ХАЗИНАИ МУҲТАШАМИ ОБИ ТОЗА

САРВАТИ МИЛЛАТ
Тоҷикистони азизи мо, ҳарчанд «сарзамини камзамин» аст, дар қатори сарватҳои бузургу ҷовидонии маънавиаш дороиҳои камназири моддӣ низ дорад, ки шуҳратафзою файзу баракатбахши мамлакат гардидааст. Диёри биҳиштосои мо макони обҳои фаровони ширину мусаффост, қаламрави пиряхҳоест, ки дар онҳо миқдори зиёди оби софи нӯшиданӣ захира гардидааст. Пиряхҳо сарватҳои пурарзиши миллат ва умеди сабзу хотири ҷамъи ҳамагонанд.
Сарзамини кӯҳсори моро кӯҳҳои сафеди ях шаҳомату сарвати бештаре ато кардаанд. Ба қадри онҳо бояд расид, онҳоро ҳифз бояд кард, нисбат ба онҳо эҳтиёткору ғамхор бояд буд. Имрӯз андешаи қисмати пиряхҳо (лозурҳо)-ро ба сар дош­тан камоли масъулияти ҳар фарди ватандӯст ва баору номуси миллат аст.
Дар фикри нишоти анҷуман бояд буд,
Ғамхору накухоҳи Ватан бояд буд.
ҒАМХОРИ БАШАР
Дар сарчашмаҳои зиёде зикр гардидааст, ки тоҷикон табиатан мардуми дилсӯзу меҳрубон ва ғамхори ҳамагонанд. Абармардони ин миллати бостонгуҳар ва меҳрпарвар таъкид кардаанд, ки «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем», зеро «Банӣ одам аъзои якдигаранд». Дар сиришт ва рафтору гуфтор, дар корномаи фарзанди бузурги халқи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин хислати ҳамидаи азалии тоҷикон бештару равшантар ифода ёфтааст. Сарвари кишвари мо дар баробари он, ки ҷумҳуриро муваффақонаву шарафмандона, дар мизони адлу инсоф роҳбарӣ мекунанд, диёри азизамонро аз як қаламрави ихтилофбору ҷангзада ва қашшоқу ғоратшуда ба сатҳи мамлакати ваҳдатошён, озоду обод, пешраву шукуфо расонданду ба созандагию бунёдкорӣ, дӯстию рафоқат ривоҷ бахшиданд ва некуаҳволии ҳамагониро таъмин бинмуданд, нисбат ба вазъи ҷаҳони муосир, мушкилоти аҳли сайёра бетарафу бепарво намонданд, балки ҳамчун як узви фаъолу нексиришти сайёра ҳар дарду ғами аҳли Заминро ба гунаи дарду ғами худ пазируфтанд ва аз минбарҳои баланду бонуфузи ҷаҳонӣ баҳри бартарафсозии аҳлонаи кулли мушкилоти сокинони ҳама қитъаву кишварҳо садо баланд карданд. Ҳамин аст, ки имрӯз Президенти муҳтарами ҷумҳурии моро дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун ташаббускори бартарафсозии як қатор хавфу хатарҳои ҷаҳонӣ ва сарвари тамаддунпарвару ғамхори тамоми сокинони сайёра эътироф кардаанд.
ТАШАББУСҲОИ БАШАРДӮСТОНА
Ташаббусҳои созандаву башардӯстонаи Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои об, экология, татбиқи барномаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва сулҳофаринӣ аз тарафи аҳли сайёра ҳамовозии самимӣ пайдо карданд ва ҳама бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботманданд.
Дар шароити тағйирёбии иқлим масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва бунёди захираҳои оби тозаи нӯшиданӣ ба яке аз масоили асосӣ ва бағоят муҳимми ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Бо иртиботу пешниҳод ва ташаббусҳои Сарвари кишвари мо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид (аз соли 2003 то имрӯз) борҳо тадбирҳои судманди сатҳи байналмилалӣ эълон кардаву амалӣ шудаанд: Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»… Соли 2022 панҷумин ташаббуси Сарвари кишвари мо оид ба масоили обу иқлим мавриди пазириш қарор гирифт. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025 ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон кардани 21 март қарор қабул кард.
Тасмими навбатии СММ обрӯю эътибор ва мавқеи Тоҷикистонро дар паҳнои ҷаҳон боз ҳам афзунтар сохт.
Тоҷикистонам, хушо, бо Пешвои пуртавон
Обрӯят боз ҳам афзуд дар сатҳи ҷаҳон.
