Омӯзиши ҷанбаи тарбиявии эҷодиёти адибон дар маркази таълими адабиёт дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ қарор дорад. Ба таъкиди муҳаққиқон, адабиёт неруи тавонои тарбиявист ва ҳадафи асосии он низ ба некию накукорӣ ва рафтору гуфтори шоиста ҳидоят кардани ҳамагон мебошад. Адибон бо эҷоди ҳар асари худ ҳадафи онро доранд, ки ба одамон барои дар зиндагӣ фаъолу муваффақ шудан мадад расонанд, ба онҳо роҳи росту дурусти ҳаётро нишон диҳанд. Бисёр воқеъ гардидааст, ки маҳз пас аз мутолиаи амиқи ин ё он асари бадеӣ ашхоси алоҳида аз аъмол ё аҳдофи ношоистаи худ даст кашидаву ба накуандешию накукорӣ гаравидаанд. Борҳо хондаем, ки нафаре навишта ё гуфтааст: «Пас аз мутолиаи фалон асар ман дар ниҳоди худ дигаргуние эҳсос кардам, дарёфтам, ки нек чисту бад чист, чӣ кор бояд карду аз чӣ коре худдорӣ бояд намуд». Адиби варзидае иброз доштаст, ки агар асари маро хонда, нафаре аз кардаи нохубаш пушаймон шавад ва зиндагие фаъолона пеш гирад, худро хушбахт ва тирамро баҳадафрасида ҳисоб мекунам. Дар эҷодиёти пурмуҳтавои Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири бузурги миллат, устод Мирзо Турсунзода низ ҷанбаи тарбиявӣ хеле қавӣ ва таъсиргузор аст. Шоир дар тамоми навиштаҳояш тарбияи инсони неку шоистаи замон, фаъолу некаъмол ва хушбоварро мақсаду мароми асосии хеш донистааст. Дар осори устод Мирзо Турсунзода образи инсоне барҷаста офарида шудааст, ки ҳамрозу ҳамдами аҳли ҷомеа, бунёдкору пешрав ва созандаву комёб мебошад. Шоири иродатманд ҳамагонро ба дӯст доштани зодбум, халқи азизи хеш, Модар – Ватан, зиндагӣ ва ҳамеша фаъолу қавиазм будан даъват мекунад. Чунонки муҳаққиқони мероси адабии шоир таъкид кардаанд, дар осори ӯ, махсусан, таваҷҷуҳ ба мавзуи Ватан ва ватандӯстӣ дар сатҳи баланд қарор дорад. Ин то ба дараҷаест, ки устод Турсунзода дар арсаи адаб ҳамчун шоири ватансаро номвар гардидааст. Ин мавзуъ ҳам дар силсилаи ашъор ва ҳам дар достонҳои шоир чун хуршед дар само медурахшад. Қариб дар ҳар як навиштаи устод Турсунзода хонанда ба вожаи Ватан дучор меояд. Вақте ки шоир Ватан мегӯяд, суханаш бештар меҳрбор мешавад, бештар самимият пайдо мекунад ва бештар гуворо ба гӯш мерасад, дилҳоро тасхир мекунад. Ҳамеша ва дар ҳама ҷо бо фикру зикри Ватан буданашро шоири маҳбуби халқи тоҷик худ дар шеъри машҳури «Ватан» ба тариқи хеле муассир ва бо самимияти баланд ба қалам додааст:
Агарчи борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,
Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дӯстон машҳур,
Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр
Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.
Дар шеърҳои «Чаманистон», «Хайр, модари азиз!», «Мамлакати тиллоӣ», «Бахти ҷовидон», «Замин», «Кӯҳ», «Сайри қитъаҳо»… низ мавзуи Ватан ва ватандӯстӣ мавқеи барҷаста ва ҷилои мафтунсоз дорад. Муҳаббати самимӣ дар оғози шеъри «Чаманистон» ҳеҷ як хонандаро бетарафу бепарво гузошта наметавонад, меҳри ӯро ба Ватани азиз дучандон мекунад:
Қурбони ту, эй диёри ишқам,
Боғу чамани баҳори ишқам.
Баски ба ту сахт меҳр бастам,
Бо номи ту сарбаланд ҳастам.
Байти ҷамъбастии ин шеър нидое мебошад, ки ба умқи дилҳо мерасад, корагар мешавад ва ифтихори ватандории ҳар фардро таҳрик мебахшад:
Эй хурраму сабз боғу бӯстон,
Эй машъали Шарқ – Тоҷикистон!
Ғояи ватандӯстӣ дар достонҳои шоир низ барҷастаю бавусъат аст. Ҳатто ду достони ин фарзанди баруманди миллат бо истифода аз вожаи «Ватан» номгузорӣ шудааст: «Барои Ватан» ва «Писари Ватан».
Омӯзгоронро мебояд, ки дар дарсҳои забону адабиёт, дар соатҳои тарбиявӣ ва ҷашнвораю маҳфилҳо аз ашъори ватандӯстонаи устод Мирзо Турсунзода дар таълиму тарбияи шоистаи насли наврас пурсамар истифода намоянд.
Ҷаҳоноро БОБОБЕКОВА,
омӯзгори забон ва адабиёти
Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода