БОЗИҲОИ ГРАММАТИКӢ ДАР ДАРС

Методи ягонаи таълими грамматика дар синфҳои ибтидоӣ, таҳлил ва таркиби овозӣ мебошад. Чанд соли охир омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар раванди дарсҳо бештар аз ин метод истифода менамоянд.
Бозиҳое, ки ба ташаккули такомули зеҳнӣ мусоидат мекунанд, на ҳама вақт барои хонандагон шавқангезанд. Аз ин рӯ, ҳангоми иҷрои ин қабил бозиҳо ба хонандагон фишор овардан лозим нест. Муҳим он аст, ки аз рӯзҳои аввал сар карда, омӯзгор дар дарсҳои забони англисӣ бо мақсади инкишофи нутқ ва тафаккури хонандагони хурдсол мақсаду вазифаҳои бозиро бо мақсади вазифаҳои мавзуи дарс барои ҳар як лаҳзаи дарс пешкаш намояд.
Дар бозӣ мусобиқа мавқеи асосӣ дорад. Зеро ҳар як хонанда дар ин шакли бозӣ фаъолияти хуб нишон дода, барои ғолибият талош меварзанд. Бозии «Ёбед, ки ин чист?» (find what is this) як навъ бозии таълимиест, ки ҳангоми иҷрои он хонандагон ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Омӯзгор калимаҳои парокандаро номбар мекунад ва хонандагон дармеёбанд, ки сухан дар бораи чӣ меравад. Масалан:
А) white small winter different (coming from the sky) (snow).
B) warm hot mountain (every morning coming) (sun).
Бозии «Ёфтани калима»: дар ин бозӣ омӯзгор ҳарфҳои аввалу охири калимаҳоро мегӯяд.
Масалан: Ҳарфи аввали калима «b», охираш «к» мебошад. Бачаҳо мегӯянд, «book» ё ин ки аввали ҳарфи калима «s», ҳарфи охираш «l» аст. Бачаҳо мегӯянд, «school» ва ба ҳамин монанд.
Бозии «Аз рӯйи ҳиҷои охир»: дар ин бозӣ хонандагон бештар фаъол буда, дар шакли давра гирд меоянд. Яке аз онҳо калимаеро ҳиҷо ба ҳиҷо талаффуз мекунад. Хонандае, ки дар назди хонандаи якум истодааст, бояд калимаи навбатиро, ки ҳиҷои аввалаш ҳиҷои охири калимаи якум бошад, талаффуз кунад.
Масалан: Хонандаи якум мегӯяд: «copy book» хонандаи дуюм ҷавоб медиҳад, «book shelvs» ва ғайра.
Адиба НАЗАРОВА,
омӯзгори забони англисии МТМУ №26-и
ноҳияи Исмоили Сомонӣ