НАҶОБАТУ ШАРОФАТ

Ҳеҷ боварам намеояд. Наход дар як чашм задан (албатта, дар тасаввуру пиндори ман!) дӯсти айёми донишҷӯиям, ки дар деҳаи дурдасти Вешаб зиндагӣ ба сар мебарад, ба синну соли нафақа расида бошад? Охир, дар он рӯзгорони пур аз хурсандию моломоли шавқу фараҳ, ки чӣ будани ғаму азоб ва ташвишу парешонҳолиро намедонистему ба гӯшаи хотир роҳ намедодем, вай, Умарбеки қоматбаланду чорпаҳлу ва нигоҳаш огандаи барқи самимияту нишот, бас беқарору шитобзада буд. Ҳеҷ гоҳе ӯро бе китоб дучор намеомадем. Ишқу алоқааш бо китоб ончунон зиёд буд, ки аз фарти ҳавасу шодмонӣ на танҳо шабону рӯзон мутолиа мекарду меомӯхт, балки дар хусуси ҳар як асари хондааш соатҳои тӯлонӣ бо ҳаяҷону эҳсоси баланд ҳарф мезаду моро мутмаин месохт, ки ин асарҳоро ёбему мутолиа кунем. Вай бо ҳамон талошмандӣ, баъд аз хатми машғулиятҳо, ба фурӯшгоҳҳои хурду бузурги китоб сар мезад ва субҳи рӯзи дигар дар бораи китобҳои ба тозагӣ нашршуда, ки рафҳои дукону мағозаҳои китобро зебу оро медод, бо лабони пуртабассум, чашмони нигоҳаш шуълавар бо шӯру шааф суҳбат ва андешаҳояшро бо як сухан хулоса мекард: ҳатман ин китобҳоро хареду хонед, ки баъд пушаймон мешавед.
Азму ҷадал ва ғайрату кӯшоии Умарбекро мушоҳида карда, бо эътимоду боварӣ хулоса мебаровардем: вай оянда олим, адабиётшиноси мумтоз хоҳад шуд. Аммо сарнавишт баъди хатми донишгоҳ моро ба ҳар тараф бурд. Мо мутмаин будем, ки Умарбек дар кафедраи адабиёти классикӣ монда, таҳти раҳбарии устодони суханшиносу фозил аз пайи таҳқиқу анҷом додани кори илмӣ мешавад. Дар тақсимот барои ба кор пазируфта шудан соли 1986 фаҳмидем, ки Умарбекро ба вилояти Қӯрғонтеппа (ҳоло вилояти Хатлон), фиристодаанд.
— Дар вилояти Қӯрғонтеппа дар раёсати маориф маро ба мактаби миёнаи №34-и ноҳияи Қубодиён ба кор фиристоданд,-мегӯяд Умарбек ва меафзояд: — Ду сол (аз соли 1986 то 1988) дар ин таълимгоҳ ба фарзандони мардум аз забон ва адабиёти тоҷик дарс додам. Вале дар умқи дил орзуҳое фараҳфизо доштам, ки чу амвоҷи дарё ҷӯш мезаданду беқарорам мекарданд. Бояд аз пайи пажуҳиш ва таълифи рисолаи илмӣ шавам. Умарбек, мутассифона, орзую хадафҳояшро ҷомаи амал пӯшонда натавонист. Қиблагоҳаш бемори вазнин буду ӯро ба зодгоҳаш мехонданд. Ва ӯ ба ноҳияи Айнӣ баргашт. Ду соли дигар (солҳои 1988-1990) дар мактаби №26-и деҳаи Ғабируд ба фаъолияти омӯзгорӣ идома бахшид. Вай пеши худ мегуфт, ки пешаи омӯзгорӣ низ ба як ҳисоб таҳқиқро мемонад, таҳқиқи қобилияту завқ ва шавқу рағбати шогирдон. Машғулиятҳои рангину ҷолиб дари оламеро ба рӯяш боз намуд, ки бас афсунгаронаю ҷаззоб ва тасаввурнопазир буд. Ҳар як хонанда худ ҷаҳони номакшуф ва мамлу аз рамзу розро мемонд, ки такону ангеза бахшидани неруи хуфтаи лаёқату истеъдоди ӯ ба вай, омӯзгори ҷавон вобастагӣ дошт ва ин амал заҳмату машаққат ва фидокориро талаб мекард аз Умарбек. Ана нуқтае, ки бояд сари он тамаркуз кард ва ҳастии худро маҳз ба ин кор бахшид — тарбияи насле, ки дорои қувваи хуби зеҳнӣ ва ба як сухан, интеллект мебошад.
