МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ – ГАРАВИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

Аз вақте ки инсон дар замин арзи ҳастӣ намуд, дар фаъолияти худ ба табиат таъсир расониду мерасонад. Дар нимаҳои қарни 20-ум таъсири одам ба табиат афзоиш ёфта, ба неъмату сарватҳои табиат қаноат накарда, ҳарҷи бештар барои ба даст овардани ин боигариҳои табиӣ талош анҷом додааст.
Дар китоби «Авасто», дар баробари рафтори неку пиндори неку кирдори нек, одамон ба муносибати оқилона ба табиат даъват карда мешаванд.
Илм собит намудааст, ки яке аз унсурҳои асосии ҳаёт — об дар сайёраи замин тақрибан 4-4,5 миллиард сол пеш аз ин дар натиҷаи бархурди замин бо сайёраҳои дигар пайдо шудааст. Пиряхҳо навад дар сади оби тозаи сайёраи моро ташкил медиҳанд. Масоҳати аз ҳама калони яхпӯши баҳрӣ уқёнуси Яхбастаи шимолӣ буда, тақрибан ба 12 600 000 км мураббаъ мерасад. Масоҳати аз ҳама калони яхбандии қитъавии дар Антарктида буда, тақрибан 13802000 км мураббаъро ташкил медиҳад.
Бузургтарин пирях на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари Осиёи Марказӣ пиряхи Ванҷях (пештара Федченко) мебошад, ки дар баландии беш аз 6 ҳазор метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дарозии пирях зиёда аз 70 км, барои 2 км, ғафсии ях 1 км мебошад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки тӯли 70-80 соли охир пиряхи Ванҷях зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он 44 км мукааб кам шудааст. Дар давоми 30 сол дар кӯҳҳои Помир захираҳои пиряхҳо ду баробар кам шудааст. Мутахассисон муайян кардаанд, ки пиряхи Хирсон, воқеъ дар саргаҳи дарёи Ванҷоб ба масофаи 3 метр қафотар рафтааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 947 дарё мавҷуд буда, ин дарёҳо аз барфу борон, чашмаҳову пиряхҳо ғизо мегиранд. Пиряхи Зарафшон дар қаторкӯҳҳои Зарафшон дар баландии то 5200 м ҷойгир буда, дарозияшон 41 км мебошад, масоҳаташ 132,6 км² мебошад. Пиряхшиносони тоҷик суръати ақибнишинии пиряхи мазкурро ҳисоб карданд ва маълум шуд, ки аз соли 1960 то соли 2019 акибнишинии он 4,8 километрро ташкил медиҳад. Тибқи ҳисобҳо, суръати ақибнишинии он дар як сол 80 метрро ташкил дода истодааст. Коршиносон ба ин натиҷа расидаанд, ки бахши зиёди пиряхҳои Тоҷикистон дар марҳилаи таназзул, яъне ақибнишинӣ қарор доранд ва воқеан кам шудани дарозии пиряхҳо, мутаносибан, боиси кам гаштани масоҳат ва ҳаҷми онҳо хоҳад гардид.
Аҳамияти пиряхҳо ба сифати манбаҳои асосии захираҳои об дар таъмини аҳолии сайёра ба ин неъмати табиӣ, ки сарчашмаи ҳаёт аст, хеле муҳим мебошанд. Обшавии босуръати пиряхҳо яке аз масъалаҳои нигаронкунандаи дар сатҳи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, оқибатҳои манфиро ба бор хоҳад овард. Мутобиқи хулосаи муҳаққиқон, дар сурати обшавии пиряхҳои олам сатҳи об дар рӯйи замин ба 64 метр боло хоҳад рафт.
Пиряхҳо барои экосистема хеле муҳим арзёбӣ мегарданд. Ҳаёти бисёр намудҳои ҳайвонот бевосита аз ҳолати пиряхҳо ва обшавии онҳо вобастагии зич дорад. Аз сабаби обшавии пиряхҳои кӯҳӣ саршумори баъзе ҳайвонот кам шуда, бархе намудҳои он ҳатто ба нестӣ мерасанд.
