ҶОМЕАЕ, КИ ҲАМА ОРЗУЯШ МЕКАРДАНД

Аз ман бисёр ҳангом дар ҷамъомаду ҳамоиш, вохӯрӣ ва маҳфилҳои адабию фарҳангӣ ҷавонон пурсон мешаванд, ки чаро дар аксар навиштаҳои шумо, хусусан, ҳикоётатон мавзуи ҷанг, азоби гуруснагию оворагию мардум ва маҳрум гардидани иддаи дигар аз ҷигарбандону пайвандон ва наздикону хешон дар меҳвар қарор гирифта, сарнавишти қаҳрамонон бо ҷамеи талхию мушкилиҳои зиндагӣ чунон ба риштаи тасвир кашида шудааст, ки касро нохудогоҳ ба андешаи имрӯзу фардо мувоҷеҳ намуда, мегирёнад. Оре, об дар чашмони хонанда чарх мезанад ва ӯро мутмаин месозад, ки неруи харобиовару даҳшатноки ҷанг тасаввурнопазир асту пайомади он ҳастратзову дардолуд. Чаро? Ман дар посух ин ҳақиқати муқаррарӣ, вале дар айни ҳол талху сӯзонро, ки дилҳоро хонаи ғам ва ҷигарҳоро ғарқоби хун месозад, пас аз андешаи тӯлонӣ, як-як баён мекунам ва бори дигар аз қувваи муассиру созанда ва ободкори сулҳ дар баробари ҷанг ёдовар мешавам. Охир, бани башар дар дарозои таърихи миллиарду андсола, ки олимон онро бар асоси тахмину фарзия муайян кардаанд, пас аз низоъу кашмакаш, талафоту қурбониҳо, маҳв сохтани мавҷудоти рӯйи олам, аз ҷумла, бошууртарину шарифтарини он-ҳазрати Одам ба тадриҷ ангушти пушаймонию надомат газида, аз амалҳои бадгавҳаронаи хеш шармсору сарафканда рӯйи ниёз ба созишу муросо ва тинҷию осудагӣ овардаанд. Бо фароҳам гардидани сулҳу ворастагӣ эшон худхӯриҳои ботиниро шабону рӯзон аз сар гузаронда, ба худ суол медоданд: чаро даст ба қатлу куштор, ҷангу хунрезӣ ва вайронию хонабарандозии ҳамҷинси хеш задаанд? Чаро? Талаби манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ, бештару зиёдтар соҳиб гардидан ба заминҳои ҳамдигарӣ, вазифаю мансабталошӣ, ҳукмронии мутлақ, аз қавле «санги худро даҳ ман тарошиданҳо» ва саранҷом, қавму қабоили дигареро бо зӯрдастӣ зери тобеияти худ даровардан. Магар кулли ҳамин омилҳо муҷиби сар задани ҷангу бо ҳам даргир шудан набуду нест? Пас, нолаю навҳа ва фиғони тифлону модарон, оворагию сарсонии занону мардон ва солхӯрдагону мӯйсафедон, дар ҷустуҷӯи пораноне сар ба ҳар кӯй задан, фирор аз зодбуми аҷдодӣ… ин ҳама бо ҷурму гуноҳ ва ба айби кӣ? Барои чӣ? Он, ки имрӯз дар кадом гӯшаю канори сайёраи замин оҳу афғони тифле иртифоъ мегираду синаи осмонро мехарошад, киро ба андешаву муроқибат мебарад? Ман ингуна гиряву мӯяи тифлонро дидаам, аз наздик, ҳангоми ҷанги бемаънии дохилӣ, ки тифл падару модар меҷусту ашки бари рухсораҳояш хушк нагардида, аз дарди тавонкоҳи гуруснагӣ нотавону оҷизу забун каноре, рӯйи замини пурхок афтида, хобаш мебурд. Модар аз пайи ҷустуҷӯи фарзандони бузургаш дар гӯшаи дигар овораю сарсон рӯзро ба шаб мерасонд. Осмону замин лолу хомӯш, бодҳо хомӯш, рӯду дарёву баҳрҳо аз хурӯш мондаву хомӯш. Мардуми ҳастратнасиб афсурдаву ошуфтаю дар илоҷи хомӯш кардани оташи ин ҷангу бедод бечора! Ман вопас садои дилрешкунандаи нолаи