— Муаллим набояд ба сарнавишти шогирдон бепарво бошад, — изҳор медорад Умарбек. — Бо заҳмату ранҷ, ҷон коҳонда, қарору оромро аз даст дода, бояд лаёқати онҳоро ташаккулу рушд диҳад, майлу таваҷҷуҳашонро ба ин ё он фан ба мушоҳида гирифта, бо ҳар як хонанда машғулияти фардӣ гузаронад. Ва Умарбек худ баҳри ба роҳ мондани ин амалҳо фаъолияти маҳфилҳои фаннию адабиро пурқувват намуда, ба ҷанбаи таълимии машғулиятҳои иловагӣ диққати ҳамаҷониба зоҳир мекунад. Баъд аз он ки соли 1990 ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13-и зодгоҳаш, деҳаи Вешаб ба кор пардохт, тӯли 40 сол мешавад, ки садоқатмандона меҳнат мекунаду аз рӯйи ҳамин ҳадафу шиор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мешавад. Ба андешаи Умарбек, ҷавҳари ҳар як дарсро бояд ба гунаи дақиқ ва содаю равшан ба хонанда тафсиру тавзеҳ додани мавзуи нав дар бар гирад. Омӯзгори соҳибқобилияту ҳирфаӣ тавре мавзуъҳоро ба хонандагон бояд бифаҳмонад, ки шӯру шавқи онҳоро бедор кардаю зеҳнашонро таҳрик дода тавонад.
— Ана, он вақт тири омӯзгор ба нишон мерасад ва бо сари баланду тафохури бепоён гуфта метавонад, ки ранҷу азобҳои шабурӯзияш натиҷа додааст, — мегӯяд бо чеҳраи ғарқи табассум Умарбек. Воқеан, ҳамин тавр ҳам ҳаст. Умарбек Шарифов дар муддати солҳои тӯлонии фаъолияти омӯзгории худ шогирдони зиёдеро тарбия кардаву ба камол расондааст, ки иддае ҳамроҳаш ба фарзандони сокинони деҳ таълим медиҳанд, бархеи дигар дар пойтахт монда, дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва донишкадаю донишгоҳҳо аз пайи таҳқиқ ва таълифи рисолаҳои илмиянд. Ва ҳамеша, ҳангоми таътил ё мураххасӣ хабараш мегиранд, аз ҳолу зиндагияшон пурсон мешаванд. Умарбек дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст ва ба қадри заҳмати омӯзгорон расидани аҳли ҷомеаро шарту фарз меҳисобад.
Дилбастагию таваҷҷуҳ ва меҳраш ба китоб ба дараҷаест, ки дар хонааш китобхонаи шахсӣ таъсис додааст, ки дари он ба рӯйи толибилмони дабистон ва дар умум, ҷамеи муштоқону ҳаводорони каломи бадеъ боз аст.
Умарбек Шарифовро дар баробари пешаи пуршарафи омӯзгорӣ дар ноҳияи Айнӣ бо боғдорию ниҳолпарварияш мешиносанд. Ин шуғли наҷиб аз гузаштагонаш ба ӯ мерос мондааст.
Фаъолияти густарда ва пурбори Умарбек Шарифовро ба назар гирифта, барои саҳми арзанда дар таълиму тарбия­и насли наврас ӯро бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» қадрдонӣ намудаанд.
Ин навбат Умарбек ба пойтахт омада, маро суроғ кард ва ҳосили ин боздид чунин суҳбати хотирмону бамаънӣ гардид. Вай аз ҳосили боғаш қоқи зардолуро ҳамчун савғо оварда буд.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»