БАРГУ СОЗИ МО КИТОБУ ҲИКМАТ АСТ

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»: назар, андеша ва пешниҳодот барои имрӯзу фардо
Дар эъмори давлати миллии тоҷикон хидмат, талошу пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишманду мондагор мебошад. Чорабинию падидаҳои зиёди сиёсию фарҳангӣ тавассути сиёсати хирадмандона, маорифпарварона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат рӯйи кор омаданд, ки яке аз онҳо озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба шумор меравад.
Сол ба сол таъсири ин озмун дар ҳаёти маънавии ҷомеа ба таври густурда мушоҳида мегардад. Даҳсолаҳо пас мо ба ташаббускор ва дастандаркорони ин озмуни маърифатӣ офаринҳо мехонем, ки чӣ хидмати олие барои рушди фарҳанги миллату Ватан кардаанд.
Банда дар даври сеюми озмуни мазкур аз рӯйи номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон ҳамчун довар ширкат намудам ва мехоҳам, назару пешниҳодоти хешро барои беҳтару самарабахштар гардидани ин озмун манзури масъулини гиромӣ ва хонандаи нозукбин гардонам (мулоҳизаҳо дар умум, ба бархе аз номинатсияҳо дахл доранд):
1. Вобаста ба номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон:
1.1. Номинатсияи мазкур ҳатман бояд ба 3 гурӯҳи синнусолии зерин (вобаста ба зинаҳои таҳсилот) тақсим гардад: а) аз синфи 1 то синфи 4; б) аз синфи 5 то синфи 9; в) аз синфи 10 то синфи 11.
1.2. Рӯйхати адабиёти тавсияшаванда вобаста ба гурӯҳҳои пешниҳодгардида тасниф ва таҷдиди назари ҷиддӣ гарданд.
1.3. Номгӯйи адибоне, ки дар ҳаёти маънавии кӯдакону наврасон (ва ё умуман барои адабиёти миллӣ) мавқеи муҳим надоранд, аз рӯйхат берун ва ба ҷойи онҳо адибони маъруфу шинохташуда илова карда шаванд.
2. Вобаста ба номинатсияи адабиёти классикии тоҷик:
2.1. Гурӯҳи якум (хонандагони синфҳои 1 то 4) аз номинатсияи мазкур бардошта шавад (сабаб: руҳия ва зеҳни ин гурӯҳи хонандагон барои фаҳмидан ва дарки дурусти адабиёти классикӣ ташаккул наёфтааст).
2.2. Номгӯи адибон ва рӯйхати адабиёти тавсияшуда барои хонандагони гурӯҳи дуюм (синфҳои 5 то 11) аз гурӯҳҳои сеюм (донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо) ва чорум (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун) ба таври ҷудогона тасниф ва таҷдиди назар карда шаванд.
3. Вобаста ба номинатсияи адабиёти муосири тоҷик:
3.1. Гурӯҳи якум (хонандагони синфҳои 1 то 4) аз номинатсияи мазкур низ бардошта шавад.
3.2. Номгӯи адибон ва рӯйхати адабиёти тавсияшуда барои хонандагони гурӯҳи дуюм (синфҳои 5 то 11) аз гурӯҳҳои сеюм (донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо) ва чорум (омӯзгорони ҳама зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун) ба таври ҷудогона тасниф ва бозбинӣ карда шаванд.
4. Вобаста ба номинатсияи адабиёти ҷаҳон:
4.1. Гурӯҳи якум (хонандагони синфҳои 1 то 4) аз номинатсияи мазкур низ бардошта шавад.
4.2. Номгӯи адибон ва рӯйхати адабиёти тавсияшуда барои хонандагони гурӯҳи дуюм (синфҳои 5 то 11) аз гурӯҳҳои сеюм (донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо) ва чорум (омӯзгорони ҳама зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун) дар ҳамкорӣ бо адабиётшиносон ва донишмандон ба таври ҷудогонаю ҷиддӣ бори дигар дида баромада шаванд (сабаб: шумораи адибон ва рӯйхати адабиёти тавсияшуда дар ин номинатсия аз се номинатсияи болоӣ дида зиёдтар пешниҳод шудааст).
