АЗ ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ ОҚИЛОНА БОЯД ИСТИФОДА БУРД

Забон ҳамеша ҳамқадами замон буда, тамоми таҳаввулоти дар ҷомеа рухдода дар он инъикос меёбад. Ҷомеа рушд мекунад, абзору олот ва таҷҳизоти наву гуногуни зиндагӣ ба вуҷуд омада, дар хидмати аҳли ҷомеа қарор мегиранд. Техникаю технологияҳои тоза бунёд мегарданд, ки қаблан бо чунин номҳо дар зиндагӣ вуҷуд надоштанд ва истифода намешуданд. Номи чунин техникаю воситаҳои нав сохташуда қариб дар аксар забонҳои дунё ворид мегарданд, ки ин амри табиист.
Дар ҷомеаи инсонӣ байни афроди ҷомеа муносибатҳои гуногун: сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва ғайраҳо ба вуҷуд меоянд. Дар олам кишваре вуҷуд надорад, ки бе доду гирифт бо давлатҳои дуру наздик арзи ҳастӣ кунад. Табиист, ки ин муносибатҳо, яъне рафтуомадҳо, тиҷорату савдо ва омилҳои дигаре боис мегарданд, ки калимаҳои як забон ба забони дигар гузаранд. Айни ҳамин ҳодисаҳо боис гаштаанд, ки калимаҳои забонҳои арабӣ ва туркӣ – ӯзбекӣ ба тоҷикӣ иқтибос шаванд. Баъзан калимаҳои иқтибосӣ дар ин ё он забон, ба хусус, дар забони тоҷикӣ, чунон ҳазм ё худӣ шудаанд, ки пай бурдан душвор аст, ки он вожаи бегона аст. Масалан, вожаи «китоб» аслан калимаи арабӣ мебошад, вале маълум нест, ки тоҷикиаш чӣ буда бошад?
Возеҳ аст, ки зимни иқтибос шудани калима аз як забони бегона ба забони тоҷикӣ раванди азхудкунии калимаҳо сурат мегирад. Дар ин хусус забоншиноси намоёни рус Н. М. Шанский менависад, ки «калимаи аз берун гирифта (аз забони дигар иқтибосшуда — С. А.) дар забони русӣ коркард гашта, ба қонуниятҳои фонетика ва грамматикаи забони русӣ, ба қоидаҳои калимасозию низоми маъноӣ (системаи семантикӣ) тобеъ гардонда мешавад. Ба гуфти лексикографи намоёни дигари рус А. В. Калинин, ҳангоми гузаштани вожаи забони бегона ба забони русӣ раванди азхудкунии он чунин сурат мегирад: «Калима аз лиҳози 1) графикӣ; 2) фонетикӣ; 3) граммматикӣ; 4) лексикӣ аз худ карда мешавад. Тибқи хулосаҳои дар асоси таҳқиқот бадастовардаи мутахассисон, иқтибоси калимаҳо ду паҳлу дорад: мусбат ва манфӣ. Агар дар ин ё он забоне, ки вожа иқтибос мегардад, муодилу калимаи ифодакунандаи он мафҳум вуҷуд надошта бошад, аниқ аст, ки он вожа бамавқеъ истифода шудааст ва забон ба ин васила захираи луғавӣ ё ба ифодаи дигар, лексикаи хешро ғанӣ мегардонад. Вале, дар сурате ки муодили тоҷикии калимаи иқтибосшуда дар забон мавҷуд асту бемавқею беҷо вожаи бегона дар забони тоҷикӣ корбаст гардад, баръакс, забон олуда мегардад, яъне ифлос мешавад, салосату нафосат ва равониашро аз даст медиҳад. Калимаи бидуни зарурат корфармудашуда забонро, чунон ки ишора кардем, гӯшхарошу дурушт мегардонад. Чунин вожаҳои иқтибосии бемавқею гӯшхарошкунанда дар забони тоҷикӣ фаровонанд. Вақти он расидааст, ки адибон тавассути осори тозаэҷодашон ва бо ёрии фарҳангу қомусҳои пешин калимаҳои ноби тоҷикиро, ки дар забон мавҷуданд, то ҳадди имкон дарёбанд ва иваз кунанд. Ҳамзамон, муҳаррирони асарҳои бадеӣ ва китобҳои дарсӣ низ дар ин самт корҳои назаррасро анҷом доданашон мумкин аст. Ҳақ ба ҷониби узви вобастаи АМИТ Мирзо Ҳасани Султон аст, ки менависад: «Рӯзгори файзбори Истиқлолият, ки барои тавсеаи доманаи корбурди забони модарӣ (тоҷикӣ — С. А.) дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа имконияти мусоид фароҳам овардааст, моро водор менамояд, барои густариши ҳарчи бештари забон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, мунтазами ғанӣ намудани таркиби луғавии он, ҳамчунин, ҳифзу нигаҳдошти асолати покизагии забони модарӣ ба таври дастаҷамъӣ камари ҳиммат бандем» («Забони пуё ва поё»).
