Азбаски дар интиҳои асри XX ва ибтидои XXI тағйирёбии шадиди иқлим ба амал омада, хусусияти глобалӣ касб кард, он на танҳо ба атмосфера, балки ба гидросфера, криосфера, биосфера, техносфераю ноосфера низ таъсири манфӣ мерасонад ва бисёре аз соҳаҳои фаъолият ва ҷанбаҳои ҳаёти инсонро зери хатар мегузорад. Бояд ёдовар шуд, ки мушкилоти тағйирёбии иқлим ҳанӯз солҳои 70-80-уми асри пор мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифта, Созмони ҷаҳонии метеорологӣ ва Барномаи муҳити зисти СММ-ро водор сохт, то гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлимро (1988) таъсис диҳанд. Аз соли 1990 инҷониб аз тарафи гурӯҳи мазкур доир ба арзёбии тағйирёбии иқлим шаш гузориш (1990, 1995, 2001, 2007, 2014, 2022) омода гардида, гузориши шашуми арзёбӣ дар ҳоли коркард қарор дорад. Тибқи арзёбии гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим (ГКБТИ), идома ёфтани афзоиши партови газҳои гулхонаӣ дар охири асри ХХ, дар муқоиса бо сатҳи соли 1990 ба 1,4-5,5°C ба боло рафтани ҳарорати миёнаи кураи арз оварда мерасонад. Дар гузориши панҷум яке аз сабабҳои асосии гармшавии глобалӣ маҳз таъсироти антропогенӣ арзёбӣ гардида, нишон медиҳад, ки давоми солҳои 1880-2012 ҳарорати миёнаи сатҳи ҷаҳон тақрибан 0,85°С боло рафтааст. Ҳамчунин, тибқи гузориш оид ба илмҳои иқлимшиносӣ, ҳарорати миёнаи солонаи ҳавои наздизаминӣ дар тӯли 115 сол (1901-2016) тақрибан 1,0°С зиёд шуда, ин давра дар таърихи тамаддуни муосир гармтарин мебошад.
Бино ба маълумоти ГКБТИ, ҳарорати ҳавои наздизаминӣ ва уқёнус аз солҳои 1950 инҷониб дар раванди афзоиш қарор дорад. Бисёре аз ин тағйироти мушоҳидашуда аз ҷиҳати шиддат бесобиқа буда, дар Нимкураи шимолӣ давоми 1400 сол 40 соли охир солҳои гармтарин арзёбӣ мегарданд. Ҳарчанд болоравии ҳарорати ҳавои наздизаминӣ дар хушкӣ ва уқёнус аз соли 1880 то соли 2012 дар ҳудуди 0,65-1,06°С лаппиш мехӯрад, танҳо 50 соли охир тамоюли гармшавии бо суръат мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, тибқи тадқиқоти минтақавии тағйирёбии ҳарорат дар манотиқи гуногуни кураи арз, аз ҷумла, Осиёи Марказӣ метавон хулоса кард, ки гармшавии иқлим ба амал омадааст, зеро муқоисаи нишондоди миёнаи ҳарорат барои ду давраи сисола (1942-1972 ва 1973-2003) собит менамояд: қимати миёнаи ҳарорати солона дар ҳудуди Осиёи Марказӣ 0,5°С афзудааст. Ҳамчунин, мувофиқи маълумоти гузориши солонаи маҷмуӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар ҳудуди кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои соли 2014 ҳарорати ҳаво нисбат ба ҳарорати солҳои 1970 боло рафтааст. Тамоюли хаттии ҳарорати миёнаи солонаи глобалӣ бошад, дар солҳои 1976-2014 дар миқёси ҷаҳонӣ барои ҳар даҳсола 0,17°С ва дар қаламрави ИДМ 0,41°С афзудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳарорати ҷаҳонӣ тақрибан ду баробар баландтар мебошад. Дар баробари ҳарорат, тағйирёбии қимати боришоти атмосферӣ нишон медиҳад, ки дар Осиёи Марказӣ, махсусан, манотиқи атрофи баҳри Арал ва ноҳияҳои биёбонӣ (Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон) миқдори боришот дар давоми ҳар даҳсола беш аз 5% кам шудааст. Азбаски баландшавии ҳарорат дар хушкӣ ва Нимкураи шимолӣ нисбат ба сатҳи об ва Нимкураи ҷанубӣ то андозае баланд аст, шиддати тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ аз суръати миёнаи дар миқёси ҷаҳонӣ мушоҳидашуда ба маротиб бештар мебошад. Қимати тағйирёбии боришоти солона дар муқоиса бо маълумоти ҳарорат, ки дар тамоми минтақа, аз ҷумла, минтақаҳои кӯҳсори Осиёи Марказӣ тафовут доранд, фарқи калонро нишон медиҳанд.
Аз маълумотҳои илмӣ бармеояд, ки гармшавии шадиди иқлим дар тамоми Осиёи Марказӣ мушоҳида гардида, тамоюли зимистони гарм ва тобистони хушк дар аксари ноҳияҳои минтақа боиси таназзули пиряхҳо ва обшавии яхбандиҳои доимӣ дар кӯҳҳои Помиру Тён-Шон мегардад. Дар садаи охир камтар аз 1°С боло рафтани ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво майдони яхбандии кӯҳҳои Осиёи Марказиро беш аз сеяк кам кард. Давоми ин солҳо хавфи боришоти шадид, хушксолӣ, обхезӣ ва омадани сел низ хеле афзудааст. Албатта, тағйирёбии иқлим метавонад ба миқдор ва сифати захираҳои об ва динамикаи мавсимии онҳо, ба кишоварзӣ ва саломатии инсон таъсир расонад. Инчунин, мушкилоти мавҷуда, аз қабили биёбоншавӣ, таназзули экосистемаҳо ва захираҳои табииро низ метавонад шадидтар гардонад. Барои кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал, ки камбуди захираҳои обро аз сар мегузаронанд, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим ва захираҳои об дар рушди иқтисодӣ ва таъмини ниёзҳои ҳаётии оянда нақши асосӣ доранд. Зеро дар Осиёи Марказӣ, ба истиснои ноҳияҳои баландкӯҳ, ки дар ин ҷойҳо низ дарёҳо аз минтақаҳои аҳолинишину заминҳои кишт хеле пастанд, намӣ нокифоя ва дар аксар мавридҳо норасоии намӣ эҳсос мешавад. Ин ба кам будани шабакаи гидрографӣ вобаста буда, зичии шабакаи дарёҳо дар даштҳои биёбони Осиёи Марказӣ дар 1 км2 тақрибан 2 м (дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ дар 1 км2 аз 600 м зиёд мебошад) аст ва дар қисми шимолии ҳамвории Рус дар 1 км2 ба 300-350 м мерасад. Маълумоти метеорологии навоҳии кӯҳии Осиёи Марказӣ тамоюли бармалои гармшавии ҳаворо нишон медиҳад, яъне давоми 60-70 соли охир ҳарорат дар ноҳияҳои кӯҳсори минтақа ба ҳисоби миёна 0,3°С-1,2°С баланд шудааст. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон – 0,10°С (1940-2005), дар Данғара, Душанбе ба андозаи 0,5-0,8°С ва дар Хуҷанд ба миқдори 0,3°С баланд шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳии кишвар тамоюли болоравии ҳарорати солона 0,3-0,5°С-ро ташкил дода, дар баъзе манотиқи ҷудогона тамоюли пастравии ҳарорат ба назар мерасад. Масалан, дар Булункӯл давоми солҳои 1940-2005 ҳарорати миёнаи солона 1,1°С паст рафтааст, ки ин метавонад ба махсусиятҳои иқлими Помири Шарқӣ алоқаманд бошад. Бо вуҷуди ин, давоми солҳои мушоҳидавӣ, ҳатто дар минтақаҳои баландкӯҳ (бештар аз 2500 м) низ ҳарорати ҳаво 0,2-0,4°С афзудааст. Ҳамчунин, тибқи иттилои Ахбори сеюми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйирёбии иқлим аз соли 1976 то соли 2012 афзоиши ҳарорати мавсимӣ барои ҳар даҳсола дар зимистон +0,15°C, баҳор +0,3°C ва тирамоҳ +0,5°C буда, дар тобистон ҳарорати начандон гарм ва хунук (самти сифр) ба қайд гирифта шудааст. Дар манотиқи кӯҳсори Тоҷикистон, яъне водиҳои байникӯҳӣ ва ноҳияҳои кӯҳӣ бошад, тамоюли мазкур барои ҳар даҳсола +0,2°C-ро ташкил медиҳад ва дар навоҳии баландкӯҳ самти номуайян дорад.
