ИСТИФОДАИ НОДУРУСТИ ИНТЕРНЕТ ЗАРАРОВАР АСТ

Имрӯз ҳаёти моро бе технологияи муосир, аз ҷумла, интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аммо фарҳанги истифодаи интернетро бояд донист ва риоя кард.
Аввалан, сарфи аз ҳад зиёди вақт дар Интернет метавонад боиси бад шудани саломатӣ гардад. Ҷавононе, ки вақти зиёдро дар назди компютер ё смартфон мегузаронанд, аксар вақт бо дарди миён, чашм ва буғумҳо рӯ ба рӯ мешаванд.
Сониян, интернет метавонад ба солимии равонии ҷавонон таъсири манфӣ расонад. Шабакаҳои иҷтимоӣ ва бозиҳои онлайнӣ метавонанд боиси нашъамандӣ ва ба изтиробу эҳсосоти гуногун, афсурдагӣ ва ғайра рӯ ба рӯ шудани ҷавонон гардад.
Ногуфта намонад, ки маҳз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ҳадафи гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ қарор мегиранд. Дар шабакаҳои интернет бо истифодабарандагоне рӯбарӯ шудан мумкин аст, ки аз китобҳо ва матнҳои динӣ иқтибосҳо оварда, насли наврас ва ҷавононро мубориза бар зидди пайравони дигар дину мазҳабҳо даъват мекунанд.
Солҳои охир сафи гурӯҳҳои ифротӣ ва террористие, ки ҷавононро ба тарғиботи зиддибашарӣ ҷалб мекунанд, зиёд шуда истодааст. Ҷавононе, ки ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ пайвастаанд, мутассил қонунҳои мавҷударо вайрон карда, ҷиноятҳои дорои хусусияти ифротӣ содир менамоянд. Ба манфиати кор аст, агар барномаҳои таълимӣ ва семинарҳо дар мавриди рушди фазои таҳаммулпазирӣ дар ҷомеа ба намоиш гузошта шаванд.
Барои он ки аз интернет зарар набинанд, ҷавонон бояд истифодаи оқилонаи онро омӯзанд. Муҳим аст, ки вақти дар интернет сарфшударо назорат кунанд, ба фаъолияти ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим диққат диҳанд. Ҳамин тариқ, шаҳрвандон, бахусус, ҷавононро барои истифодаи бошуурона ва бехатар аз интернет ҳидоят бояд кард. Зеро пешгирии ифротгароӣ ва терроризм дар байни ҷавонон вазифаи муҳимми ҷомеаи кишвар мебошад.
Шоҳимардон БОБОШОҲЗОДА,
донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон