ГУСТАРИШГАРИ ХИРАДУ МАЪРИФАТ

Дар назди шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон бо ташаббуси омӯзгори собиқадор, раиси иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми шаҳр Акбаралӣ Усмоналиев маҳфиле бо номи «Корвони маънавиёт» таъсис дода шуд. Ин «Корвон» дар айёме «ба роҳ баромад», ки ҷумҳурӣ дар вазъи гароне қарор дошт, оташи ҷанги дохилӣ хомӯш нашуда буд, давлати тоза ба истиқлол расидаи тоҷикон аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳолати асафборе дошт.
Танҳо нахустибтикороту нахустгомҳои қотеъона ва созандаи ҳукумати навтаъсиси ҷумҳурӣ бо сарварии ҷавонмарди далеру ватандӯст, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарораҳои умед дар дилҳо падид меоварданд.
Чӣ маҳфиле буд «Корвони маънавиёт», чӣ матлабу ҳадафҳоеро пайгирӣ мекард ва чӣ зарурате дар он овони пурошӯб муҷиби таъсиси он гашт?
Ба ин суолҳо таъсисгари маҳфил Акбаралӣ Усмоналиев посух мегӯяд.
– «Корвони маънавиёт» маҳфили методию илмӣ, амалию назариявӣ ва ҳуқуқию маърифатӣ буда, мунтазам фаъол аст ва ҳамоишҳояш ба таври сайёр воқеъ мегарданд. Маҳфил оғози пуршукӯҳе дошт. Дар ҳамоиши нахустини маҳфил раиси вақти шаҳри Гулистон, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва гурӯҳе аз адибону рӯзноманигорон ширкат доштанд. Ин соли 1993 буд. Айёме буд пурошӯбу печида ба уфуқи тира. Соҳаи маориф низ вазъе ногувор дошт. Давомот дар мактабҳо дар сатҳи паст буду омӯзгорон бештар аз гиреҳкушоии мушкилоти оилавиашон меандешиданд. Қисмате тарки пеша гуфтанд, иддае аз пайи ҷустуҷӯи ризқу рӯзӣ аз ҳудуди шаҳру кишвар берун рафтаанд. Бо мушоҳидаи ин ҳолат мо тасмим гирифтем, ки маҳфиле таъсис бидиҳему омӯзгорони фаъолу садоқатпешаро ба ҳам орем ва пеш аз ҳама, баҳри ҳифзи мақому мартабаи аҳли маориф, фаъолсозии ҷараёни таълиму тарбия ва тавзеҳу баррасии аҳдофу ибтикороти ҳукумати тозатаъсиси ҷумҳурӣ ба шарофати Иҷлосияи XVI Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтугӯю мубодилоти афкор биороем, омӯзгоронро ба идомаи кори таълиму тарбия дилгарм созем ва аҳли ҷомеаро ба дастгирии соҳаи маориф, ба ҳамкорию робитаи доимӣ бо омӯзгорону таълимгоҳҳо дар чунин рӯзгорони пуртазод даъват намоем. Мо «Корвон дар шоҳроҳи ваҳдату маърифат»-ро шиор пазируфтем, нишони маҳфилро низ муқаррар кардем. Барои расидан ба нахустҳадафҳои худ «Корвон» кӯшиши зиёде ба харҷ дод ва хушбахтона, ба комёбиҳо мушарраф гашт. Чун дар кишвар тадриҷан сулҳу ваҳдат ҳукмрон гашту марҳалаи вусъати созандагиву бунёдкорӣ дар тамоми соҳаҳо оғоз ёфт, маҳфили мо ҳадафҳояшро мушаххастар ва бештар иртиботманд ба соҳаи маориф кард:
— такмили сатҳи дониши омӯзгорону роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва хонандагон;
— омӯзиш ва тавзеҳу баррасии санадҳои ҳуқуқию меъёрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— ташкили суханронию мубоҳисаҳо оид ба роҳҳои самарабахши идораи соҳаи маориф;
— мусоидат ба таъмини натиҷабахшию судмандии истифодаи методҳои таълиму тарбия, ташкили мубодилаи таҷрибаи пешқадами педагогӣ;
— дастгирии омӯзгорони эҷодкор, мусоидат ба вусъати худомӯзии аҳли таълиму тарбия…
Маҳфили «Корвони маънавиёт» аз нуҳ зермаҳфил иборат буда, ҳар маҳфил номи худро дорад: «Эҳсон», «Забон», «Ирфон», «Роҳбарон», «Волидон», «Устодон», «Шодон», «Мизбон» ва «Сорбон». Аъзои ин маҳфилҳо мутобиқан омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик, омӯзгорони забони давлатӣ, роҳбарони муассисаҳои дахлдори шаҳр, падару модарон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҳаводорони илму фарҳанг, созмондеҳону нақшаороёни маҳфилҳои навбатӣ ва роҳбарони зермаҳфилҳо мебошанд.
