ПАЙРАВИ ПАДАР БУД Ӯ

Омӯзгор Муҳаббат Бобоева аз оғози фаъолияташ дар мактаб пайваста дар бораи тарбияи шоистаи фарзандони мардум андеша мекард. Мунтазам меомӯхт, то асосҳои касби дӯстдоштаашро ҳар чи бештар фаро бигирад.
Ӯ зодаи деҳаи Сурхакчашмаи ноҳияи Ҳисор буд. Ҳамеша ба ёд меовард, ки «ман тасодуфан омӯзгор нашудаам, аз хурдӣ медидам, ки шаб падарам китоб хондаю чизе менавиштанд ва субҳ барои рафтан ба мактаб омодагӣ медиданд. Болои мизашон доим пур аз китобу дафтар буд. Падарам Халил Музаффаров дорандаи нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», умри бобаракати худро барои тарбияи насли наврас сарф карданд. То ҳол ҳамдеҳагон аз он кас ба некӣ ёд мекунанд. Ман аз ҳамон айём орзу мекардам, ки монанди падар омӯзгор шавам. Хушбахтона, 46 сол боз омӯзгорам бо нони омӯзгорӣ фарзандонамро тарбия кардам».
Муҳаббат Бобоева бо дуои неки падар пешаи омӯзгориро интихоб намудааст. Гоҳ-гоҳе ёдовар мешуд: падарам ҳамеша таъкид мекарданд, «ки духтарам, давоми ман бош, омӯзгорӣ касби хеле мушкил аст, масъулияти зиёдро тақозо мекунад. Бояд чи тавре ки фарзандонатро дӯст медориву тарбия мекунӣ, бо фарзанди мардум низ бояд чунин бошӣ, то онҳо ба ту бовар кунанд ва эҳтиромат гузоранд. Агар онҳо ба ту ҳамчун мураббӣ ва модар бовар накунанд, бидон, ки дар интихоби пеша иштибоҳ кардаӣ. Беҳуда гузаштагони мо нагуфтаанд:
Агар дар дилат меҳри устод нест,
Ба дасти умеди ту ҷуз бод нест.
Омӯзгори варзида Муҳаббат Бобоева баъди хатми синфи ҳаштум ба омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ҳисор дохил шуда, онро бомуваффақият хатм кард ва ба мактаби зодгоҳаш баргашта ба кор оғоз намуд: «Чун аз падар нозукиҳои ин касбро омӯхта будам, аз рӯзҳои аввали корам эҳсос кардам, ки дар интихоби пешаи омӯзгорӣ хато накардаам. Аз рӯзҳои нахуст омӯзгори синфҳои ибтидоӣ будам. Зуд дили шогирдони кӯчакамро дарёфтам. Онҳо чунон ба ман унс гирифтанд, ки бо сабабе агар бо кор дер мекардам, ҳатман ба хонаамон меомаданду мегуфтанд, ки муаллима, мо шуморо ёд кардем».
Муҳаббат Бобоева дар зиндагии оиладорӣ низ хушбахт буд, рафиқи зиндагонияш ҳампешаи омӯзгорӣ дошт.
Онҳо соҳиби панҷ фарзанди нозанин буданд. Фарзандонашон имрӯз зиндагии мустақилона доранду ҳар яке дар соҳаҳои мухталиф кору фаъолият мекунанд.
Мутаассифона, писари муаллима ба фоҷиае дучор шуду дунёро тарк кард ва Муҳаббат Бобоева бо шунидани ин шумхабар ба бемории қалб мубтало шуд ва пас аз 2- 3 соли беморӣ дунёро падруд гуфт.
Мо, омӯзгорони мактаби рақами 96-и ноҳияи Сино, набудани ӯро дар канори худ ҳамеша эҳсос мекунем ва ба рӯҳи покаш дуои хайр мефиристем.

Дилбар ҶОМИЕВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
мактаби № 96-и ноҳияи Сино