ҲИКОЁТИ ДИЛАНГЕЗ

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои нашри асарҳои зиёди бадеӣ дар мамлакат замина гузошт. Ба наздикӣ китоби наве бо номи «Ҳикоёти латиф» бо иқдоми Маркази омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри адабиёти ҷаҳон дар таҳия, танзим ва тасҳеҳи Муҳаммадҷон ва Муҳаммадиқбол Шокирзодаҳо ба нашр расид, ки гулчини ҳикоёти пандомӯз ва танзу зарофатомезро дар бар гирифтааст.
Пешгуфтори китоб бо номи «Ҳи­коёти латиф дар иборати салим» ба қалами номзади илми филология Шодӣ Шокирзода тааллуқ дорад. Маҷмуаи мазкур бо ибтикори шарқшиноси маъруфи англис Френсис Гледвин мураттаб гардида, бори аввал соли 1801 дар Калкутта ва сипас дар Лондон бо забони англисӣ чоп шуда буд. Интишори он бо ду забон – тоҷикӣ ва англисӣ барои ононе, ки мехоҳанд аз тариқи забони тоҷикӣ ба тақвияти забони англисӣ бипардозанд ва ё англисзабононе, ки забони ширини тоҷикиро беҳтар фаро гирифтаниянд, муфид хоҳад буд.
Китоб ҳафтоду шаш ҳикояи хурду бузургро дар бар гирифтааст. «Ҳикоёти латиф» 200 нусха дар матбааи «Меҳроҷ граф» ба чоп расидааст.

Ш. РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»