РОҲИ РАСИДАН БА ҲАДАФ

Яке аз муҳимтарин самтҳои амалишавии ҳадафи чоруми старатегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, омода кардани мутахассисони соҳаи илмҳои дақиқ, аз ҷумла, илми химия мебошад. Дар муассисаҳои кишварамон таълими фанни химия ба роҳ монда шудааст. Дониши хонандагон аз ин фан чӣ гуна аст? Шавқу ҳаваси хонандагонро оид ба омӯзиши фанни мазкур чӣ тавр бояд хубтару бештар намуд? Пеш аз ҳама, насли наврас моҳият ва зарурати омӯзиши ин илмро бояд дарк намояд. Дарк кунад, ки пешрафти илми химия дастоварди бузург дар тараққиёти минъбадаи кишвар мегардад. Аз ин рӯ, аз ҳарвақта бештар рӯ ба омӯзиши ин фан овардан зарур ва муҳим мебошад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такрор ба такрор гуфта мегузаранд, ки эҳтиёҷ ба мутахассис дорем. Воқеан, барои фаъолияти корхонаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, саноати вазнин, саноати мошинсозӣ, саноати химиявӣ ва истеҳсоли ҳама гуна молҳои воридотивазкунанда, содироти маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ омода кардани мутахассисони соҳаи илмҳои дақиқ аз вазифаҳои асосӣ мебошад.
Барои истеҳсолот, пеш аз ҳама, ашёи хом лозим буда, дарёфти он на ҳама вақт мушкилу қимат аст. Масалан, барои истеҳсоли як қатор маҳсулоти гаронбаҳои химиявӣ: оксиген, нитроген, аммиак, нуриҳои минералии нитрогенӣ ашёи хом ҳаво мебошад. Ё худ аз таркиби нефт ба ҷуз он ки сӯзишворӣ мегиранд, дар натиҷаи коркарди химиявӣ маҳсулоти зерин истеҳсол карда мешавад: этилен, этанол, глитсерин, ҳалкунандаҳо, равғанҳои атторӣ, равғанҳои доруворӣ, антифризҳо, моддаҳои тарканда, нахи химиявӣ, каучуки синтезӣ ва амсоли инҳо. Ҳангоми пиролизи (пиролиз – дар муҳити беҳаво тафсондани ангиштсанг) ангиштсанг бошад, кокс, бензол, толуол, фенол, аммиак, сулфати аммоний, ҳидроген, метан, этилен истеҳсол карда мешавад. Ҳамчунин, барои истеҳсоли матоъ аз нахҳои табиӣ ва ё аз нахҳои химиявӣ истифода карда мешавад, ки чандон гаронбаҳо нест. Арзиши матоъ якчанд маротиба қимат аст. Ин ба сатҳу сифати истеҳсолот вобаста аст. Мисолҳои овардашуда далели равшане мебошанд, ки мутахассисони варзида метавонанд саҳми бузург дар пешрафти иқтисоди кишвар гузошта бошанд.
Соли 1936 академик А. Е. Ферсман навишта буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали зиндаи элементҳои химиявии Д. И. Менделеев аст. Ин сарватҳои зеризаминӣ: тилло, нуқра, алюминий, ванадий, сурб, сурма… бойигарии сарзамини моянд. Барои истеҳсоли филизот кушодани роҳ, манбаи энергия ва таъминоти соҳа бо техника ва технологияи муосир шарту зарур мебошад. Дар натиҷаи амалишавии се ҳадафи стратегии миллӣ: расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манбаи энергия, сармоя ва дастовардҳои хуб ноил шуд. Ба мутахассисони баландихтисос бошад, то ҳанӯз эҳтиёҷ мавҷуд аст. Бинобар ин, дар рафти амалишавии ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати кишвар ба масъалаи мазкур эътибори ҷиддӣ додан лозим аст.
Саҳми омӯзгорони фанни химияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар омода намудани мутахассисони баландпояи ин соҳа хеле калон мебошад. Зеро дар зинаи аввалин шавқу ҳаваси хонандагонро нисбат ба омӯзиши ин фанни калидӣ маҳз омӯзгор бедор мекунад. Яке аз самтҳои муҳимми омӯзиши фанни химия гузарондани таҷрибаҳо ва иҷрои корҳои амалӣ мебошад. Бинобар ин, дар доираи Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм барои пурра муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳи химиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ эътибори ҷиддӣ додан лозим аст. Ин имкон медиҳад, ки сатҳу сифати дарсҳои амалӣ аз фанни химия баланд, шавқу ҳаваси хонандагон зиёд ва донишашон мукаммал гардад.
Сайдулло НАСРУЛЛОЗОДА,
омӯзгори химияи МТМУ №53-и шаҳри Истаравшан