***
Корвондори «Корвони маънавиёт» Акбаралӣ Усмоналиев умре дар соҳаи маориф заҳмат кашидааст ва ҳоло ба синни 70 расидаасту хушо, ки ҳамоно азму ирода ва кӯшишу ғайрати ҷавонмардона дорад ва аз кори расмӣ дар шуъбаи маориф канор рафта бошад ҳам, бо «Корвони маънавиёт» аст, роҳбарии онро ба дӯш дорад ва барои муҳтавоманду судбахш баргузор гаштани ҳар як ҳамоиши маҳфил тадбирандешӣ мекунад, ба роҳбарони зермаҳфилҳо дастур медиҳад, маълумотномаҳои ҷолиби методию маърифатӣ дастрас менамояд. Маъмулан маҳфилҳои «Корвон» дар мавзеъҳои гуногун – таълимгоҳҳои шаҳр ва деҳоти дуру наздики ҳудуди шаҳр баргузор мешаванд. Омӯзгорон то он дараҷа иштиёқманду ҳаводори маҳфиланд, ки солҳои аввал (он ҳангом воситаҳои нақлиёт хеле кам буданд) баъзан 10-15 км роҳро пиёда тай карда, ба маҳфилгоҳи навбатӣ ҳозир мешуданд. Чун узвият ба «Корвон» озоду ихтиёрист, тадриҷан аз ҳисоби зиёиёни шаҳр теъдоди аъзои он хеле афзуд. Ба ин муқаддамтар аз ҳама, барномаи рангину таваҷҷуҳбарангези маҳфил мусоидат кард.
Дар ҷараёни маҳфилҳо ҳеҷ расмияте эҳсос намешавад; дар мавзуи муайян ҳозирини маҳфил озодона суҳбату баҳсу мунозира мекунанд, ба хулосаҳое мерасанд, пешниҳодҳое ба миён мегузоранд ва гоҳе доираи суҳбатҳо ноаён вусъат меёбаду домани гуфтугӯҳо ба масоили марбут ба навгониҳои илму фарҳанг, вазъи сиёсии ҷаҳон, рухдодҳои навини кишвар… кашида мешавад. Ҳамчунин, дар доираи маҳфилҳо омӯзгорон ва меҳмонони «Корвон» аз кору омоли якдигар огаҳӣ пайдо мекунанд, дар бораи навгониҳо дар таълимгоҳашон суҳбат меороянд. Дар маҳфилҳои алоҳидаи «Корвон» китобҳои тозанашри марбут ба фанҳои таълимӣ, асарҳои нави адибони тоҷик, мақолаю рисолаҳои ҷолиби нашрияҳои ҷумҳурӣ дар меҳвари баррасию мубоҳиса гузошта мешаванд.
Дар ҳар маҳфил аз мазмуну муҳтавои шумораҳои навини ҳафтаномаи «Омӯзгор» ва маҷаллаҳои мансуб ба соҳаи маориф сухан ба миён овардан ҳукми анъанаро гирифтааст.
Устод Акбаралӣ Усмоналиев хислати наҷибе дорад; хеле маърифатгарою хирадпарвар аст. Доираи мутолиаи васеъ дорад ва ба қавле, ягон гӯшаи рӯзномаю маҷаллаҳои тозанашр аз назараш дур намемонад. Ҳар як нуктаи ҷолиб, сухани дилчаспро ёддошт ва чун дастовез дар маҳфили навбатӣ пешниҳоди аҳли зиё мекунад. Ба ин гуна, дар шумори ҳикматҳои зиёде, аз ҷумла, ҳикматҳои зер мавриди қабули хотиру мулоҳизарониҳои аҳли «Корвон» зимни чанд лаҳзаи маҳфилҳо шудаанд: «Имрӯз ту он кореро бикун ки, дигарон онро кардан намехоҳанд. Фардо ту ончунон зиндагӣ мекунӣ, ки дигарон чунин зиндагӣ кардан наметавонанд (Чарет Лето). «Кори некро ба фардо нагузоред, зеро кашолкорӣ аз рӯи ақл нест, аксаран хатар дар фарҷом дорад» (Сервантес). «Машварат кардан дар корҳо аз қавииродагии мардум мебошад» (аз «Сиёсатнома»). Ҳамчунин, бо эҳтимоми А.Усмоналиев маҳфилҳои алоҳидаи «Корвони маънавиёт» ба ҷашнвора табдил меёбанд ва ба ҷашнҳои миллӣ, рӯзҳои таърихӣ, рухдодҳои фараҳбахшу мондагор дар ҷумҳурӣ бахшида мешаванд. «Ман ҳамон вақт аз кори «Корвон» қаноатманду масрур мешавам, ки таъсири онро тавассути омӯзгорон дар мактабҳову дар дарсҳо, дар хулқу атвори шогирдон ва тавассути аъзои дигари маҳфил – волидону зиёиён дар хонадонҳову муассисаҳо, дар байни мардум ба мушоҳида бигирам ва ё аз ин хусус паёме аз ину он бишнавам»,- ин гуна таманною армон дорад раҳбарони «Корвон».