5. Вобаста ба масъалаҳои умумии озмун:
5.1. Масъалаи баргузории даври аввал (ноҳиявӣ)-и озмуни мазкур зери назорат ва интихоби комиссияи марказӣ (на комиссияи ноҳиявӣ ва ё маҳаллӣ) баргузор карда шавад, то интихоби иштирокчиёни давраҳои баъдии озмун аз рӯйи адолат ва ҳақиқат сурат гирад.
5.2. Теъдоди иштирокчиёни ҳар як даври озмун бояд аниқу дақиқ муайян карда шуда, ин талабот зери назорати қатъии комиссияҳои дахлдор қарор гирад.
5.3. Дар ҳама номинатсияҳо гурӯҳи синнусолии синфҳои 5-11 вобаста ба дараҷаи фаҳмиш ва дарки масъалаҳо ҳатман ба ду гурӯҳи синнусолӣ – синфҳои 5-9 ва синфҳои 10 ва 11 ҷудо карда шуда, номгӯйи адибону рӯйхати адабиёт ҳам барои онҳо тасниф карда шаванд.
5.4. Дар сурати ҳафз накардани гурӯҳҳои якум (хонандагони синфҳои 1 то 4) аз номинатсияҳои адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон (нигаред ба бандҳои 2.2.1., 3.3.1. ва 4.4.1.) масъулинро лозим аст, ки барои ин гурӯҳи синнусолӣ дар номинатсияҳои мазкур барномаи алоҳида мураттаб намоянд.
5.5. Дар ҳама давраҳои озмун ҳайати ҳакамони номинатсионӣ бояд аз 3 нафар иборат буда, 1 нафар дар ҳайати иловагӣ бошад, кифоя аст (чуноне ки имсол ба чашм расид, 3 ва баъзан номинатсияҳо 2-нафарӣ дар ҳайати иловагӣ буданд, ки қариб бекор монданд).
5.6. Барои зудтар ба анҷом расидани фаъолияти кори комиссияҳо ва ҷараёни озмун месазад, ки дар давраҳои 3-юм ва ниҳоии озмун ду гурӯҳи комиссияи сенафара таъсис дода шавад.
5.7. Комиссияи апеллятсионии ҷудогонаи ҳар як номинатсия амали хуб аст, агар ҳайати комиссияро мутахассисони бевоситаи ҳамон номинатсия дар бар гиранд.
5.8. Салоҳияти комиссияи апеллятсионӣ таҷдиди назар карда шуда, муайян кардани ҷойҳои ифтихорӣ пас аз ба итмом расидани комиссияи апеллятсионӣ сурат гирад.
6. Вобаста ба камбудиҳои ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ба даври 3-юм (шояд ба ҳама минтақаҳо дахл дошта бошад), ки донистан ва ислоҳи онҳо барои масъулини шаҳру ноҳияҳо муфид аст:
6.1. На ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда тибқи талаботи Низомномаи озмун манзур гардиданд.
6.2. Дар аксари маводи пешниҳодшуда ғалат ва хатоҳои имлоӣ зиёд ба чашм мерасад.
6.3. На ҳама теъдоди нишондодашудаи адабиёти мутолиашуда ба маводи пешниҳодгардида мувофиқату мутобиқат мекарданд.
6.4. Баъзе иштирокчиён хонандагони тасодуфӣ ба назар расиданд, ки ҳатто омодагии сатҳи миёна надоштанд.
6.5. Қисмати зиёди иштирокчиён ба осори насрӣ кам андар кам таваҷҷуҳ намудаанд.
6.6. Навъу намуд ва ё жанрҳои асарҳои адабӣ на ҳама вақт тибқи талабот ва хусусияту табиати асарҳои хондашуда ҷобаҷогузорӣ гардида буданд, яъне ин самти кор дар омезиши мавод ба чашм мерасид.
7. Вобаста ба таъсис ва ташкили номинатсияи нав бо номи адабиёти гуфтории тоҷик (фолклори тоҷик):
Ҳама судмандӣ зи мардум шавад,
Чу ӯ гум шавад, некуӣ гум шавад.
