БУҲРОНИ ҶАҲОНБИНӢ ВА ХАТАРИ ХУШКАНДЕШӢ

Тибқи муқаррароти ЮНЕСКО, Рӯзи ҷаҳонии фалсафа панҷшанбеи севуми моҳи ноябри ҳар сол таҷлил мегардад. Нахус­тин маросими бузургдошти Рӯзи ҷаҳонии фалсафа 21 ноябри соли 2002 ба вуқуъ пайвастааст. Дар ин рӯз одатан гузоришу суҳбатҳои файласуфони шинохта мавриди истимоъ ва баррасӣ қарор мегиранд.
Дар доираҳои илмию ихтисосии мо ҳам таҷлили Рӯзи ҷаҳонии фалсафа ба ҳукми анъана даромадааст ва ба ин муносибат ҳамасола Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҳавзаҳои донишгоҳии ҷумҳурӣ чорабиниҳои илмӣ доир менамоянд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, 17 ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси мудирияти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҳузури файласуфони муосири миллию ватанӣ маҳфили ихтисосие баргузор гардид ва сари масъалаи «Алоқамандии фалсафа бо илмҳои дигар» мавриди радду бадали илмию ихтисосӣ қарор гирифт.
Дар анҷоми чорабинӣ академик Кароматулло Олимов таъкид кард, ки ба ҳар сурат, дар Рӯзи ҷаҳонии фалсафа мебоист суолу пурсишоти ҷиддии рӯз, аз ҷумла: Файласуфи воқеӣ кист ва чӣ рисолате дорад? Оё мо файласуф дорем? Критерия ва меъёри файласуф будан чист? Фарқ миёни файласуф ва мутафаккир дар чист? Чаро ба фалсафа ҳанӯз ба илми огоҳӣ ва худшиносӣ дуруст таваҷҷуҳ намешавад? Чаро хушкандешӣ дар ҷомеа тасаллут пайдо кардааст? Чаро мушкилоти фикрию мадании мо решашиносӣ намешаванд ва сари он баҳс карданро раво намебинем? Чаро истиқлоли фикрӣ, руҳи интиқодгарӣ, шаккокӣ, гумонварзӣ, ҷасоратмандӣ ва шеваи интиқодпазирӣ, ки хоси биниши фалсафианд, ба ҷомеаи илмию академӣ бегона шудааст? Чаро бемории риққатбори беҳувиятӣ, бегонашавӣ ва манқуртчигӣ дуруст ташхис намешавад? Чаро ба сарнавишти миллӣ ва буҳронҳои фикрӣ бетафовутем ва ҳаводиси ноҷӯри иҷтимоию мафкуравиро, ки ба манфиати халқу миллат нестанд, ҳамчун тамошобин мушоҳида менамоем ва дар баробари ҳассосиёти замонию маконӣ вокуниши ҷиддии фалсафӣ ва илмӣ намекунем? Чаро аз интиқод ва тафаккури интиқодӣ меҳаросем ва ба бархурдҳои солими фикрӣ одат накардаем? Чаро интиқоди мунсифонаро ба унвони таҳқир мепазирем, худро таҳқиршуда мепиндорем ва алайҳи интиқодгарон мешӯрем?
Ба назари мо, баҳсҳои ҷиддие дар заминаи мушкилоти фикрию ҳувиятӣ ва муҳимтар аз ҳама, буҳрони фалсафӣ аз ҷониби файласуфони фақиди миллӣ, устодон Султон Наврӯзов ва Абдусамад Самиев (равонашон шод ва хотираи некашон гиромӣ бод!) сурат гирифта буд. Ин ду файласуфи муосири миллӣ ба масоили доғи рӯз – буҳрони ҷаҳонбинии фалсафӣ ва нуфузи хушкандешӣ, ки ҷомеа, миллат ва саранҷом давлатро ба гирдоби парокандагию нобудӣ мекашанд, тамаркуз карда, кӯшидаанд, ки аз тариқи нақди фалсафию илмӣ ба мушкилоти муосири миллӣ расидагӣ намоянд ва ҳавзаҳои илмӣ, муҳити донишгоҳӣ ва ҷомеаи маданиро аз вазъи ноҷӯри равонию ҳувиятӣ ва билохира, ҳолоти буҳронӣ огоҳ созанд, то сатҳи буҳрони фалсафӣ коҳиш ёбад ва роҳҳалҳое дар ин замина манзур гардида, мушкилот бартараф шаванд.