тифлеву модари зорро шунидан намехоҳам! Бонгу ҳоюҳӯй, садои ваҳмангези таркиши гулӯлаҳо, ғурроси техникаи вазнину парвози бетанаффуси чархболу тайёраҳои ҷангӣ ва тарсу ҳаросу изтироб. Тарсу ҳаросу изтироби тифлеву модаре, даҳшати дар ин муқовиматҳои рӯёрӯӣ ва оташкушоиҳо маҳв гардидан. Пурсида мешавад: барои чӣ ва кадом мақсад? Ман дар ин суҳбатҳо атрофи навиштаҳоям ҳарф мезанам ва ба воқеаҳои фоҷиабори маълуми кишвар мурур мекунам. Гуруснагӣ, бемориҳои сироятии гӯшношунид, ифлосию касифӣ, бӯйи тааффун, дуди оташу қурбониҳои навбатӣ. Чаро?! Ба хотири чӣ? Ман дигар нони сабӯсию ҷавин, зағораю ҷуворимаккагиро истеъмол кардани мардумро дидан намехоҳам. Ва мисли ман ҳама одамони дилогоҳу бедор, ки меҳру самимият дар маъмани қалбашон амиқан реша давондааст, он тираайёми наҳсу касифро дидан намехоҳанд.
Озодӣ, ворастагӣ, тулуи хуршеду пайки рӯзи нав, ки одамонро бо хотири ҷамъу дили беғам ва руҳи барозанда истиқбол мегирад. Аммо…Чаро дубора бо бераҳмии тамом дар кадом гӯшаи олам ҷанг идома меёбад? Чаро, ба бахти бади мардуми ун кишвар дар навор, дар моварои вайронаҳои иморату биноҳои валу валангор, тифли танҳои бекасу кӯйро, ки лабҳояш парсинг бастаанд ва сиришки талх аз дида меборад, мебинам?
Оваҳ, оваҳ аз душманони рӯзҳои неку саодатбор, адувони сулҳу озодӣ, ки бо сарнавишти бани одам бозиҳо анҷом медиҳанд, ҳатто аз барҳадар рехтани хуни инсон ба қадри донаи ҷав парвое надоранд. Гуманизму ормонҳои олии инсонӣ куҷо шуданд?
Ба ман бигӯед, дар пасманзари ин ҳама доду бедод, харобию ваҳшат, тифлони сарафкандаю модарони бадбахт киву чӣ меистад? Ростӣ, аз дидани ин манзараҳои тираю тараҳҳумовар, доғу дарди ҷудоии тифлону модарон ба сутӯҳ омадаам. Аз ман мепурсанд: шумо ҷое нигоштаед, ки тамъи нони сабӯсӣ турш буду ба кому вораҳои дандон мехалид, бӯйи ногуворе дошт. Ҷойи дигар аз нони ҷавин ҳикоят кардаед, ки сахту сангин буд ин навъи нон ва хӯрданаш ба душвор даст медод. Нони ҷуворӣ (зағора) дилро тагу рӯ мекард, истеъмоли он ба ҷон кандан баробар буд. Ва аз ин гуна нақлҳо, ки сояи вазнине рӯйи қалб мегузоштанд, бешумору беохир овардаед дар китобатон. Ин ҳамаро чӣ тавр эҳсосу дарк ва таҷриба кардаед? Ман ин ҳамаро дар ҷисму ҷонам таҷриба кардаам, ба як сухан аз сар гузаронидаам. Азобҳои муҳлики ҷангро дида, садҳо бор мурдаму зинда шудам. Аммо … лаб ба шикваю шикоят накушодам. Ҳароина, заифнолию шикваситезӣ дар сириштам вуҷуд надошту ин «дард» бароям бегона буду ҳаст. Боре як ҳаводори адабиёт ба як лаҳза дар ҳикояти ман эрод (ё нуқта) гирифт. Мазмун, шумо чунон тасвир кардаед, ки қаҳрамони ҳикоя халтаи сабӯсро ба осиёби деҳа барои орд кардан мебараду осиёббон ибтидо сабӯсро қабул намекунад, вале чун пофишории омӯзгор бар мабнои зиндагии вазнину ноҳамворашро ба мушоҳида мегирад, ба ночор розӣ мешавад. Фардо ним халта орди сабӯсиро омӯзгор аз осиёб барои пухтани нон ба хонааш мебарад.