Фарҳанги мардумӣ (ё ба таъбири дигар «фолклор», «адабиёти гуфторӣ», «адабиёти халқ», «адабиёти даҳонӣ», «эҷодиёти даҳанакӣ», «эҷодиёти шифоҳӣ», «эҷодиёти гуфторӣ», «осори шифоҳӣ» ва ғайра) дар ҳаёти маънавии аҳли ҷомеа ҷой ва мавқею мақоми хос дошта, ҳамчун сарчашма ва манбаи аввалиндараҷаву муҳимми адабиёт (аз ҷумла, адабиёти навишторӣ (хаттӣ, китобӣ) маҳсуб меёбад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар таърихи адабиёти тоҷик адиберо вохӯрдан мумкин нест, ки аз адабиёти гуфторӣ илҳом ва мазмуне нагирифта бошад. Аз ин хотир, адабиёти гуфториро модари адабиёт (ва ё адабиёти навишторӣ) шумурдан равост. Ба қавли адиби номвари рус М.Горкий, «эҷодиёти даҳанакии халқ (адабиёти гуфтории халқ — Қ.С.А.)-ро надониста, таърихи ҳақиқии халқи меҳнаткашро донистан мумкин нест».
Миллат ва ё давлате, ки мехоҳад худро аз нобудӣ ҳифз кунад, сараввал бояд расму оин, суннат, маросим, ҷашн ва арзишҳои миллии худро мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор диҳад. Зеро ҳаёти имрӯзаи ҷомеаро бе донистани гузаштаи миллат ва таърихи кишвар ташкил намудан кори басе сангин аст. Асосҳои худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандӣ, ки маънии воқеии мавҷудияту ҳастии ин ё он миллатро ифода менамоянд, маҳз дар мероси фарҳанги мардумӣ (адабиёти гуфторӣ) ва осори илмии хусусияти ҷамъиятидошта инъикос меёбанд.
Аз ин ҷост, ки омӯзиши адабиёти гуфторӣ дар суннат, анъана, маросим, ҷашн, оин, фарҳанг ва таъриху адабиёти миллат яке аз омилҳои муҳимми такомули худшиносию худогоҳии миллии мардум ба шумор меравад.
Дар робита ба гуфтаҳои боло ва бо дарназардошти амалан тадбиқ намудани сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омӯзиши фарҳанги мардум (аз ҷумла, адабиёти гуфторӣ) ва эҳёи анъанаю арзиш ва маросиму ҷашнҳои миллӣ пешниҳод менамоям, ки номинатсияи адабиёти гуфтории тоҷик (фолклори тоҷик) барои 5 гурӯҳи иштирокчиёни озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» – гурӯҳи якум (синфҳои 1-4), гурӯҳи дуюм (синфҳои 5-9), гурӯҳи сеюм (синфҳои 10 ва 11), гурӯҳи чорум (донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо) ва гурӯҳи панҷум (омӯзгорони ҳама зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун) таъсис ва ташкил карда шавад, чунки адабиёти гуфторӣ танҳо хоси кӯдакону наврасон набуда, тамоми табақаҳои ҷомеаро фарогир аст (Адабиёти гуфтории кӯдакону наврасон танҳо як қисми ками адабиёти гуфтории калонсолонро ташкил медиҳаду халос!).
Асоснокии пешниҳоди мазкурро (барои онҳое, ки шояд фикр кунанд, осори шифоҳӣ (даҳанакӣ) дар номинатсияҳо ишора шудааст, алоҳида будани номинатсияи адабиёти гуфторӣ шарт нест, метавонам бад-ин рақам манзур намоям:
1. Дар робита ба адабиёти гуфторӣ дар номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон (замимаи 4) донистани танҳо 5 жанр (намуд ва ё гуна)-и махсуси адабиёти гуфторӣ (афсона, латифа, зарбулмасал, мақол, чистон) ишора шудаасту халос, ҳол он ки кӯдакон ва наврасон (асосан, гурӯҳи якум (хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) ба мантиқ, моҳият ва мазмуни баъзе жанрҳо, аз қабили латифа, зарбулмасал ва чистон, ки марбути калонсолон мебошанд, ба пуррагӣ сарфаҳм намераванд (масъалаи мазкурро чуноне ки дар боло ишора шуд, дар ин номинатсия ва номинатсияҳои дигар дастабандӣ ва танзим бояд кард).
2. Инчунин, дар замимаи 4-и низомнома вобаста ба номинатсияи адабиёти муосири тоҷик, чунин оварда шудааст: «аз ёд кардани рубоӣ, дубайтӣ, ғазал, порчаҳо аз достону маснавӣ ва сурудҳои халқӣ аз эҷодиёти даҳанакии халқ» ва «нақли афсонаю латифа ва порчаҳо аз осори манзуму мансури шифоҳӣ», ки чандон саҳеҳу мукаммал ва равшану дақиқ маводи адабиёти гуфториро баёнгар нестанд ва бошанд ҳам, бениҳоят кам дарбаргирандаи жанрҳои махсуси адабиёти гуфторианд. Чунки: 2.1. Аниқ маълум нест, ки аз ёд кардани рубоӣ, дубайтӣ, ғазал, порчаҳо аз достону маснавӣ аз адабиёти гуфторӣ бошанд ё аз адабиёти навишторӣ; 2.2. Агар ба адабиёти гуфторӣ мутааллиқ бошанд, бояд гуфт, ки ғазал, достону маснавӣ жанрҳои вижаи адабиёти гуфторӣ нестанд.
3. Маълуми мутасаддиёни муҳтарами озмуни мазкур ва хонандаи маънифаҳми ин сатрҳо ҳаст, ки адабиёти гуфтории тоҷик танҳо аз 7 жанр (чуноне ки қайд шудааст: афсона, латифа, зарбулмасал, мақол, чистон, рубоӣ ва дубайтӣ) иборат набуда, балки зиёда аз 30 жанри махсусро фарогир аст, аз қабили дуо (ниёиш), шугун (ирим), савганд (қасам), хоббинӣ (руъё), таъбири хоб, афсун, андарз, нӯшбод, машварат, муаммо, устура, ҳикояҳои устуравӣ, қисса, ривоят, нақл (ҳикояи гуфторӣ), достони насрӣ, лоф, байт (фардбайт), чормисраӣ, себайтӣ, тарона, бадеҳа, даргилик, драмаи гуфторӣ, чодархаёл, аския (аксия), ҳамоса («Гӯрғулӣ»), насри ривоятӣ, тезгӯяк, қофиябозӣ ва ғайра, ки донистани онҳо барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ қарз ва фарз аст.
4. Ҳамзамон, сад ва ҳазорҳо андеша, дониш ва хиради мардум (яъне, адабиёти гуфторӣ) дар равиши иҷрои маросим, ҷашн ва оинҳои мардумӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз қабили мавсимӣ (чилла (ялдо), Сада, испандорҷашн (рӯзи модар), гулгардонӣ, чоршанбесурӣ, Наврӯз, суманак, ҷуфтбаророн, ашаглон (сусхотун), сайр, Тиргон, дарав ва хирманкӯбӣ, Меҳргон, барфӣ), маишӣ (издивоҷ, хатнасур), динию суннатӣ (моҳи Рамазон, иди Фитр, иди Қурбон, мушкилкушо ва ғайра) нуҳуфтаанд, ки аз бар кардан ва донистани онҳо низ гувоҳи арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангии тоҷикон аст.
5. Азёд кардан ва донистани ашъори шоирони халқӣ (ба таъбири имрӯза шоирони мардумӣ ва ё маҳаллӣ) ба мисли Муллоёри Ванҷӣ, Фахрии Румонӣ, Саид Холзода, Карим Девона, Бобоюнус Худойдодзода, Ҳикмат Ризо, Юсуф Вафо, Ҳомид Саид, Қурбон Ҷалил, Саидалӣ Вализода, Қурбоналӣ Раҷаб, Давлатшоҳи Помирӣ ва даҳҳои дигар, ки дар ташаккули адабиёти гуфторӣ ва навиштории тоҷик саҳми босазою арзанда доранд, барои ҳар як фарди адабиётдӯсту фарҳангпарвар, китобхону бомаърифат ва ё иштирокчии озмун аз манфиат холӣ нест.
