АСАРҲОИ ПАНДОМӮЗИ АДИБ

ҚИСМАТИ ЗАНИ СОЛЕҲА
Нависанда Сулаймон Эрматов бо забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ асар эҷод мекунад. Нашриёти «Шарқи озод» романи ҳуҷҷатии нависандаро таҳти унвони «Қисмати зани солеҳа» дар шакли китоби алоҳида аз чоп баровард. Китоб аз мундариҷа, се қисм, номаҳои хонандагон ва автопортрет иборат мебошад. Романи мазкур воқеаву рухдодҳои фоҷиабори солҳои сиюми асри гузаштаро, ки бо номи «таъқиботи сталинӣ» маъруф мебошанд, дар мисоли зиндагии зани муборизу иродатманд Оишахола дар бар гирифта, дорои лаҳзаву эпизодҳои пурдард ва драматизми шадиди ҳодисаҳо мебошад.
Дар пешгуфтори роман, ки ба қалами Сулаймон Қулаев тааллуқ дорад, аз ҷумла, оварда шудааст: «Ин роман, ки дар асоси гувоҳии одамони зинда навишта шудааст, аз асарҳои дар ҳамин мавзуъ навишташуда бо ҳаётӣ будани худ фарқ мекунад. Ман дар ин асар бӯйи ҳуҷҷатҳои гунгу безабон не, балки нафаси гарми ҳаёт, сарнавишти гуногуни инсонро ба мушоҳида гирифтам. Дар роман мо қисмати талхи як зани паршикастаро мебинем. Қисмати ин занро бе ашки чашм хонда наметавонӣ, дилатро аламу андуҳ зер мекунад».
Роман хусусияти тарҷумаиҳолӣ дош­та, муаллиф дар муқаддима дар ин хусус ба тафсил сухан рондааст.
ИШҚНОМАИ ҶАВОНОН
Қиссаи нави Сулаймон Эрматов «Ишқномаи ҷавонон» ном гирифтааст ва бо сабки ҳикоя андар ҳикоя ва номанигорӣ иншо шудааст.
Қаҳрамонони асосии қисса Турсуной, Офтобойим, Анвар-ака, худи адиб ва чанд нафари дигар, ки дар мукотиботи дугонаҳо сари воқеаву масоили рухдода, ки ҷанбаи назарраси иҷтимоӣ доранд ва ба василаи инъикоси пораҳои зиндагӣ, нависанда бақою ҳастии ишқу муҳаббати пок ва оилаи босаодату хушбахтро талқин мекунад, ба шумор меравад. Асар моҳияти ахлоқӣ ва ҷанбаи воқеӣ дошта, нависанда бо қаҳрамонони қисса аз наздик шиносоӣ дорад ва он бо риояи санад ва дидаву шунидаҳои муаллиф рӯйи коғаз омадааст.
Зоҳиран, воқеаҳои пурмоҷаро ва то ҷое талху шигифтангезе, ки бо ину он қаҳрамони қисса рӯй медиҳанду дар хусуси ин рухдоду саргузаштҳо дар номаҳои Турсунойю Офтобойим ва баъдтар Офтобойиму Анвар ба тафсил сухан меравад, муқаррарию анъанавӣ менамоянд, вале ба нависанда муяссар гардидааст, ки бо тасвирҳои пуробуранг ва офаридани образҳои ҷавонони собитқадаму иродатманд ғояю ҳадафи дар роҳи расидан ба муроду орзуҳои ҷавонӣ талошманду кӯшо буданро бозгӯйӣ намояд.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»