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нигаронида шуда бошанд.
Сеюм, вобаста ба синну соли хонандагон пешниҳоди асарҳо доир ба худшиносиву худогоҳӣ, ҷалби онҳо ба омӯзишу мутолиаи бардавоми осори бадеӣ ва азбар намудани ашъори ватандӯстона.
Ин андеша ва пешниҳодотро метавон идома бахшид ва ин омил аз ҳар як омӯзгор маҳорату малака ва лаёқати баландро тақозо мекунад. Дар баробари ин, худи омӯзгор низ бояд донишу ҷаҳонбинии пешрафта дошта бошад, мунтазам асарҳои бадеӣ хонад ва ашъори зиёдро азхуд кунад.
Соли равон бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» роҳандозӣ гардид. Донистани таъриху фарҳанг, анъанаву суннат ва арзишҳои миллӣ, аз як тараф, хотираи таърихии миллиро зинда гардонад, аз ҷониби дигар, дар замони ҷаҳонишавӣ омили асосии худшиносӣ ва ватандӯстии наврасону ҷавонон мегардад. Озмуни мазкур инқилоби маънавиро дар ҷомеа ба вуҷуд овард ва омӯзиши амиқи китоби «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихии мондагор вусъат ёфт. Бо ташаббуси Пешвои миллат китоби «Тоҷикон» чоп ва дастраси ҳар як хонадони кишвар гардид. Сарвари давлат бамаврид таъкид намудаанд: «Мо дар ин ҷода, ба хотири он, ки ҷавонону наврасон ва умуман, шаҳрвандони худро дар руҳияи гиромидошт ва омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбияву раҳнамоӣ кунем, озмуни «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат»-ро эълон намудем. Ҳадафи мо аз иқдоми зикршуда «тагурӯ» кардани таърих нест, балки мо мехоҳем, мардумамон бо суннату анъанаҳои деринаи аҷдодӣ, расму оинҳои ғановатманди миллӣ ва гузаштаи пурифтихори худ бештар ва беҳтар шинос шаванд, решаҳои худро донанду шиносанд ва барои ҳифзу гиромидошти арзишҳои таъриху фарҳанги бостонии хеш масъул ва саҳмгузор бошанд».
Аз ин рӯ, мо – омӯзгоронро зарур аст, ки дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ талоши бештар намоем ва насли созандаву бунёдкору ватандӯстро ба камол расонем.

Фирӯза САЙФИДДИНОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
литсейи №1-и шаҳри Бӯстон