ҲИФЗИ САРВАТҲОИ ТАБИӢ

Мувофиқи арзёбии олимон, тақрибан даҳ аз сади масоҳати Заминро пиряхҳо, яъне барфҳои бисёрсола фаро гирифтаанд. Ин ҷисмҳои азими ях 80 аз сади захираи оби ширини сайёраро дар худ маҳфуз медоранд. Нақши пиряхҳо дар эволютсия ё худ таҳаввулоти кураи Замин ва инсоният хеле бузург аст.
Пиряхҳо аз ҷиҳати андоза ва шакл хеле фарқ мекунанд. Ба намуна 75 аз сади масоҳати Гренландияро ва қариб ҳамаи сатҳи Антарктидаро пиряхҳо ишғол мекунанд. Майдони пиряхҳо дар ин ҷойҳо ба ҳазорҳо километри мураббаъ мерасад. Бузургтарин пирях дар Аляскаи Амрикои Шимолӣ кашф шудааст. Ғафсии бузургтарин пирях дар ҷаҳон 4330 метрро ташкил медиҳад. Он дар Антарктида дар наздикии истгоҳи Ричард Берд ёфт шудааст. Мувофиқи таҳқиқоти олимони соҳа, суръати ҳаракати пиряххо хурд буда, дар як шаборӯзӣ 32 метр будааст. Пиряхи Таку дар Аляска дар давоми 52 сол бо суръати 106 метр дар як сол ҳаракат кард.
Дар даҳсолаҳои охир дар ҷаҳон баландшавии мизони миёнаи ҳарорат ба мушоҳида мерасад. Ин падидаи ба «натиҷаи амали гармхонаҳо», ки ба ифлосшавии ҳаво иртибот дорад, вобаста аст. Саранҷоми ин рухдод обшавии пиряхҳо ва хеле кам шудани майдони онҳо мебошад. Имрӯз дар тамоми ҷаҳон пиряхҳо босуръат кам мешаванд. Тахмин мезананд, ки то соли 2100 нисфи пиряхҳои кӯҳии ҷаҳон аз байн хоҳанд рафт. Тақрибан 1,5-2 миллиард нафар одамоне, ки дар кишварҳои мухталифи Осиё, Аврупо ва Амрико зиндагӣ мекунанд, ба душвории камбуди об дучор мегарданд ва дарёҳое, ки аз пиряхҳо сарчашма доранд, хушк мешаванд. Дар баробари ин, сатҳи баҳрҳо, уқёнусҳо баланд шуда, заминҳои назди соҳилҳо зери об мемонанд. Ва ин падидаи фоҷеабор, ба рушди зироаткорӣ ва зиндагии мардум таъсири ногувор мерасонад. Яъне обшавии пиряхҳо башарро бо афзоиши масоили глобалии экологӣ рӯбарӯ месозад.
Истеъмоли об дар ҷаҳон, аз ҷумла, дар соҳаи саноат дар тӯли зиёда аз 100 сол бо суръат афзоиш меёбад. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, тақрибан 700 миллион нафар дар 43 кишвари ҷаҳон дар шароити норасоии оби тоза зиндагӣ ба сар мебаранд. Ба гуфти олимон, то соли 2025, дар сурати наандешидани чораҳои таъҷилӣ, ҳудуди 3 миллиард нафар бидуни оби ошомиданӣ ва маишӣ мемонанд. Тақрибан дар байни солҳои 2035 ва 2045 ҳаҷми оби тозаи истеъмолшуда ба захираҳои он баробар мешавад. Тибқи аснод, танҳо 2,5 аз сади оби мавҷуд дар Замин ширин ва муносиб ба нӯшидан аст. Норасоии оби тоза метавонад боиси мушкилоти ҷиддии иҷтимоии марбут ба саломатии инсон гардад. Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, 88 аз сади бемориҳо дар ҷаҳон вобаста ба сифати пасти оби ошомиданӣ ва камбуди об барои поккорӣ будааст.
Мисолҳои зиёде аз боиси даргириҳои мусаллаҳонаи байни давлатҳо гардидани камбуди об мегӯянд. Дар даҳсолаи охир ин гуна ихтилофҳо дар 46 кишвари ҷаҳон, ки 2,7 миллиард аҳолӣ доранд, рух додааст ва дар 56 кишвари дорои 1,2 миллиард аҳолӣ хатари ҷиддии бесуботии сиёсӣ вуҷуд дорад. Ба вежа, бо бад шудани муҳити зист ихтилофи миёни давлатҳои минтақаҳои Шарқи Наздику Миёна, Осиёи Миёна ва Африқои Шимолӣ зиёд хоҳад шуд.
Имрӯз барои ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати муосири мансуб ба об ва роҳу усулҳои илман асосноки ҳалли мушкилоти он зарур мебошад. Дар ин замина, сиёсати об бояд яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб равад. Он бояд дастгоҳи асосӣ барои таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии давлат ва амалисозии ҳадафҳои миллӣ бошад.
Омӯзиши амиқи масоили ҳалли мушкилоти обӣ, сиёсати одилонаи марбут ба он дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дарки нақш ва таъсири он ба равандҳои геполитикии муосир дар минтақа имрӯз хеле мубрам ва муҳим аст. Мақсад аз зик­ри нуктаҳо, равшан намудани мазмуну моҳияти иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои марбут ба об ва истифодаи муассиру оқилонаи он буда, ҳадафи калидии онҳо, ба фикри мо, ҳалли яке аз мушкилоти умдаи башарият, яъне раҳоӣ аз буҳрони обӣ ба ҳисоб меравад. Дар даврони ҷаҳонишавии олами муосир гирифтори буҳронҳои шадиди сиёсӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ буда, буҳрони марбут ба оби тоза аз ҷумлаи муҳимтарин ва мушкилтарини онҳост.
Ҳамаи ин ташаббусҳои Пешвои тоҷикони ҷаҳон танҳо як ҳадаф доранд – бунёди минбари универсалӣ ва бисёрҷанба барои муҳокима ва ҷустуҷӯи роҳҳои оқилонаи ҳалли мушкилоти марбут ба захираҳои об. Муаллифи ҳама ташаббусҳои ҷаҳонии марбут ба захираҳои об Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо андешаҳои созандаи худ дар соҳаи истифодаи захираҳои об обрӯву мартабаи байналмилалии Тоҷикистонро боло бурд.
Ба ҳамин хотир, иқдоми наву созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эълон шудани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми ҳар сол таҷлили «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва инчунин, таъсиси «Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки барои наҷоти башар нигаронида шудаанд, боиси дастгирии ҳамаҷониба буда, роҳ ба сӯйи ояндаи дурахшони Замин ва башарият аст.
Асадбек ТЕМИРОВ,
донишҷӯи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров