ОБШАВИИ ПИРЯХҲОРО ПЕШГИРӢ МЕБОЯД

Об манбаи бебаҳоест, ки барои рушди устувор, таъмини ҳаёти сайёра, саломатӣ ва зиндагии мардуми сайёра зарур мебошад. Мушкилоти таъмини об барои аҳолӣ сол ба сол меафзояд. Алҳол қариб 2 млрд одам дар дунё ба оби тозаи ошомиданӣ ва 2,6 млрд. нафар ба шароитҳои одитарини санитарӣ дастрасӣ надоранд. Зиёда аз 80 давлат норасоии захираҳои обро эҳсос менамоянд, ҳар ҳафта 42 ҳазор нафар аз бемориҳое, ки ба сифати пасти оби ошомиданӣ ва шароити ғайрисанитарӣ вобастаанд, мефавтанд, ки бештар аз 90 фисади онҳо кӯдакони синнашон то 5-сола мебошад. Хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба манбаи воситаҳои зиндамонии зиёда аз 1,2 млрд. нафар мардуми дунёро таҳдид мекунад.
Моҳияти масъала дар он аст, ки дар аввали асри XXI инсоният ба мушкилоти глобалии ифлосшавии муҳити зист ва ҷузъи муҳимтарини он-об рӯ ба рӯ гардид, ки он миқёсан ба ҳадди хатарнок расидааст. Захираҳои оби тозаи кишвари мо, ки дар мавзеъҳои барфҳои доимӣ ва пиряхӣ ҷойгиранд, аз сабаби тағйир ёфтани иқлим ва равандҳои тезутунд шудани муҳити экологии минтақа коҳиш ёфта истодаанд. Тағйирёбии имрӯзаи иқлим, ки асосан хусусияти техногенӣ дорад, барои тамоми давлатҳо ва ҳар сокини сайёра оқибатҳои номатлубу ҷиддӣ дорад. Мувофиқи маълумоти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим (IРСС), дар 100 соли охир (солҳои 1906-2005) ҳарорати миёнаи сатҳи замин тахминан 0,740С баланд гардидааст. Ин ба камшавии миқдори ях дар Арктика дар ҳар даҳ сол ба ҳисоби миёна то 2,7 % ва баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ ба 17 см оварда расонид.
Дар ин замина, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ таъкид доштанд: «Дар баробари ин мамлакати мо ба масъалаи тағйири ҷаҳонии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони мо таваҷҷуҳи хоса дорад».
3-юми марти соли 2021 Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар шакли видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд. Президенти мамлакат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод карданд.
Ташаббусҳои Сарвари давлат оид ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба об хеле муҳим ва саривақтианд.
Қобили қайд аст, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Сарвари кишвар қайд карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Боиси хушнудист, ки дар асоси ин Қатънома пешниҳодҳои зикргардида аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд.
Дар Қатънома аҳамияти пиряхҳо ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи давраи гидрологӣ ва таъсири ҷиддии онҳо ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор таъкид шудааст. Дар он, ҳамчунин, таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ омили коҳиши назарраси креосфера шуда, боиси коҳиши устувории минтақаҳои баландкӯҳ ва тағйири миқдор ва мавсими маҷро ва захираҳои об дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пир­ях шудааст.
Ташаббуси навбатии роҳбарияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, барои таъмини суботи экологӣ, ҳалли мушкилоти захираҳои яхию обии кишвар ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисос, таъмини иштироки занон ва духтарон дар идоракунӣ ва ҳифзи захираҳои обию пиряхӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сайёра омили таконбахш гардад.
Хайрулло ИСМОНОВ,
Рамазон ИЗАТУЛЛОЗОДА,
ноҳияи Муъминобод