Агар мувофиқи арзёбии гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим даҳсолаи охири асри ХХ, алалхусус, соли 1998 дар тӯли таърихи ченкуниҳои метеорологӣ то оғози асри XXI, аз ҳама давраи гармтарин бошад, пас тибқи иттилои Ахбори сеюми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйирёбии иқлим, дар таърихи мушоҳидоти метеорологӣ солҳои 2001-2010 гармтарин даҳсола ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра дар минтақаҳои бо баландии то 1000 м ҳарорати миёнаи даҳсола аз меъёр ба андозаи 1°C, дар баландиҳои 1000-2500 м 0,8°C ва дар навоҳии баландкӯҳ 0,2°C баланд шудааст. Аз ҷумла, соли 2001 бениҳоят гарм омада, ҳарорати миёнаи солона аз меъёр 1,0-1,6°C афзудааст ва дар солҳои 2004 ва 2010 низ ҳарорат дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳсор ба ин наздик шудааст. Ҳамзамон, миқдори рӯзҳои бо ҳарорати аз 40°C баланд дар водиҳо ва ҳамвориҳо афзудааст. Дар умум, тағйирёбии ҳарорати миёнаи солона нишон медиҳад, ки ҳарорати ҳаво тамоюли болоравӣ дошта, афзоиши солонаи ҳарорат ба ҳисоби миёна дар водиҳо 0,02°C ва дар минтақаҳои аз 1000 м баланд 0,01°C-ро ташкил медиҳад.
Ҳамин тавр, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим андешидани тадбири пешгирӣ ва усулҳои коҳиш додани оқибатҳо ва пайомадҳои ногувори онро дар бар мегирад. Ин беҳбудии таълим, баланд бардоштани огоҳӣ ва дараҷаи омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим ва инчунин, андешидани чораҳои қатъӣ, аз қабили шинондани растаниҳои ба хушксолӣ тобовар ва таҳким бахшидани корҳои соҳилмустаҳкамкуниро дар бар мегирад. Қобилияти оилаҳо (аҳолӣ) барои мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим аз сатҳи даромад, саломатӣ, дастрасӣ ба манзили бехатар, дастгирӣ аз хадамоти иҷтимоӣ ва сиёсати мақомоти давлатӣ (маҳаллӣ) вобаста мебошад. Зеро тағйирёбии иқлим аллакай ҳаёт, саломатӣ ва воситаҳои зиндагии садҳо миллион одамро зери хатар гузоштааст. Агар аз як тараф, болоравии ҳарорат ба ҳосилнокии рустаниҳо таъсири манфӣ расонда, ба афзудани офатҳои табиӣ мусоидат намояд ва имконоти зиндагиро коҳиш диҳад, аз ҷониби дигар, дар дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ, техникӣ ва ташкилӣ барои мутобиқшавӣ ба ин раванд ҳамасола норасоӣ мушоҳида мешавад.
Номвар ҚУРБОН,
муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, номзади илмҳои техникӣ