Якум. Мардум аз қадимтарин замонҳо барои посух ҷустан ба мушкилот ва муаммоҳои зиндагӣ аз ақлу зеҳн кор гирифтааст ва тавассути сохтмони мағзӣ ба суолоти рӯзгор ҷавоб додаанд. Ба сухани дигар, мардум аз бомдоди зиндагӣ бо фалсафа ва пурсишҳои фалсафӣ ҳамқисмат будааст ва ба истилоҳ, «фалсафидан»-ро меҳвари кори фикрӣ ва ҷисмонии худ қарор додааст. Ҳатто инсонҳои ҷомеаи аввалия (ҷамои ибтидоӣ дар назар аст), бо он ки дар пешорӯйи мушкилоти рӯзафзуни зиндагӣ ва ҷаҳон оҷиз буданд, ҳунари пурсишгариро, ки аз тақвияту ҳаракоти фаъоли зеҳн маншаъ гирифта, нахустзаминаи тафаккури фалсафӣ маҳсуб меёбад, кашф карданд ва дар баробари муаммоҳои ҳаётӣ ҷасурона воистоданд. Аз қадимтарин замонҳо инсон донистан ва шинохтани муаммоҳои олами ҳасту буд ва бар ин мабно тасмим гирифтанро меъёри кор қарор дода буданд. Ба ёд меоварем, ду қавли пири файласуфони ҷаҳонӣ Арастуро: «Мардум, табиатан, мехоҳанд бидонанд» ва «Барои файласуф набудан ҳам файласуф бояд буд». Дар асрҳои миёна мафкурасозони динию мазҳабӣ фалсафиданро, ҳарчанд ки интиқод мекарданд, ба фалсафа ва улуми фалсафӣ таваҷҷуҳ доштанд. Масалан, яке аз сӯфиёни матраҳи асримиёнагӣ Маҳмуди Шабустарӣ дар маснавии машҳури «Гулшани роз» гуфта буд:
Зи дурандешии ақли фузулӣ,
Яке шуд фалсафӣ, дигар фузулӣ.
Аз тарафи дигар, дар асрҳои миёна ба фалсафа ва улуми фалсафӣ на танҳо беэътиноӣ мешуд, балки ин навъ илмро, ки ба тартиботи шаръӣ ва низоми мафкуравии динӣ-мазҳабӣ ҷӯр дарнамеомад, сахт накуҳиш мекарданд. Шайх Аттори Нишопурӣ, ки аз ҷумлаи мутасаввифони машҳури асримиёнагист, ба фалсафа ва ҳикмати юнонӣ назари хуб надорад ва муддаӣ аст:
Шаръ фармони паёмбар бурдан аст,
Фалсафиро хок бар сар кардан аст…
Ҳикмати Ясриб бас аст, ай марди дин,
Хок бар Юнон фишон аз гарди дин.
Дар ҷойи дигар, Шайх Аттор, бо вуҷуди интиқодоту танаффуроти шахсию ҷамъӣ фалсафаро «илми шигарф» унвон мекунад ва мардона иқрор мешавад, ки худ «марди ин кори шигарф» (аҷибу шавқовар) нест:
То ба кай гӯйӣ ту, ай Аттор ҳарф,
Нестӣ ту марди ин кори шигарф.