***
Перомуни фаъолияти «Корвони маънавиёт» якчанд хабару мақола дар нашрияҳои кишвар рӯйи чоп омадааст.
Дар ситоиши маҳфил тақрибан ҳар як зиёии шаҳри Гулистон бо майли том сухан мегӯяд, изҳори сипосу қаноатмандӣ ва ифтихор мекунад. Инак, барчидае аз мулоҳизоти аъзову ҳаводорони ин маҳфили ҷолибу ҷозиб.
Илҳом Мадализода, собиқ корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, узви ИЖ Тоҷикистон:
– Банда ҳар як машғулияти «Корвони маънавиёт»-ро ҳамчун сабақе оид ба донишандӯзӣ, инсоншиносӣ ва худогоҳӣ мешуморам. Ин маҳфили такомули маҳорати касбии омӯзгорӣ ва ҳодии фарҳангу маърифат навгониест дар соҳаи маориф. Чун қофиласолорест, ки ҳамагонро ба ҷодаи омоли нек ва ба арсаи садоқату хирад раҳнамоӣ дорад.
Мехоҳам чанд нукта нисбат ба як зермаҳфили «Корвони маънавиёт» – «Имкон» бигӯям. Дар ин зермаҳфил мулоқоту вохӯриҳо бо шахсиятҳои барҷастаи ҷумҳуриву вилоят ва шаҳр баргузор мегарданд. Иштироки ходимони давлатӣ, олимону шоирон ва ашхоси рӯзгордида, ба андешаи мо, ба машғулиятҳо таровату нафосат ва маънавияти дигареро зам намуда, аъзои «Корвон» сабақи одамияту худшиносӣ, худогоҳиву фидокорӣ, муруввату меҳнатдӯстӣ, накукориву некандешӣ, росткориву ростқавлӣ ва ҳалимиву хоксорӣ меомӯзанд.
Ғозибой Яҳёев, омӯзгор, узви маҳфили «Корвони маънавиёт»:
– Банда аз он ифтихормандам, ки аз оғози таъсисаш бо маҳфили «Корвони маънавиёт» ҳамкорӣ дорам.
Маҳфил дар тӯли фаъолияти пурсамари худ дар пешрафти соҳаи маорифи шаҳр саҳми назаррас гузошта, дар бозомӯзии роҳбарони муассисаҳо, муовинон, омӯзгорон, омӯзиши забонҳо, махсусан, забони давлатӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, тарбияи мутахассисони ҷавон дар руҳияи хештаншиносӣ ва меҳанпарастӣ, муаррифии шахсиятҳои гуногун дар байни ҷомеаи меҳнатӣ ва ташвиқи таҷрибаи пешқадам саҳми назаррас мегузорад.
Саиднисо Васитова, омӯзгор, гузоришгари «Корвони маънавиёт»:
– Ин корвон бори маънӣ мекашад. Агар гӯем, ки он худ як мактаби таҷриба аз дун­ёи маонӣ аст, хато нахоҳем кард. Марому пешаи он ғанӣ гардонидани маънавиёти ҳамагон, бахусус, кормандони соҳаи маориф аст. Дар заминаи маслиҳату машварат ва нақшаҳои муайян машғулиятҳои маҳфил ҳамеша судманду манфиатбахш мегузаранд.
Аз ҳоли ҳамдигар воқиф гаштан, бохабар шудан аз вазъи таълимгоҳҳои шаҳр, ислоҳи камбудиҳо, ҷустан ва дарёфти истеъдоду маҳорату малакаҳои қобили қабул маҳаки асосии фаъолияти «Корвони маънавиёт» мебошад.
«Корвон» равон аст. Роҳи он равшану фарох ва бардавом бод! Зеро он ҳар куҷо, ки меравад, аз маърифат, аз маънавиёт, аз муомилаҳои пурҷабҳаи инсонӣ, аз фарҳангу адабиёт, аз меҳру сидқ, аз ишқи пок, аз дӯстию садоқати одамон, аз илму ирфон бори маънӣ мебарад.
****
Андаке омор: Дар дарозои сӣ сол дар ҳамоишҳои маҳфили «Корвони маънавиёт» беш аз 500 омӯзгор, 1800 зиёӣ (ба истиснои аҳли маориф), 1200 падару модар, 350 намояндаи мақомоти гуногуни давлатӣ, 12000 хонанда ширкат варзидаанд. Дар ин давра маҳфил бо ҳадафи такмили сатҳу сифати таълиму тарбия ва беҳдошти муҳити маънавӣ 1520 тавсияю пешниҳод ва дастур ба миён гузоштааст. Фаъолияти «Корвони маънавиёт» марҳала ба марҳала вусъат меёбад, фарогиртар, ҷозибаноктар мешавад…
Аз барои «Корвон»-и пурсамар
Роҳ бодо бардавому бехатар!

Абдурауф МУРОДӢ,
«Омӯзгор»