ДОНИШ РАҲНАМОИ МОСТ

Агар илму дониш, фаҳмишу биниши мукаммал надошта бошем, мутахассиси хуби соҳаи хеш набошем, пас чӣ тавр ва бо кадом роҳ метавонем хизмати шоиста ба Ватан, сарзамини аҷдодиамон кунему кишвари худро ба яке аз давлатҳои пешрафтаи дунё мубаддал созем? Дониш дили моро мисли чароғ равшан мекунад. Инсони донишманд дар печутоби зиндагӣ бо донишу илме, ки дорад, дар ҳама гуна мушкилиҳо пирӯз мешавад, ба касе муҳтоҷ намегардад. Ба ибораи дигар, дониши инсон чун ҷавшанест, ки ӯро аз тамоми бадиҳо муҳофизат менамояд. Ба таъбири устод Рӯдакӣ: «Дониш андар дил чароғи равшан аст, В – аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст». Аз ин рӯ, бояд ҳар яки мо кӯшиш намоем, ки дониш биомӯзем ва тавассути он дар ҷомеа обруманду соҳибмартаба гардем, ба Ватани азизамон хизмат намуда, дар рушду ободии он саҳми назаррас гузорем. Дар баробари ин, ба ҳайси волидони масъулиятшинос барои босаводу донишманд ва соҳибҳунар тарбия кардани фарзандони хеш бояд тамоми талошро ба харҷ диҳем, ба раванди илмомӯзию донишазхудкунии хонандагонамон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, дар дилашон меҳру муҳаббати китобхонию китобдӯстиро бедор намоем.
Ҷойи баҳс нест, ки сарчашмаи асосии илму дониш китоб аст. Таъсиси озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» аз иқдомҳое мебошанд, ки боиси боз ҳам бештар рӯ ба мутолиаи китоб овардани кулли ҷомеа гардидаанд.
Ҳама навъи донишро инсон аз китоб гирифта, онро бо ақлу заковати хеш сайқал медиҳад ва баҳри беҳбудии рӯзгори худ ва пешравии ҷомеа истифода менамояд. Дониш инсонро ба қуллаҳои баланди эҷодӣ ва ба фаъолияти бавусъат мерасонад. Бояд донишомӯзӣ барои инсон вақту ҳудуди муайян надошта бошад.
Дар тамоми давру замон шахси донишманд мавқеи худро ёфта, соҳиби иззату эҳтиром мегардад. Дониш роҳнамо ва нурбахши зиндагии мост. Шахси комил ва бофазлу донишманд онест, ки пайваста ба мутолиаи китоб машғул аст. Илму устоду китоб ҳамеша дар зеҳни мо бояд бошанд, зеро ин ҳар се барои ояндаи дурахшони мо сабаб мешаванд. Ин нуктаро шоири маъруф Камолиддини Биноӣ низ таъкид кардааст:
Ҳурмати илму устоду китоб
Лозими ин раҳ аст аз ҳама боб.
Бо китоб ҳамдаму ҳамнафас будан бояд рисолати ҳар як сокини ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо бошад. Танҳо бо азхуд кардани донишҳои замонавии хеш ва дар амал ҷорӣ кардани илмҳои азхудкардаамон мо метавонем дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакат ҳиссагузор бошем.

Моҳсафар МИРЗОЕВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
гимназияи №74-и шаҳри Душанбе