Дуюм. Фалсафа (фарзонагӣ ва хираддӯстӣ) донишест, ки ба тааммул, тафаккур ва пурсиш дар бораи масъалаҳои бунёдӣ ва асосие (мисли ҳастӣ, огоҳӣ, воқеият, арзиш, хирад, зеҳн, забон ва амсоли инҳо), ки дар ҷаҳону зиндагӣ бо онҳо мувоҷеҳ ҳастем, посух меҷӯяд ва дар ин замина муколима ва гуфтумонро ба роҳ меандозад. Аз тарафи дигар, фалсафа на танҳо ба унвони тааммули назарӣ, балки ҳамчун «шева ё ҳунари зистан» ва талоше барои «хубу шоиста зистан» муаррифӣ мешавад. Албатта, ҳамеша фалсафа собит кардааст, ки хубу шоиста зистан, қабл аз ҳама, ба талошҳои мудавоми насли ҳушманди башарӣ бастагӣ дорад. Гузашта аз ин, ин хубу шоиста зистан имкон фароҳам меоварад, ки хираддӯстӣ ва фарзонагӣ (фалсафа ва донишҳои фалсафӣ) дар ҷомеа ва қаламрави иҷтимоӣ реша давонанд ва мардумро дар марзи огоҳӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ мунсаҷим созанд. Ин хуб зистан ва шоиста умр ба сар бурдан аст, ки мардумро ба сӯйи хирадмандӣ, фазилатгаройӣ ва инсонпарастӣ савқ дода, шароити мусоидро барои раҳоӣ аз мушкилоту печидагиҳои зиндагию рӯзгор фароҳам меоварад.
Севум. Фалсафа, қабл аз ҳама, бо шахсияти файласуф ва ҳарфу сухани фалсафӣ тавъам аст. Файласуф нафарест, ки воқеияти зиндагиро дар мизони ақлу мантиқ баркашида, дар баробари мушкилоти ҳаётӣ, зулму истисмор, беадолатию беинзиботӣ, хурофоту таассуби ҳамагиру вогир қад алам мекунад. Ба ин маъно, муҳаққиқон файласуфро виҷдони огоҳ ва бедори башар номидаанд. Аз ҷумла, файласуфи овозадори ғарбӣ Эдмунд Ҳуссерл гуфта буд: «Файласуфон хидматгузорони башар ҳастанд». Файласуф ҳамеша фаротар аз авом фикр мекунад ва дар ҳолати рӯ задани бархурдҳои иҷтимоию сиёсӣ, мушкилоти маданӣ ва ташаннуҷи хурофоту таассуби динию дунявӣ дар радаи пеши муборизаҳо қарор мегирад ва дар масири маҳори буҳронҳои маъноӣ, мафҳумӣ ва маънавӣ гомҳои устувор бармедорад. Файласуф дар ҷараёни рӯёрӯйӣ бо таҳдиду хатару мушкилот аз силоҳи донишу мантиқ кор мегирад ва бо ҷасорати мунҳасир ба фард дар майдони муборизоту муқовимоти мафкуравӣ қарор мегирад.
Файласуфони номвари асри бистум Бетран Рассел (1872-1970), Карл Ясперс (1883-1969), Жан Пол Сартр (1905-1980), Албер Камю (1913-1960), Габриэл Марсел (1889-1973), Симона де Бовуар (1908-1986), Мишел Фуко (1926-1984) ва дигарон намунаи барҷастаи шахсиятҳои фалсафианд, ки дар баробари мушкилоти замон ва буҳронҳои сиёсию иҷтимоӣ ва мафкуравию маданӣ қаҳрамонона воистодаанд ва ҷасоратмандона ба башар паёми озодӣ ва масъулияти инсониро расонидаанд. Бузургӣ, ҷуръатмандӣ, масъулият ва фазилати онон ба дараҷае будааст, ки то имрӯз насли нави файласуфону андешамандон ва донишомӯзон дар Рӯзҳои ҷаҳонии фалсафа навор ва сабти садои суханрониҳои ононро гаштаю баргашта тамошо ва гӯш мекунанд.