КӮҲҲОИ ЯХИН
Пиряхҳо ҷузъҳои муҳимми биосфера мебошанд ва дар танзими вазъи экологии сайёра нақши муҳим мебозанд. Онҳо кӯҳҳои яхини устуворро мемонанд, ки захираҳои асосии обро дар худ ҳифз мекунанд ва аз ин рӯ, ҳар хатар ба пиряхҳо аслан хатар ба ҳаёти тамоми ҷаҳониён аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни аксар суханрониҳояшон ҳамбаста бо талошҳо ва ҳадафҳои судманд ба хотири масоили глобалии марбут ба об ва обшавии босуръати пиряхҳо пайваста таъкид мекунанд, ки идома ёфтани ин ҳолат ояндаи инсониятро зери хатар мегузорад. Гармшавии афзояндаи иқлим, ифлосшавии ҳаво, бештаршавии истихроҷи газҳои гулхонаӣ ва ҳодисаҳое амсоли инҳо сабабгори шиддат ёфтани обшавии кӯҳҳои яхин шудаанд.
Ҳамчунин, ифлосшавии пиряхҳо ҳодисаи ташвишовар аст. Ифлосшавии пиряхҳо дар ядроҳои конденсатсионии сунъӣ ҳангоми бориш ва намии аэрозолҳои антропогенӣ ба амал меояд, ки ҳодисаи ифлосшавии аэрогенӣ номида мешавад.
Вақте ки моддаҳои заҳрогин дар таркиби пиряхҳо пайдо мешаванд, ин ҳолат минбаъд ба олудашавии дарёҳову пиряхҳо боис мегардад. Ба таъкиди олимон, бештари обҳои нӯшиданӣ маҳз аз пиряхҳо ҳосил мешаванд ва ин аҳамияти пиряхҳоро дар тамоми сайёра боз ҳам меафзояд. Аз ин ҷост, ки дар аксар давлатҳои ҷаҳони бонуфузтарин идораву марказҳои илмӣ, пажуҳишгоҳу академияҳо ва озмоишгоҳҳо махсус ба омӯзишу таҳқиқи пиряхҳо машғуланд.
ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастуру ҳидоятҳои дурандешонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи пешгирии обшавии пиряхҳо ва коҳиши офатҳои табиӣ корҳои зиёдеро роҳандозӣ намудааст. Қабули «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақша-чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» аз ин ҷумлаанд. Таъсиси Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» қадами ҷиддӣ ва омили асосии комёбиҳо барои татбиқи умдатарин масоили ҳамбаста ба омӯзиш, таҳқиқ ва ҳифзи пиряхҳо гардид. Ин марказ панҷ сол аст, ки фаъолияти пурсамар дорад ва корҳои зиёди манфиатборро анҷом бахшидааст. Марказ бо беш аз сӣ муассисаи илмию пажуҳишии ватанию хориҷӣ ҳамкорӣ дорад. Дар ин замина директори марказ, профессор А. Қаюмов дар Конгресси байналмилалии обуҳавошиносӣ (КБО), ки дар Швейтсария баргузор шуда буд, ширкат варзида, оид ба қабули стратегияи КБО ҷиҳати омӯзиши пиряхҳо ва қабати барф барои солҳои 2020-2030 суханронӣ кард. Роҳандозии барномаи SRM ва MODSNOW – тариқи моҳворавӣ омӯхтани қабати барф ва ҳаҷми оби дарёҳои ҷумҳурӣ, ташкили шабакаи мониторинг ва омӯзиши пиряхҳо бо шаш адад пойгоҳи автоматикии дар баландиҳои 3500-3800 метр аз сатҳи баҳр насбшуда, омӯзиши тавозуни масса дар 5 номгӯй пиряхҳо, корбасти моделиронӣ оид ба баҳодиҳӣ ва пешгӯии ҳолатҳои кӯлҳои пиряхӣ, фаъолияти 52 экспедитсияи илмии тадқиқотӣ ва амсоли инҳо аз ҷумлаи корҳоеянд, ки марказ дар сатҳи баланд иҷро кардааст. Маркази омӯзиши пиряхҳо сомона, маҷалла («Киосфера»), осорхона, намоишгоҳ ва аспирантураи худро дорост. Соли равон бо ибтикори кормандони марказ нақшаи чорабиниҳо оид ба дар сатҳи баланд баргузор намудани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳия гардид, ки хеле фарогиру муҳтавоманд аст.
Директори Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ, профессор Абулҳамид Қаюмов изҳори боварӣ мекунад, ки Тоҷикистон дар заминаву дастуру пешниҳодот ва ташаббусҳои судманду созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу омӯзиши пиряхҳо ҳамчун манбаъҳои бузурги оби тоза дар арсаи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои барҷаста ноил хоҳад гашт.
ТАМАННОИ ҲАМАГОН
То ки фардо низ фаррухрӯз бошанд одамин,
Ташналаб то ҳеҷ як фарде набошад дар Замин,
То ки ҳар марзе бувад сарсабзу поку нозанин,
Устувор, эй кош, монад то абад кӯҳи яхин.

М. ШАРИФОВА,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик,
ноҳияи Шаҳринав