OLYMPUS DIGITAL CAMERA

ПИРЯХҲОРО ҲИФЗ МЕБОЯД

Муаммою зиддиятҳои экологӣ дар охири садаи 20 ва аввали садаи 21 яке аз сабабҳои баҳсҳои геополитикӣ дар ҷаҳони муосир гардида истодааст. Ҳоло масъалаи ҳифзи муҳити зист тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсониро фаро гирифта, ҳаллу фасли онҳо на танҳо дар доираи андешаҳои олимону мутахассисон, балки дар сатҳи роҳбарони кишварҳои олам низ мавриди арзёбӣ қарор меёбанд.
Тибқи маълумоти Ташкилоти байналмилалии муҳити зист, айни замон аз чор як ҳиссаи микроорганизмҳои хок дар замин нест шудаанд ва агар ин тамоюл минбаъд идома ёбад, баъд аз 40-50 сол аллакай 50 % миқдори микроорганизмҳои хок ба ҳадди нестӣ мерасад, ки ин ҳодисаи мудҳиштарини инқирози муҳити зист ба ҳисоб меравад.
Ба андешаи олимону коршиносон, масъалаи экологӣ силсилаи ҳалқаеро мемонад, ки бо ҳам робитаи ногусастанӣ дошта, дар мавриди канда шудани яке аз онҳо тамоми ҳалқа хароб мегардад.
Алҳол аз таҳлилҳои аксҳои кайҳонӣ бармеояд, ки дар сатҳи замин, зери омилҳои табиӣ – технологӣ дигаргуншавии босуръати муҳити зист ва заифшавии системаи экологӣ дар садаи 20 ба он дараҷае расид, ки айни замон устувории биосфера зери таҳдид қарор дорад.
Заифшавии системаи экологӣ, инқирози олами ҳайвоноту наботот, баландшавии ҳарорати глобалии сайёра, биёбоншавӣ, обшавии босуръати пиряхҳо ва ғайра ба ин мисол шуда метавонад. Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин омилҳоро хеле нозукона эҳсос намуда, феълан дар арсаи байналмилалӣ сиёсати экологиро ҳамчун яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатдории тоҷикон ба роҳ мондааст. Ҷаҳониён Тоҷикистони азизи моро на танҳо бо қуллаҳои сарбафалаккашидаи барфпӯш, чашмаҳои мусаффо, ёдгориҳои таърихию табиати афсунгар, балки бо ташаббусҳои башардӯстона – «Соли оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт», Соли ҳамкориҳо дар масоили об ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор: Солҳои 2018-2028» мешиносанд.
Ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат дар асри 21 ҳадафи стратегии навро барои инсоният ва таъмини ҳаёти арзандаи одамон эҷод намуданд.
Ҳокими САФАР,
ноҳияи Файзобод