Чорум. Муҳаққиқони фалсафаи муосир ба ин нукта ишора мекунанд, ки баҳсу мунозироте, ки дар фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ мешаванд, ин воқеиятро бозгӯ мекунанд, ки мо бо буҳрони амиқи бемаъноӣ ва тафаккурзудоӣ рӯ ба рӯ шудаем. Ин ки имрӯз бо ҳаракатҳои тундрави динию дунявӣ мувоҷеҳем, натиҷаи ҳамин андешазудоӣ ва тафаккурситезист. Барои як ҳаросафкан ва тундрав ҳама арзишҳо яксонанд ва дунёро дар тарозуи зеҳни худ ва тасоҳуби ҳақиқате, ки худ ва ё муассисонаш ба ӯ додаанд, бармекашад ва арзёбӣ мекунад. Ин аст, ки барои бурунрафт аз халои фикрию зеҳнӣ ва тафаккурӣ ба фалсафа ва пурсишҳои фалсафӣ ниёз дорем.
Панҷум. Навиштан ва таълим додан (пири файласуфон Суқроти ҳаким ва шогирдаш Афлотун тавассути таълим ва гуфтугӯ бо ҷомеа ва бахусус, насли ҷавон дар тамос мешуданд ва дар ташаккули ҳунари пурсишгарӣ ва ҷасоратмандӣ саҳми муносиб мегирифтанд) аз муассиртарин фарояндҳои иваз кардани зеҳну тафаккури башар ва махсусан, насли наврас ба шумор меравад. Тавре ки болотар ишора кардем, башар бо буҳрони маъноӣ ва ҳувиятӣ мувоҷеҳ гардидааст. Буҳрони ҳувиятӣ натиҷаи буҳрони маъноӣ аст. Имрӯз, мутаассифона, баъзе аз арзишҳои гуманистӣ дар миёни насли ҷавон камтар маъно доранд. Файласуфон, ки пурсишгарони воқеиётанд, тавассути пурсишҳо ва баҳсу гуфтумон ҷомеа ва насли ҷавонро ба сӯйи худшиносӣ савқ медиҳанд.
Шашум. Собиқ директори генералии Созмони ЮНЕСКО Ирина Бокова дар паёме ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии фалсафа гуфта буд, ки нигаришҳои фалсафа дар бархурд бо печидагиҳои замони имрӯз ва бардоштани гоме ба сӯйи гуфтугӯҳои созанда барои тадвини роҳкорҳои муассири ҳалли мушкилот зарурианд. Фалсафа беҳтарин роҳ барои рӯшангарӣ ва омӯзиши шаҳрвандон ва абзори мубориза бо ҷаҳлу таассуб мебошад. Бино ба гузориши ЮНЕСКО, фалсафа бояд аз пояи дабистон оғоз шавад, то шаҳрвандонро дар баробари офатҳое, назири ҷаҳл, таассуб, эътиқоду итоати кӯркӯрона, ки ҷангу хунрезӣ ва даргириҳои зиёдеро дар пай дошта ва дорад, муқовим созад. Дар шароити феълӣ, ки бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ ташаннуҷ пайдо мекунанд, таҷлили Рӯзи ҷаҳонии фалсафа саривақтӣ ва зарурати таърихист.
Ҳафтум. Файласуфони муосири тоҷик, устодон Аловуддин Баҳоваддинов, Муҳаммад Болтаев, Муҳаммад Осимӣ, Насрин Идибеков, Иброн Шарифов, Султон Наврӯзов, Ғаффор Ашӯров, Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев, Маҳмадқул Ҳазратқулов, Абдусамад Самиев, Мӯсо Диноршоев, ки дар қайди ҳаёт нестанд (равонашон шод ва ёдашон гиромӣ бод!), аз ҷумлаи файласуфони миллӣ маҳсуб меёбанд, ки дар рушди фалсафаи миллӣ ҳанӯз дар замони Шуравӣ нақши асосӣ гузошта буданд. Файласуфони муосири тоҷик, устодон Акбар Турсон, Кароматулло Олимов, Муҳаммадалӣ Музаффарӣ, Комил Бекзода, Саъдулло Раҳимзода ва насли нави файласуфони миллӣ, минҷумла, Ҳафиз Холиқзода, Нуриддин Шаҳобуддин, Рустам Ҳайдар, Назрӣ Асадзода, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, Исомиддин Шарифзода ва амсоли инҳо, ки дар коргоҳи илмию эҷодӣ масоили муҳимму мубрами фалсафиро матраҳ мекунанд, дар таҳкими биниши фалсафӣ ва таҳаввули озодандешии миллӣ саҳми муносиб мегузоранд.
Ҳаштум. Буҳрони фикрӣ ва ҳувиятӣ, ки ҳамакнун ба сифати чолиши ҷиддӣ ва мушкилоти саросарӣ ҷомеаи моро аз ҳар ҷиҳат таҳдид мекунад, аз таназзули ҷаҳоншиносии фалсафии минтақа дарак медиҳад ва мутаассифона, воқеияти талхи рӯзи моро ба намоиш мегузорад. Ба ин мушкилу чолишу таҳдид, ки паёмадҳои номатлубу хатарбореро ба дунбол дорад, саҳлангорӣ кардан ва беэътиноӣ варзидан гуноҳи кабира аст. Бахусус, муҳаққиқон, олимон, пажуҳишгарон, коршиносон, зиёиён, файласуфон ва дӯстдорони фалсафа муваззафанд, ки ба вазъи буҳронӣ бетаваҷҷуҳу бетафовут набошанд, мушкилотро шиносоию решашиносӣ намоянд ва ҷиҳати боло бурдани сатҳи биниши миллию фалсафии насли наврасу ҷавони ҷомеа дастаҷамъона саъю талош варзанд. Агар дар ин вазъи ҳассос фориғболию саҳлангорӣ мекунем, хушкандешӣ ба унвони эпидемияи фарогир ва вабои вогир ҷомеаро ба коми худ фурӯ мебарад ва аз фарҳангу фалсафа ба ҷуз ном чизе боқӣ намемонад.
Нуҳум. Ҷаҳон, воқеан, дар буҳрони фикрӣ қарор дорад ва буҳрони фикрӣ аз адами андешамандӣ, фикрсозию фикрдорӣ шуруъ мешавад. Ҷорҷ Бернард Шоу (1856-1950) ба буҳрони фикрӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ намуда, гуфта буд: «Фақат ду дар сад аз мардуми ҷаҳон меандешанд, се дар сад фикр мекунанд, ки меандешанд ва наваду панҷ дар сад ҳозиранд бимиранд, аммо фикр накунанд»
Дар ин миён, фалсафа, пеш аз ҳама, фикр карданро ба инсон меомӯзад ва ӯро бехабару ноаён тағйир медиҳад (дар таваҷҷуҳ ба қавли маъруфи философия изменяет человека незаметно). Ин аст, ки ҳар қадар ба фикр кардан мутамоил бошем, ҳамон қадар имкони пешрафтро хоҳем дошт ва баръакс, ҳар қадар аз фикр кардан дур бошем, дигарон ба ҷойи мо фикр хоҳанд кард ва сарнавишти моро бо завқу салиқа ва табъу тақозои хеш хоҳанд сохт. Вақте ки миллат аз фикр кардан (яъне фалсафа омӯхтан ва донишҳои фалсафӣ аз бар кардан) бозмонд, эпидемияи хушкандешӣ сирояташ мекунад, худро дар оинаи воқеияти зиндагӣ мебозад, худбохтаву беҳувият мешавад ва саранҷом сарнавишташро ба дасти дигарон месупорад. Агар миллате тайи таърих ба иттифоқоти баде, назири ҷаҳолатмаобӣ, хушкандешӣ, ақибмондагӣ, вопасгароӣ, беҳувиятӣ, худбохтагӣ ва манқуртӣ мувоҷеҳ гардидааст, бешубҳа, ба сабаби камзарфиятию безарфиятии фикру андешааш будааст. Бинобар ин, фалсафа ва илмҳои фалсафӣ дар омӯзишу шинохту ташхиси мушкилоту муаммою уқдаҳои фикрию ҳувиятии мо, ки ҳамагӣ дар батни фарҳанги мо нуҳуфтаанд, кумак мекунанд.
Нозим НУРЗОДА,
пажуҳишгар