6. Ёд овардан ва донистани фаъолиятҳои эҷодии фолклоршиносону адибони варзидаю барҷастаи тоҷик аз қабили С. Айнӣ, Т. Зеҳнӣ, Бектош, О. Исматӣ, Л. Бузургзода, Алӣ Хуш, А. Деҳотӣ, Ҷ. Икромӣ, Ҳ. Назаров, Р. Ҷалил, М. Турсунзода, Ҳ. Карим, Н. Маъсумӣ, А. Мирзоев, Х. Мирзозода, Ш. Ҳусейнзода, М. Шукуров, С. Наимбоев, Г.Сафиева, Р. Амонов, В. Асрорӣ, Б. Шермуҳаммадов, Б. Тилавов, Н. Шакармамадов, С. Маҳдиев, Д. Обидов, Ф. Муродов, Р. Раҳмонӣ, Н. Азимов, Р. Аҳмадов, Ф. Зеҳниева, Т. Исроилова, Р. Қодиров, А. Мавлонов, Ш. Мирзоева, М. Неъматов, С. Норматов, Ҷ. Рабиев, А. Сӯфиев, Ҳ. Раҳмат, Ш. Умарова, С. Фатҳуллоев, М. Холов, Қ. Ҳисомов, С. Чалишев, К. Улуғзода, Э. Улуғзода ва Д. Раҳимӣ, мардумшиносону санъатшиносон, ховаршиносону адабиётшиносон ва забоншиносони русу тоҷик – А. Н. Семёнов, М. С. Андреев, И. И. Зарубин, Н. А. Кисляков О. Сухарева, А. Н. Болдирев, И. С. Брагинский, Е. М. Пешерева, А. К. Писарчук, А. З. Розенфелд, И.Ҳ.Левин, Я. И. Налский, Э. А. Швартс, М. М. Явич, Ф. Азизӣ, А. Мардонова, О. Муродов, Н. Нурҷонов, А. Маҳмадаминов, А. Нуралиев, А.Раҳмонзода, В. Охониёзов, Н. Файзуллоев, У. Тоир, А. Ҳабибов, Д. Карамшоев, С. Мирзоев, Б. Ниёзмуҳаммадов, М. Фозилов, К. Раҳимов, М. Раҳимов, Н. Ҳакимов, Ҷ. Асрориён ва ғайраҳо, ки дар фолклоршиносии тоҷик хидматҳои шоис­та ва амалҳои некро ба сомон расонидаанд, метавонанд ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнию ҷаҳони маънавӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангии иштирокчиёни озмун гарданд.
7. Ҷорӣ намудани номинатсияи мазкур оянда боиси он мегардад, ки ашъори интишорнашудаи шоирони халқӣ (ба таъбири имрӯза, шоирони мардумӣ ва ё маҳаллӣ), ки дар банди 5-ум номбар гардиданд, рӯйи кор биёянд ва ҳаёти маънавии иштирокчиёни ин озмуни бузурги фарҳангӣ (ва ё умуман мардуми китобхон)-ро боз ҳам рангинтар намоянд.
Хулоса, мақсад аз ибрози назар, андеша ва пешниҳодоти мазкур танҳо барои беҳтару хубтар ва дар сатҳи боз ҳам олитару васеътар ташкил ва гузаронидани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» буда, хонандаи донишманди ин сатрҳо метавонад, онҳоро бипазирад ва ё хайр… .
Бо овардани суханони пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоҳиза ва пешниҳодоти хешро ҷамъбаст мекунам: «Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст».
ҚОСИМӢ Саъдӣ Абдулқодир,
фолклоршинос, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ, раиси комиссияи ҳакамони номинатсияи кӯдакону наврасони даври сеюм ва раиси комиссияи апеллятсиониии номинатсияи адабиёти муосири даври ниҳоӣ