-Дар ин тасвир чӣ ҷойи нофаҳмост?- пурсидам шигифтзада.
-Гандумро, ки орд карданд, пӯчоқи холияш мемонад ва онро сабӯс гӯянд,- тавзеҳ дод он ҳаводори адабиёт. –Пас, сабӯс, ки пӯчоқи холӣ беш нест, чӣ тавр орд мешудааст?
Ман он рӯзҳоро пеши назар оварда, дар посух ба мӯҷиби гулуямро фишурдани ҳасрату дард, ашк дар дидагонам ба пайдо омада, аслан забонам кунду карахт, ҳарфе ба забон оварда натавонис­там. Дарунакӣ гиристам. Дигар роҳеву илоҷе надоштам. Ба хубӣ дарк бояд кард, ки гоҳо ҳақиқати талхи зиндагӣ аз ҳама мантиқшиносию булфузулии мо болотар мебарояд. Нон! Неъмати волотарине, ки одамон ҳамеша ниёз бар он доранд. Аммо ҳине, ки оташи ҷанг аланга мезанад, магар барзгарро ёд аз киштааш меояд? Магар вай осудадилу ба майлу ҳоҳиши бепоён аз пайи парваридани ниҳоли гандум мешавад? Дареғо, ки бо шуруи ҷанги дохилӣ кишту зироат поймоли ҳайвоноту чорпоён гардид. Таъбирест хеле маъмул-«гурусна ба шер задааст». Ман он лаҳзаҳои сангинро, ки шоҳиди ҳол будам, дар навиштаҳои дигарам инъикос кардаам.
Сухан сари хӯшачинии бачагону духтарон ва занону модарон меравад. Ҳангоме ки гандум пухта мерасад, аз бенигоҳубинӣ хӯшаҳои пурбор хушк шуда ба замин мерехтанд. Ва занону бачагон ва духтарон халтаҳо дар даст сӯйи заминҳо мешитобиданд ва хӯшаҳоро чида, ба халтаҳо ҷо карда, ба хонаҳояшон меоварданд. Ва ин хӯшаҳоро дар офтобрӯя биншаста, бо аҳли хонадон бо кӯбаи чӯбин мекӯфтанду донро ҷудо мекарданд. Баъди чанд рӯз гандумро ба осиёб мебурданд. Ва орди андаки аз дони гандуми тозакардашудаи тайёрро оварда хамир мекарданду нон мепухтанд. Нони супсурхи навакак аз танӯр кандашуда чӣ тамъи болаззату ширин ва гуворое дорад! Аммо ин ҳаловату роҳат як ё ду рӯз идома меёфту халос. Чанд мушт гандуме, ки аз хӯшаҳои ҷамъоварда орд шуда, баҳри пухтани нон сарф гардид, тамом мешуд. Дафъатан ғаму ташвиши ҷустани гандуму ҷав ва орду пухтани чанд дона нон, ки аз қавли кампири Оламбибӣ, ба даҳони касе намерасид, фаро мегирифт одамонро. Рӯзҳои тиратарину маъшумтарин! Паси сар шуданд?! Оре, бо чӣ ранҷу азобҳо, ки тафсилоти он ҳама ногуфта беҳ!
Вале магар он айёми сангини мудҳишро метавон зуд фаромӯш кард? На, на! Ана барои чӣ ба инсон хотира лозим аст. Ба шарофати хотира одам ҳамвора ёди рӯзҳои талху дар вартаи ҳалокат қарор доштанашро пеши назар меорад, он мушкилию дармондагӣ ва рӯ ба раҳми тақдир дар аъроф монданашро таҳлил мекунад, хулоса мебарорад ва бо рӯзҳои неку фирӯзу файзбор муқоиса ва он рӯзгоронро чун хобҳои сиёҳу кобусӣ мепиндораду шукрона аз тақдиру аз тинҷию амониро ба ҷо меорад. Воқеан, аз қадимулайём одамон аз таҷрибаи зиндагӣ аз ҳикмате ёдовар мешуданд. Ҷанг бадбахтист, дар пайи наҳсию касофатӣ, хел — хел бемориҳои шадиди ҷисмонию гуруснагию бенавоӣ дорад. Ва бемориҳои вараҷа, исҳоли хунин, хоришак, варами меъдаву ҷигар, зарпарвину аз ин табор сирояткунандаро ба бор меорад ин ҷанг.