Ба наздикӣ роҳбари муассиса супориш дод, ки китоби дарсиеро таҳрир намоям. Китобро гирифтам ва ба хондан пардохтам. Баъди хондани чанд саҳифаи китоб бо калимаҳои иқтибосии «ӯгай, тӯй, қишлоқ, қошуқ…» вохӯрдам. Ба худ андешидам, ки наход забони тоҷикӣ чунин камбағал бошад, ки калимаҳои фаровони туркӣ ҷойи калимаҳои аслан тоҷикиро ишғол кунанд? Аз рӯйи шунидам ва хондаам, забони шеъри туркӣ то қарни гузашта ҳафтод фисад аз форсӣ таркиб ёфта буд. Чӣ тавр шуд, ки чунин шуд?
Олжас Сулаймонов – шоири номвари қазоқ дар ин маврид чунин гуфтааст: «Чанде пештар ман китоби шоири туркро, ки дар қарни нуздаҳ зиндагӣ ва эҷод кардааст, хондам. Чун нафаҳмидам, дар шигифт мондам ва ба Муъмин сим кашидам, ӯ китобро ҳарф ба ҳарф ба ман чун аз форсӣ тарҷума кард. Забони шеъри туркӣ то қарни гузашта ҳафтод фисад аз форсӣ таркиб ёфта буд…» (аз мақолаи «Назаре ба осори Муъмин Қаноат»-и Олжас Сулаймонов).
Хеле авқот китобҳои бадеӣ ва қомусҳоро меҷустам, то бубинам, ягон нависанда ба ҷойи вожаи «ӯгай» калимаи тоҷикиеро истифода бурда бошад. Қисми дуюми повести «Маъвои дил»-и Раҳим Ҷалилро, ки ба ҳаёт ва зиндагии устод Мирзо Турсунзода марбут аст, хондам. Хушбахтона, он калимаи муодили «ӯгай»-ро пайдо кардам. Раҳим Ҷалил, ба андешаи мо, аввалин ва охирин адиби тоҷик аст, ки хостааст, бо истифодаи вожаи «ноҳамтан» (шакли дурусти калимаи мазкур «нотанӣ» мебошад) аз баҳри калимаи «ӯгай» барояд. «Ба фаранҷипартоӣ, мактабравӣ, пиллакаш шудани ӯ (Сабоҳат) на фақат бародарони ноҳамтани ӯ, балки хешовандонаш розӣ набуданд» («Маъвои дил», қитоби 2, 1983, саҳ. 232). Пас аз ин вожаи «нотанӣ»-ро дар фарҳангҳо ҷустуҷӯ кардам. Сароғоз «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони тоҷикӣ»-и устод Садриддин Айниро варақ задам. Дар он танҳо вожаҳои «модарандар» — модари ӯгай, зани падар (с. 216); «падарандар» — шавҳари модар, падари ӯгай (с. 282); «бародарандар» — бародари модаряки падарҷудо (с. 45) шарҳ дода шудаанд.
Дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ «(М., 1985) вожаҳои «модарандар» — моиндар, модарандар, модари ӯгай; «падарандар»- падари ӯгай (с. 470); писарандар – писари ӯгай (с. 687); хоҳари ӯгай; бародари ӯгай (с.997) истифода шудаанд. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (М.,1969) вожаҳои «модарандар» – модари ӯгай, зани дуюми падар, модари ғайриҳақиқӣ; модандар-шакли кӯтоҳшудаи модарандар (ҷ.1., саҳ.697). Падандар-падарандар, падари ӯгай (ҷ.2.,саҳ.5) мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Мураттибони «Фарҳанги форсӣ ба русӣ» (М. 1983) зери таҳрири Ю. А. Рубинчик вожаҳои «падарандар» (с.275), «модарандар» (с.438)-ро шарҳ дода, калимаи «нотанӣ»-ро ба ҷойи ӯгай (сводный брат//сводний сестра-бародар ва хоҳари ӯгай (ҷ. 2., саҳ. 597) кор бурдаанд.
