ЗИ МЕҲРИ ВАТАН ҶӮШ ДОРАД ДИЛАМ

Мавзуи Ватан ва дӯст доштани ҳар як ваҷаб хоки марзу буми аҷдодӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик ҳамбастагии амиқ дорад. Омӯзиши қаҳрамонию диловарӣ ва муборизаи халқи тоҷик дар марҳалаҳои таърихӣ бар зидди ғосибони аҷнабӣ, ҷонфидоию сарафрохтагии фарзандони ватанпарвар дар роҳи ҳифзи меҳан, бо вуҷуди талафоту қурбониҳои бешумор ва пешниҳоди маълумот дар хусуси ин ҳама фидокории намояндагони миллат ба хонандагони синфҳои поёнӣ аҳамияти бузург дошта, онҳоро хештаншинос ва дар ҷодаи ба қадри обу хоки ин сарзамин расидан тарбия мекунад. Ба шогирдон дар дарсҳои тарбиявӣ тавзеҳ бахшидани масъалаи ватандӯсту сулҳпарвар будани миллати тоҷик муҳим буда, ба онҳо хотиррасон бояд кард, ки қаламрави кишвари ориёиҳо хеле васеъ ва густарда буда, душманон ҳамеша дар орзуи зери даст даровардани ин сарзамини ободу зархез ва файзбахшу шодоб будаанд. Ва дар асрҳои гуногун аҷнабиён бо ҷангҳои хунин ба Мовароуннаҳру Хуросон ворид гардида, басо куштору хунрезиҳо анҷом дода, хостанд забону анъана ва урфу одатҳои худро ба мардуми тоҷик таҳмил кунанд. Аммо тавре медонем, онҳо натавонистанд, бо ҳама бедодгарию зулму истибдод забони тоҷикиро аз байн бубаранд ва ин забон дар пешрафти давлатдориҳои гуногун нақши муассиру барҷаста бозидааст. Осори илмию бадеӣ, таърихӣ, фалсафие, ки тӯли зиёда аз ҳазор сол аз ҷониби олимону мутафаккирон, донишмандон ва шоирону нависандагон таълиф гардидаанд, таҷассумгари арзишҳои олии ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ будани тоҷикон буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки халқу миллатҳои дигар маҳз дар заминаи ин фарҳангу адабиёти тамаддунпарвар ташаккулу таҳаввул ёфтаанд. Таърих гувоҳ аст, ки санъату нубуғи давлатдории тоҷикон, хоса, дар давраи ҳукмронии Сомониён ҷаҳонро ба ҳайрат оварда буд. Ғосибону душманони миллати тоҷик дар давраҳои ҳукуматдории худ, ба сабаби заифию нотавонӣ беихтиёр ба фарзандони донишманди тоҷик ва сиёсатмадорони он, дар пешбурди корҳои давлатдорӣ рӯ меоварданд.
Ба шарофати истеъдоду дониши баланди фарзандони баруманди некҳои тоҷик дар ҳама асрҳо илмҳои мухталифи замона – таърих, фалсафа, нуҷум, риёзиёт, ҳандаса, ҷуғрофия, улуми динӣ инкишофу вусъат ёфта, онҳо бо кашфиёту ихтирооти худ ба илмҳои замонавӣ замина гузоштаанд. Имрӯз мо номи ин олимону мутафаккирон, ба монанди Синову Умари Хайём, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абулфазли Балъамӣ, Хондамиру Мирхонд, Низомулмулк, Аҳмади Дониш ва садҳои дигарро пайваста ба забон меорем, ки дар таҳким ва таҳаввули фарҳангу илм ва адабиёти тоҷик хидмати мондагорро анҷом додаанд. Саҳми фарзандони ватандӯсти тоҷик дар пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ дар асари таърихӣ ва бунёдии аллома Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон» ва осори пурмуҳтавою дорои ғояҳои меҳанпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хусусан, «Чеҳраҳои мондагор» ба таври барҷаста инъикоси худро ёфтааст, ки омӯзиши ин таълифот барои насли наврас ва ҷавонон муҳиму зарурӣ маҳсуб меёбад.

Ҷумъагул ХОЛНАЗАРОВА,
омӯзгори МТМУ №6,
ноҳияи Исмоили Сомонӣ