МАНБАИ АСОСИИ ОБ

Тибқи маълумоти олимони ҷаҳон, дар сайёраи Замин хушкӣ ҳамагӣ 25 дарсадро ташкил дода, 75 дарсади дигарро уқёнусҳо, дарёҳо ва кӯлҳо ташкил медиҳанд.
Дар шароити имрӯза гармшавии ҳарорати ҳаво, обшавии пиряхҳо, хушк шудани чашмаҳову дарёчаҳои минтақаҳои аҳолинишин ва дигар паёмадҳои офатҳои табиӣ ба мушкилоти глобалии замони муосир мубаддал гашта, ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии сокинони осоиштаи рӯйи дунё рӯз аз рӯз таъсири манфии худро мерасонанд. Бинобар афзоиши шумораи аҳолӣ, рушди иқтисодӣ ва дигар мушкилоте, ки ба захираҳои табиӣ ва арзиши об таъсир мерасонад, бамаротиб зиёд шуда истодааст. Таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошти асосӣ аз авлавияти аввалиндараҷаи бахши об дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи асосии об пиряхҳо ва барфу борон ба ҳисоб мераванд. Масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даҳ як ҳиссаи масоҳати Осиёи Миёнаро ташкил медиҳад, лекин беш аз 60 фоизи обҳои Осиёи Миёна аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд.
Пирях як тӯдаи яхҳои табии рӯйи Замин мебошад, ки ҳамеша дар ҳаракат буда, дар як шабонарӯз аз якчанди сантиметр то даҳҳо метр ҳаракат мекунад. Пиряхҳо яке аз бойигариҳои беҳамто ва манбаи оби ширин ва ошомидании сарзамини Тоҷикистон мебошанд.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, дар Тоҷикистон беш аз 25 ҳазор дарё ва дарёчаҳо, то 14000 адад пирях ва кӯлҳои зиёде, ки дар онҳо 20 км3 обҳои нӯшокӣ захира шудаанд, ҷойгир мебошанд.
Муаммои тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои он, бахусус, обшавии босуръати пиряхҳо аз масъалаҳое мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистонро нигарон кардааст. Оқибати ин тағйирёбӣ ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ таъсиррасон буда, аллакай аз худ дарак дода истодааст.
Бояд зикр намуд, ки дарёҳои калонтарини Тоҷикистон (Сир, Зарафшон, Панҷ ва ғайра) аз пиряхҳо ибтидо мегиранд. Аҳамияти пирях бобати ба об таъмин кардани соҳаҳои гуногуни халқи мамлакат бузург аст. Қариб ҳамаи обҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд, барои нӯшидан ва истифода дар соҳаи кишоварзӣ мувофиқанд.
Пиряхҳо бошанд, асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландиҳои аз 3000м то ба 5300м аз сатҳи баҳр ҷой гирифтаанд. Дар таркиби пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб об захира шудааст, ки соле ба дарёҳо то 61,8 километри мукааб об ҷорӣ мегардад. Пиряхҳои аз ҳама калон дар қисми шимолу ғарбии Помир, ки дар он ҷо қаторкӯҳҳои Академияи илмҳои ҶТ, Дарвоз, Пётри Кабир, Ванҷ ва Язғулом мебошанд, мавҷуданд.
Масалан, бузургтарин пиряхи минтақа – Федченко, ки майдони калон ва системаи васеи қаторкӯҳҳоро ишғол менамояд, айни замон зери таъсири ҷиддии гармшавии иқлим қарор дорад. Дарозии он 77км ва паҳноии он аз 1700 то 3100 метрро ташкил медиҳад. Дар зарфи 70-80 соли охир қариб 44 км-и он об шудааст, ки боиси талафёбии пиряхҳо гардида истодааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пиряхҳои хурду бузур дар нуқтаҳои баландтарини кӯҳҳои Тоҷикистон дар қуллаи Исмоили Сомонӣ, ки баландии он аз сатҳи баҳр (7495м) ва дар қуллаи Абуалӣ ибни Сино, ки баландии он аз сатҳи баҳр (7134м) мебошанд, ҷойгир шудаанд.
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, махсусан, ҳудуди Тоҷикистон, ки яке аз манотиқи ба тағйирёбии иқлим осебпазир мебошад, бинобар сабаби баланд шудани ҳарорат, кам шудани миқдори боришот ва дигар омилҳои метеорологӣ захираи пиряхҳо коҳиш ёфта истодааст. Чуноне мутахассисон муайян кардаанд, дар ҳолати об гардидани тамоми пиряхҳои олам сатҳи об дар рӯйи Замин то ба 64 метр боло мебарояд. Ин на танҳо боиси зери об мондани як қисмати бузурги сайёраи мо ва маҳв шудани зиндагӣ дар бисёре аз шаҳрҳову давлатҳо мегардад, балки дар тамоми гӯшаҳои дигари сайёра инсониятро бо мушкилоти гароне рӯ ба рӯ менамояд. Тағйирёбии иқлим дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боиси афзудани ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумла, тармафароӣ, сел, обхезӣ, ярч, хушксолӣ, хурӯҷи бемориҳои сироятӣ, заминҷунбӣ, нобуд шудани набототу ҳайвонот, талаф ёфтани сокинони осоишта гашта истодааст.
Пиряхҳо намнокии ҳаво ва сарфи оби дарёҳоро ба танзим медароранд. Аз даврони пасошуравӣ то ба ҳол аз се-як ҳиссаи ҳаҷми пиряхҳои кишвари мо аз сабаби гармшавии зиёд об шудаанд, ки боиси камшавии пиряхҳо гардидааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти обшавии пиряхҳо як барномаи давлатӣ ва ду стратегия қабул намуд, ки онҳо амал карда истодаанд.
Боз як ифтихори дигари миллати мо он аст, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии СММ дар иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, якдилона бо аксарияти овозҳо қабул кард ва дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо, ҳамзамон дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кишварҳои узви СММ пазируфта шуд.
Дар асоси ин қатънома, 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Ва имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили мубрами сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешсаф дар ҷои аввал қарор дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилал ҳамчун давлати ташаббус­кор маҳсуб ёфта, доир ба оқибатҳои ногувори вазъи иқлими ҷомеаи ҷаҳон ҳамарӯза тадбирандешӣ мекунад.
Меъмори аввалини давлати миллии тоҷикон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба суннат ва анъанаҳои миллӣ тавонистанд, пеш аз ҳама, муаррифгари кишвари худ бошанд. Месазад, бо ин шахсияти таърихӣ, ки иродаи неку устуворро соҳибанд, ифтихор намоем, то давомдиҳандаи кору пайкори тоҷикони тоҷдор бошем.
Саъдулло МАҲКАМОВ,
рӯзноманигор,
шаҳри Истаравшан