SONY DSC

ПИРЯХИ КАЛОНТАРИН КАДОМ АСТ?

1. Соли 2018 муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и АМИТ ба фаъолият оғоз намуд.
2. То соли 2025 дар назар аст, ки иборат аз 12 ҷилд «Атласи пиряхҳои Тоҷикистон» чоп шавад.
3. Ҳоло беш аз 6 ҳазор пирях дар ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.
4. Дар байни солҳои 2030-2050 имкони аз байн рафтани пиряхҳое, ки аз 1 км2 масоҳати кам доранд, вуҷуд дорад.
5. Дар қаторкӯҳҳои Зарафшон, Ҳисор, Олой ва Туркистон масоҳати пиряхҳо 1500 км2 буда, калонтаринаш пиряхи Зарафшон мебошад, ки масоҳати он 41 км2 буда, 25 км дарозӣ дорад. Он дар баландии 4200-4500 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад.
6. Дар Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи пиряхҳо «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» қабул шудааст, ки ба ин мақсад аз буҷаи давлатӣ 25 млн. 367 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
7. Дар Осиёи Марказӣ масоҳати умумии пиряхҳо 17-18 ҳазор км2-ро ташкил медиҳад, ки қисми зиёди он дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир аст.
8. Дар ҳудуди Тоҷикистон 8492 пирях мавҷуд аст. Масоҳати умумии онҳо 8476 км2 мебошад ва 60%-и масоҳати Тоҷикистонро фаро гирифтаанд. Ҳаҷми онҳо 507 км3 мебошад.
9. Калонтарин пиряхҳои Тоҷикистон Федченко, Грумм – Гржимайло, Бивачий, Гармо, Гандо, Зарафшон, Ҷамъияти ҷуғрофӣ, Савуқдараи Калон ва Хирсон мебошанд.
10. Дар 50 соли охир 1000 пирях дар Тоҷикистон ба нестӣ расидааст, ки аз се як ҳиссаи умумии пиряхҳоро ташкил медиҳад.
11. 14.12.2022 Иҷлосияи 77-уми СММ соли 2025-ро бо тарафдории 153 давлати аъзо – «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон намуд ва бунёди ҳифзи пиряхҳоро таъсис дод.
12. Масоҳати умумии пиряхи Федченко бо ҳамаи шохаҳояш 68,7 км2, дарозиаш 77 км, қисмати болоии он бо ҳамҷояшавии ҳамаи қабатҳои он 6280 м, ғафсии ях то ба 70-80 м расида, ҳаҷми умумии он 130 км мебошад ва адар баландии то 3000 км аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Паҳноии он 3-5 км2 буда, дар он 100 км3 об зихара шудааст ва дорои 50 шохоб аст. Пиряхи Федченко ба китоби «Рекордҳои Замин» дохил шудааст.
13. Иҷлосияи 77-уми СММ 21-уми мартро Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуд.
14. Даҳ дар сади рӯйи Заминро пирях пӯшондааст.
15. Дар байни солҳои 2020-2100 нисфи пиряхҳои дунёро хавфи нобудшавӣ таҳдид дорад.
16. 80-90%-и оби ширини нӯшокӣ аз ҳисоби пиряхҳо ҳосил мешавад.
17. Пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 км3 оби тоза медиҳанд.
18. 71 ҳиссаи Заминро об ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб оби пиряхҳо 1,86% буда, дар гидросфера дар шакли сахтӣ (пиряхӣ) тақрибан 2% мебошанд.
19. Пиряхҳои кӯҳӣ 11%-и масоҳати сатҳи хушкиро ташкил медиҳанд. Ин ба 16 км3 баробар буда, ҳаҷми умумии онҳо дар умум 30 млн. км3 мебошад.
20. Обшавии пиряхҳои Арктика, Антрактида, Гренландия метавонад тағйироти ҷиддие дар экосистемаи ҷаҳон ба миён орад.
21. Вазни миёнаи як айсберг (пирях) тақрибан 20 тонна мебошад.
Таҳияи Ҳасан АЛИМЗОДА,
омӯзгори МТМУ №10-и ноҳияи Айнӣ