Аз дасти бечора мардум чӣ меояд? Замин сахту осмон баланд.
Шоҳиди ҳол будам. Қаҳтӣ низ чун балои осмонӣ зуҳур карда, одамон дар орзуи баҳори нозанин, ки алафу гиёҳҳои кӯҳӣ сар аз хок мекашанду аз ин неъмати беминнат ҳар гуна ғизову хӯрданӣ омода мекунанд, ба умед шомашонро ба субҳ мерасонданд.
Ёд дорам: дар деҳаҳои гирду атроф аз дарди ҷонгудози хоришак мардум ба табобат ба василаи олтингӯгирд шуруъ карданд. Табобату муолиҷаи гӯшношуниде! Охир, олтингӯгирдро, ки як навъ хокаи зардранг аст, дар боғзору токзорон барои нест кардани кирму канаю дигар ҳашарот истифода мекарданд. Ва дарди бедаво ончунон сокинони деҳу музофотро беқарор кардаву ҷонашонро ба лаб оварда буд, ки аз олтингӯгирд истифода менамуданд. Хокаи онро бо об омехта, ба бадан мемолиданд. Аммо ин «шева»-и табобат ҳеҷ суде намебахшид. Дардро чанд муддат таскин медод он ва дубора авҷ гирифта, аз худ дарак медод. На, на, он кас он азобҳову талхрӯзиҳоро фаромӯш мекунад, ки дар қафаси сина дил надорад! Имрӯз, мутаассифона, иддае аз кӯтаҳбинони хомандеш он рӯзҳоро ба боди фаромӯшӣ супурда, ҳар гоҳ дар хусуси ҷангу пайомадҳои барои мардум гарони он сухан равад, даст афшонда, хафаманду бедимоғ, ранҷишомез изҳор медоранд, ки чӣ лозим коҳи кӯҳнаро бод додан? Буд – набуд, гузашту рафт. Ин тарафи корро дидан лозим. На, ин андешаву пиндор комилан иштибоҳ аст, иштибоҳи маҳз. Мо бояд он айёми сангин, марҳалаҳои имтиҳони сарнавишт ва барои насли имрӯз омӯзандаву ибратангезро пайваста пеши назар орем. Дар суҳбату вохӯрӣ, ҳамоишу ҷамъомадҳо ба насли наврас ва ҷавонон хотиррасон ва талқину таъкид кунем, ки ба ғавру арзиш ва моҳияти худододи озодию варастагӣ ва амну амонӣ бирасанд. Бо ақли расо ва зеҳни гиро дарку фаҳм кунанд, ки ҷанг чӣ ниқоби сиёҳ дораду чун душмани ҷони инсон балову офатҳоеро ба зуҳур меорад.
Бигузор, ҷавонон он мушкилию машаққатро дар тасаввур зинда таҷассум намоянд ва ба гуруснагию қаҳтиро аз мадди назар дур насохта, ба қадри нони гарм, ки хушбахтона, имрӯз дар дукону мағозаву бозорҳо фаровонанд, бирасанд. Ношукриву посипосӣ накунанд, ки ба як дам хавфи аз каф берун шудани ин неъмат балои тану ҷон хоҳад буд. Бигузор, насли наврас ва -ҷавонон бо истимоъ кардани саргузаштҳои дардолуду аламнок ба қадри тандурустиву саломатӣ бирасанд, ки ин неъматест аз неъматҳои олию муъҷизаосои Офаридгор!
Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон ба гунаи муқаррар таъкид менамоянд, ки бояд ба қадри сулҳу амонӣ расид. Шукронаи Ватани ободу зиндагии осуда кард.
Дар воқеъ, пешрафту комёбиҳо ва дастовардҳое, ки тӯли зиёда аз 30 сол таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳо ба мардуми Тоҷикистон насиб шудааст ва дар хусуси ин музаффарияту муваффақиятҳо ҷилд – ҷилд китоб рӯйи чоп омадааст, ҳосили заҳмату талош ва ҷонбозиҳои фарзандони барӯманди миллат мебошад.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
Нависанда