Ба туфайли обшавии пиряхҳо ва гармшавии иқлим минтақаи зиндагӣ ва нашъунамои ҳайвонот ва наботот тағйир хоҳад ёфт — онҳо дар қисматҳои болотар паҳн мешаванд. Инчунин, обшавии пиряхҳо барои экосистема оқибатҳои манфии зиёде дорад, ки ин боиси обхезиҳо, бедор шудани вулқонҳо, нарасидани оби нӯшокӣ, офатҳои иқлимӣ ва ҳатто муноқишаҳои минтақавӣ мегарданд.
Аз нарасидани оби нӯшокӣ дар қитъаи Осиё зиёда аз 1 миллиард нафар, дар Африқо 350 млн дар Америкаи Лотинӣ бештар аз 100 млн одамон танқисӣ мекашанд. Тибқи иттилои мутахассисони СММ ҳар 5-умин одами сайёра ҳар рӯз аз нарасидани оби нӯшокӣ вафот мекунад. Ҳамасола қариб ним миллион нафар аз бемориҳои сироятии марбут ба об ба ҳалокат мерасанд. Инсон пешгӯии офатҳои табиӣ ва пешгирии обшавии пиряхҳоро надорад. Лекин мешавад, ки обҳои аз пиряхҳо ҷудошударо дар ҳавзаҳо ва обанборҳо нигоҳ дошта, бо мақсади обёрии заминҳо ва бунёди неругоҳҳои барқи обӣ истифода бурд.
Бояд хотирнишон сохт, ки ҳанӯз соли 2003 дар пойтахти Дания – шаҳри Копенгаген зимни суханронии Сарвари давлати мо дар конференсияи 15-уми ҷонибҳои конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим зарурати таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пешниҳод шуда буд.
Дар асари Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» қайд шудааст, ки «бузург доштани чор унсури табиат ва пояи эзиди парастидани онҳо аз они Авесто ба фалсафаи Юнонзамин роҳ ёфта шуҳрати файласуфони Юнонро оламгир кард». Бо сабаби гармшавии иқлим хатари обшавии пиряхҳо бисёр гардида истодааст. Ҳол он ки пиряхҳо манбаи муҳим ва сарчашмаи асосии оби аз ҷиҳати экологӣ тозаи ошомиданӣ ба шумор мераванд. Сарвари давлати мо роҷеъ ба ҳифзи пиряхҳо ва рафъи норасоии об аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ саривақт арзёбӣ шуда, аҳли башарро аз дигаргуниҳои ҷиддии табиат ҳушдор дод.
Бояд дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва об, ки асоси зиндагӣ ба шумор мераванд, аз оила сар карда, то боғчаю мактабу донишгоҳҳо фарзандони худро дар руҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ тарбия намоем.
Ҳамзамон, зарур шуморида мешавад, ки пеш аз ҳама, фарҳанги экологии ҷавононро зиёд намоем. Ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз сабабҳои обшавии пиряхҳо – гармшавии куллии атмосфера, ихроҷи зиёди газҳои гулхонаӣ ва тунук шудани қабати озонии атмосфера ба ҳисоб меравад.
Пешниҳод менамоям, ки ба рушди экотуризм (ҳам барои хориҷиён ва ҳам барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар кишварамон мусоидат карда шавад. Зеро шиносоӣ бо экологияи кишвар, бо манбаҳо ва сарчашмаҳои пайдоиши дарёҳо, ҳолати кунунии пиряхҳо фарҳанги экологии ҷавононро баланд бардошта, онҳоро водор мекунад, ки барои ҳифзи табиат ва ояндаи инсоният ҳиссагузорӣ намоянд. Бунёди ҷангалҳои нав, шинонидани дарахтҳо ва паҳн кардани тухму навдаи растаниҳои ба иқлими кӯҳсор тобоварро ба ҳукми анъана дароварда, ҳамасола дар мавсими дарахтшинонӣ чорабиниҳои кабудизоркунии талу пуштаҳо ва кӯҳҳои мамлакатро роҳандозӣ бояд намуд. Ҳарчанд на ҳама кас имконияти бевоситаи иштирок дар чунин чорабиниҳоро надошта бошад ҳам, дигаргуншавии мафкураи ҳар як фард, огоҳӣ пайдо кардан аз проблемаҳои муосири экологӣ метавонад қадаме ба сӯи ҷомеаи ободу табиати муназзам ниҳад.

Шарофат МИРВАЙСОВА,
омӯзгори МТМУ №16, ноҳияи Мастчоҳ,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон