ҒАМХОРӢ БА ТАБИАТ

Аз рӯйи таҳқиқоти мутахассисони соҳа, солҳои охир коҳиши пиряхҳо дар кураи Замин мушоҳида мешавад. Пиряхҳо захираи асосии оби соф ба ҳисоб мераванд ва обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобаста аст, имкон дорад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи оби баҳрҳо бетаъсир нест. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бояд обро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт кунем, чунки бе об дар олам ҳаёт вуҷуд надорад.
Бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ – Федченко дар Тоҷикистон, тӯли 70-80 соли охир, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, бештар аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шуда истодааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.
Таъсири гармшавии глобалӣ омили коҳиши назарраси креосфера гардида, боиси халал ёфтани устувории минтақаҳои баландкӯҳ ва захираҳои об дар ҳавзаҳои дарёҳо шуда истодааст. Ин омил ба кам шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии маҳаллӣ, афзоиши норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳр таъсир мерасонад.
Зарару зиёни обхезиҳо дар ояндаи на он қадар дур шояд аз хисороти бомбаҳои ҳастаӣ дида харобиовартар гардад. Аммо пешгирӣ ва ҳифз намудани онҳо имконпазир аст. Ҳифзи пиряхҳо бо реҷаи миллӣ ва байналмилалӣ, ҳамчунин, ташаббусҳои давлату созмонҳои байналмилалӣ роҳандозӣ мешавад. Дар сатҳи байналмилалӣ иқдоми ҳимояи пиряхҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ намуд, ки аз ҷониби СММ ва кишварҳои гуногун ҷонибдорӣ гардид. Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни эътилофи обу иқлим Роҳбари давлат зикр карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Ин иқдом 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ зимни иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи «2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард.
Дар ҳама ҳолат бо табиат мубориза бурдан хатост. Бо табиат ҳамкорӣ шарти беҳтарин аст. Имрӯз табиат ҳар як «бо ангушт задани инсон»-ро «бо мушт» ҷавоб дода истодааст. Заминларза, сӯхторҳо, хушксолиҳо, обшавии пиряхҳоро ҷавоби табиат ба инсон гӯем, хато намекунем. Гармшавии ҳаво, боронҳои шадид ва селу лағжиши кӯҳпораҳо ба минтақаҳои кӯҳистон таҳдид мекунад. Сохтмони иншоот ва биноҳо дар ин гуна минтақаҳо эҳтиёткориро талаб мекунад. Назорати касбӣ ва қонунӣ бояд пурзӯр бошад. Соҳилмустаҳкамкунии дарёҳо ҳангоми обхезӣ дар баҳорон шарту ҳатмист.
Шумораи мутахассисони фанҳои дақиқ ва соҳаи барқро хуб омода намуда, теъдоди онҳоро афзудан лозим аст. Ҳамчунин, онҳо, хуб мешуд, дар давлатҳои ба мо дӯст ба таълимоти махсус фаро гирифта мешуданд.
Ҳафиза БЕГОВА,
омӯзгор