Заминаи асосии ташаккули кӯдак ва инкишофи маънавии ӯ ба тарбияи дурусту ҳадафмандонааш вобаста мебошад. Тарбия неруи тавоно ва омили асосии инсонсоз буда, фардои кӯдак ба он ҷиддан алоқаманд аст. Ҳар қадар тарбия фарогир ва муассир бошад, ҳамон қадар кӯдак муваффақ хоҳад буд. Ба қавле, кӯдак ҳукми гулро дорад, онро бояд парвариш кард, об дод, аз ҳар гуна ангезаи зиёновар ҳифз бояд намуд, то бишкуфаду рангу бӯи тоза дарёбад. Тарбия дар оилаву кӯдакистон ва дар байни ҷомеа оғоз меёбаду дар мактаб ба маҷрои асосӣ ва ҷиддитарину бомаром дохил мешавад. Агар тарбия аз зинаҳои аввал дурусту устувор ба роҳ монда нашавад, фардо дер хоҳад шуд, ончунон ки об агар аз сарчашма лой бошад, минбаъд соф кардани он басо душвор хоҳад буд. Шоири тавоно Абушакури Балхӣ ин маъниро дар қитъае шеър дар сатҳи баланд тавсиф бахшидааст:
Ба ҳангоми барноию кӯдакӣ
Ба дониш тавон ёфтан зиракӣ.
Дарахте, ки хурдак бувад, боғбон
Бигардонад ӯро, чу хоҳад чунон.
Чу гардад калон, боз натвонадаш,
Ки аз каҷҷию хам бигардонадаш.
Ин нуктаро, махсусан, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бояд ҳамеша дар мадди назар дошта бошад. Ҳама гуна рафтори ношоистаро дар баробари дар амали шогирдон ба мушоҳида гирифтан ба таври махсус маҳкум бояд кард. Ин маврид на аз танқиду эътирози шадиду дағалона ва тақиромезу рӯйрост, балки аз овардани ҳикояту далелу мисолҳои ҳикматбор кор бояд гирифт. Яке аз хислатҳои ношоиста, ки байни кӯдакон маъмул аст, дурӯғгӯист. Кӯдакон аз нофаҳмӣ, роҳи халосӣ ҷустан, тарс, худнамоӣ, баҳонаҷӯӣ ба дурӯғгӯӣ роҳ медиҳанд. Омӯзгор дар сурати дурӯғеро дар гуфтори шогирдон ба мушоҳида гирифтан, нахуст, бояд сабаби онро ба қадри имкон муайяну ошкор кунад. Сониян, ба тавре ки дар боло гуфтем, ба хонанда бифаҳмонад, ки ин гуфтааш ба ҳақиқат мувофиқ нест ва набояд дигар чунин рафтор кард.
Ба таври маълум, илоҷи ҳама гуна ҳодисаи нохушоянд пешгирии он аст. Дар такя бар ин нукта, омӯзгорони синфҳои ибтидоиро мебояд, ки бо хонандагон дар лаҳзаҳои мувофиқ оид ба зиёну оқибатҳои ногувори дуруғгӯӣ суҳбатҳои тарбиявӣ биороянд. Барои ин дар баробари таъкидҳои муқаррарӣ истифода аз панду андарзҳо, шеъру ҳикоятҳо ва намоишҳои видеоӣ хеле муфиду таъсиргузор ва самаровар хоҳад буд. Танҳо тафсири ҳикмати халқии «Умри дурӯғ кӯтоҳ аст» ба шогирдон ҷаҳоне таассурот хоҳад гузошт. Адиби маъруфи кӯдакон Азизи Азиз бо номи «Дурӯғ» қиссае дорад, ки хеле ҳикматомӯз аст. Дар он саргузашти кӯдаки мактабхоне оварда мешавад, ки бо баҳонаи дар зодрӯзаш ба мактаб нарафтан дурӯғ гуфта, ба модараш ва худро бемор вонамуд мекунад. Ҳодисаҳои нохуши минбаъдаи қисса, ки ҳама аз як дурӯғ маншаъ мегиранд, боиси саргардониҳои зиёди падару модар, ташвиши омӯзгорону ҳамсинфон ва шахсони дигар мешаванд ва вазъи рӯҳии кӯдаки дурӯғгӯро гарон месозанд. Оқибат дурӯғҳо фош мешаванду он кӯдак пушаймону хиҷолатзада мемонад… Нақли мазмуни ин қисса дар чанд суҳбат ба хонандагон бисёр муфид хоҳад буд. Ба шогирдон супориш бояд дод, ки қиссаи «Дурӯғ»-ро худ мутолиа кунанд.
Шоирони тоҷик дар ашъори худ дурӯғу дурӯғгӯиро сахт маҳкум кардаанд. Се далел:
Касеро, ки бошад забони дурӯғ,
Чароғи дилашро набошад фурӯғ.
Фирдавсӣ
Забоне, ки бошад бурида зи ҷой,
Аз он беҳ, ки бошад дурӯғозмой.
Асадии Тӯсӣ
Дурӯғ одамиро кунад бевиқор,
Дуруғ одамиро кунад шармсор.
Саъдӣ
Аз ин гуна абёт дар тарбияи кӯдакон зимни маҳкум кардани дурӯғгӯӣ васеъ истифода бояд кард.
Супориш низ бояд дод, ки хонандагон онҳоро азёд кунанд ва ба маънояшон таваҷчуҳ зоҳир намоянд.
Орифа МЕЛИКОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
мактаби №173-и ноҳияи Рӯдакӣ