Дар «Фарҳанги форсии Амид» (Теҳрон, 2535) вожаҳои «нотанӣ, модарандар ва падарандар» ба шакли зер шарҳ дода шудаанд: «Нотанӣ – бародар ё хоҳаре, ки аз як падару модар набошанд» (с.1017). «Модарандар» – зани падар, ғайримодари аслӣ, номодарӣ, модандар. Ва модарандар ва моиндар гуфта шуда (саҳ.903), модандар нигоҳ кунед ба модарандар. Падарандар – шавҳари модар, нопадарӣ ва падандар гуфта шуда.» (саҳ.258).
Ва шарҳи «Фарҳанги форсии доктар Муҳаммад Муъин (Теҳрон, 1375) чунин аст: «Нотанӣ»-1. Бародар ё хоҳаре, ки бо бародари дигар ё хоҳари хеш аз як падару модар набошад ва ё баръакс, бародарандар, нобаробарӣ. 2. Хоҳаре, ки бо як шахс аз як падар бошад, вале аз як модар набошад ва ё баръакс, хоҳарандар, нохоҳарӣ (ҷ.4.,саҳ.4535) ва вожаҳои мавриди ниёз чунин шарҳ дода шудаанд:
«Бародар андар-бародандар — бародаре, ки бо бародари дигар ё хоҳари хеш аз як падару модар набошад (ҷ. 1. саҳ. 492).
Падандар – шӯйи модар, нопадарӣ, падарандар (саҳ. 706-707).
Модарандар (моиндар) – модари шахсе, ки модари вай набошад; номодарӣ, модандар» (ҷ. 4., саҳ. 3682).
Ниҳоят, барои огаҳии комил пайдо кардан шарҳи батафсили «Фарҳанги форсии имрӯз»-ро, ки ба қалами Ғуломҳусейни Афшор, Насрин Ҳакимӣ ва Настаран Ҳакимӣ мансуб аст, пешниҳод менамоем: «Нотанӣ-1. Дорои (танҳо) падар ё модари муштарак (бародари нотанӣ, хоҳари нотанӣ). 2. Фарзанди зан ё мард аз ҳамсари дигар (писари нотанӣ, хоҳари нотанӣ). 3. Ҳамсари дигари падар ё модари шахс (падари нотанӣ, модари нотанӣ), (саҳ. 1105).
Модар-1. Ҷондори модае (ба вижа инсон), ки дорои фарзанд бошад. 2. Падидоваранда ё парваришдиҳанда (модари рӯзгор, модари меҳан). 3. Унвони эҳтиромомез барои занони солхӯрда (саҳ. 995). Модари ризоӣ-зане ҷуз модари шахс, ки ба ӯ шир дода бошад (саҳ. 996). Модари нотанӣ-номодарӣ, модарандарӣ (саҳ. 996). Нопадарӣ — марде ҷуз модари шахс, ки бо модари ӯ издивоҷ карда бошад; падари нотанӣ (саҳ. 1104). Нобародарӣ – бародари дорои падар ё модари дигар; бародари нотанӣ (1104). Нописарӣ-писари ҳамсари шахс аз зан ё марди дигар; писари нотанӣ. Бародар – ҷондори наре, ки (бевосита, инсон) бо дигаре дорои падару модар ё танҳо падар, ё модари муштарак бошад (саҳ. 196).
Бисёр муносиб мебуд, ки адибони соҳибзавқу олимони донишманду пухтакор барои таркиби луғавии забони тоҷикиро аз калимаҳои нодаркори иқтибосии туркиюласл сабукбор гадондан камари ҳиммат бубанданд. Дар қадами аввал забонро маҳз аз калимаҳои гӯшхарошу номуносиб бояд пок кард. Дар робита ба ин дар Рӯзи забони тоҷикӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: «Маданияти нутқ ва ҳифзи фасоҳату балоғати забони модарӣ бояд ҳамеша дар мадди назари мо бошад. Зеро эҳтирому қадр кардани забони модарӣ аз риояи меъёрҳои забони адабӣ ва одоби муошират вобастагии зич дорад. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба фарҳанги суханварӣ ва тарзи баёни хоси ин забони ширин пайваста диққат диҳем, забони равону шевои тоҷикиро аз ҳар гуна олоишҳои бегонаву нозарур нигоҳ дорем».
Саидамир АМИНОВ,
узви вобастаи Академияи
таҳсилоти Тоҷикистон