ШАҲРИСТОНИ МАН

Деҳаи Холдорқипчоқ дар қисмати шимолӣ — ғарбии ноҳияи Шаҳристон ҷойгир аст. Деҳа аз шимол бо ноҳияи Янгиободи вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст.
Таърихи баромади номи деҳа чунин маънидод мешавад: дар замонҳои қадим, баъди ҷангҳои пайдарпай Холдор ном ҷавонписари ҷасуру чусту чолок ва боқуввату далер мардумро ба якдилию ҳамдигарфаҳмӣ даъват карда, ҳамагонро сарҷамъ мекард. Дар натиҷаи ҳамдигарфаҳмӣ мардум корҳои бузургеро анҷом доданд, соҳаи кишоварзӣ дар деҳа хеле пеш рафт. Бо гузашти замон деҳа ба номи нафаре, ки дар сарҷамъ кардани аҳолии деҳа саҳми муносиб дошт, Холдорқипчоқ машҳур гашт. Аҳолии деҳа нахуст дар мавзеъҳои Оқтошота ва Искихинд умр ба сар бурдаанд. Замоне аҳолии деҳаро бемории вабо фаро гирифт, мардум аз ин беморӣ азият мекашиданд, мефавтиданд. Солҳо мегузаштанд, аммо аҳолии мавзеи Оқтошота аз вабо халос намешуданд. Баъдтар нафаре маслиҳат дод, ки агар ҷойи истиқомати худро иваз кунед, аз бемории вабо халос хоҳед шуд. Аҳолии деҳа чизу чораи худро ҷамъ карда, тавассути корвон ба дигар ҷой рафтанӣ шуданд. Дар роҳ чанд нафар аз беморӣ вафот карданд.
Зиндамондаҳо роҳи худро давом дода, ба манзил мерасиданд. Азбаски мардуми деҳа аҳлу тифоқ умр ба сар мебурданд, баъди гирифторӣ ба беморӣ низ ба якдигар ёрӣ мерасонданд. Шахсонеро, ки дар роҳ аз касалӣ раҳоӣ меёфтанд, ба корвони дигар ҳамроҳ карда, ба назди ҳамдеҳагонашон мефиристоданд.
Ҳамин тавр, аҳолии деҳа бо мурури замон ва марҳала ба марҳала аз он ҷо кӯч баста, ба мавзеи ҳозира – дар самти ҷанубии марказ, дар баландӣ, яъне қӯрғон маскан гирифтанд. Дар як вақт барои ҳимояи худ аз душман атрофро бо девор печонда буданд. Бо ҷой иваз кардани аҳолии деҳа бемории вабо низ ба оҳистагӣ аз байн рафт. Аҳолии деҳа аз нав ба маротиб зиёд шуд, ҳаёти осоишта давом ёфт ва дар муддати кӯтоҳ рӯ ба тараққӣ ниҳод.
Дар деҳаи мо якчанд ёдгории таърихӣ ва зиёратгоҳ мавҷуд аст: «Туятош — ота», «Орифхӯҷа — ота», «Ғор — отабобо», «Қоплон — ота», «Чаноул – бобо», «Оқтош — ота». Деҳа ду масҷид низ дорад. Ин зиёратгоҳ ва ободиҳо бо тарзи замонавӣ сохта шудаанд. Ёдгории дигар майдони таърихӣ мебошад, ки ба хотири шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 соли 1988 сохта шудааст. Ёдгории аз ҳама қадимаи деҳа зиёратгоҳи «Туятош-ота» (Шутурсанг-падар) унвон дорад. Аз рӯйи нақли бузургсолони деҳа, пайдоши ин зиёратгоҳ таърихи худро дорад. Дар замонҳои қадим вақти истироҳати аҳолии деҳа шахсони номаълум ба деҳа ҳуҷум карда буданд.
Ин вақт пайғамбари замона тамоми нозу неъматҳоро ба болои шутур ҷо карда, гирд гардондаанд, ки дар натиҷа он ба санг мубаддал шудааст. Албатта, ин ривоят аст, бо вуҷуди ин, «Туятош-ота» имрӯз қадамҷои тамоми сайёҳон ва мардуми мамлакат гаштааст. Ҳарчанд дар бораи таърихи зиёратгоҳ ривоятҳо хеле зиёданд, аммо ба гуфти ҳолдонҳо, соҳиби шутурро Саид Мухтори Қаралихии арабистонӣ ном мебаранд. Зиёда аз ин, пири деҳа Орифхӯҷа Эшонбобо аз авлоди пок буда, барои аз вабо халос шудани аҳолӣ хеле заҳмат кашидаанд.
Кӯчманчиён, авлоди кунунии деҳа, асосан, бо чорводорӣ машғул буда, баромади калимаи «ӯзбек» низ ба ин қавмҳо тааллуқ дорад. Зиёратгоҳи «Туятош — ота» соли 2002 азнавсозӣ гардидааст. Аз манбаъҳо маълум аст, ки таърихи деҳа ба асрҳои дуюму сеюми мелодӣ мерасад. Дар ободу тамошобоб кардани зиёратгоҳи «Туятош — ота» саҳми пири деҳа, бобои Алиқул Тоштемиров хеле бузург аст. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар кишвар номи мавзеъҳои таърихӣ низ ба тоҷикӣ баргардон шуд. Аз ҷумла, соли 2013 деҳа номи «Ободӣ»-ро гирифт. Имрӯз дар деҳа шифохона, тӯйхона, ду қассобхона, ду дорухона, панҷ ошхона, беш аз даҳ дукон, китобхона ва филиали бонкӣ фаъолият дошта, дар хидмати мардум қарор доранд. Аҳолии деҳа ба 6000 нафар расидааст. Дар ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (бо фарогирии 1400 хонанда) 130 нафар омӯзгор ба шогирдон дарси ватандориву хештаншиносӣ меомӯзанд. 52 фисади аҳолиро мардон ва 48 фисадро занон ташкил мекунанд. Зиндагии рӯзмарраи аҳолии деҳа тавассути чорводорӣ ва деҳқонӣ мегузарад.
Ман ошиқи деҳаи худ ва Ватани ҷоноҷонам ҳастам ва бо ин макони муқаддас ифтихор дорам.
Ҷасурбек АБДУРАҲИМОВ,
донишҷӯи курси сеюми
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
зодаи ноҳияи Шаҳристон