КОНСЕПСИЯИ ТАЪЛИМИ ФАНҲОИ ТАХАССУСӢ

Таълими фанҳои тахассусӣ раванде мебошад, ки он дар барнома ва фанҳои таълимӣ ба манфиат ва нақшаҳои касбии хонанда мувофиқат мекунанд. Омӯзиши равия (профил) воситаи худмуайянкунии касбӣ мебошад. Равия як роҳи ташкили таълим барои хонандагони синфҳои болоӣ буда, мувофиқи афзалият ва имконоти инфиродӣ ташкил карда мешавад. Бинобар ин, мазмуни таълим бояд ба таҳсилоти касбӣ нигаронида шавад. Дар барномаи таълимии таҳсилоти тахассусӣ ғайр аз таълими умумӣ бояд масъалаҳои зерин ба назар гирифта шаванд:
– мавзуи асосии равия, фанни иловагии тахассусӣ;
– мавзуи равияи татбиқшаванда.
Мутобиқи Консепсияи таълими тахассусӣ, мазмуни таълим дар синфҳои тахассусӣ бояд дар се намуди фанҳои таълимӣ ташаккул дода шавад:
– таҳсилоти умумии асосӣ (ғайритахассусӣ);
– таҳсилоти умумии тахассусӣ;
– интихобӣ.
Дар баробари афзалиятҳои таълими фанҳои тахассусӣ, душвориҳои ташкил ва ҷорӣ намудани чунин модели таълими махсусро низ зикр кардан лозим аст. Мутаассифона, то ҳол формати идеалии таълим вуҷуд надорад, шумо метавонед, дар ҳар як система камбудиҳоро пайдо кунед. Таълими тахассусии мактабӣ низ истисно нест ва чунин проблемаҳоро номбар кардан мумкин аст:
– мушкилии гузаштан аз як синфи тахассусӣ ба дигараш аз сабаби мураккабии барномаҳо. Азбаски кӯдаки 14-16-сола на ҳамеша аниқ боварӣ дорад, ки дар оянда чӣ кор кардан мехоҳад ва оё ӯ бо роҳи интихобкардааш рафта метавонад ё не, аз як синфи тахассусӣ ба синфи дигар гузаштан хеле зиёд ба чашм мерасад;
– мураккаб будан ва аксар вакт имконнопазир будани ин гуна таълим дар мактабҳои ноҳия ва деҳот бо шумораи ками талабагон, ки дар он ҷо асбобу технологияи ҳозиразамон барои ташкили раванди таълим, инчунин, омӯзгорон ба қадри даркорӣ тайёр карда нашудаанд;
– зарурати таълими доимии муаллимон;
– зарурати доштани равоншиноси касбӣ дар муассисаи таълимӣ;
– маълумоти гуногуни ниҳо­ят зиёд барои хонандагони синфҳои болоӣ;
– мушкилот дар ташкили таълими тахассусӣ дар мактаби дорои синфҳои 1-2-и мувозӣ;
– нарасидани кадрҳои соҳиб­ихтисос барои татбиқи барномаҳои махсуси таълимӣ;
– имконнопазирии тақсими синфҳо ё синфҳои мувозӣ ба миқдори зарурии зергурӯҳҳои махсус;
– набудани таълими самарабахши касбӣ.
Талаботи нав ба муаллимон зарурати боз ҳам нав кардани системаи тайёр ва такмили ихтисоси кадрҳои педагогиро талаб мекунад. Барои ноил шудан ба ин вазифа зарур аст, ки рушди босуръати стандартҳои таҳсилоти олии касбии педагогии насли сеюм, ҷорӣ намудани ихтисосҳои зарурӣ ва барномаҳои магистрӣ бо дарназардошти талаботи тайёрии махсусгардонидашуда ба назар гирифта шавад.
Дарси муосирро бе истифодаи воситаҳои техникии таълим тасаввур кардан мумкин нест. Истифодаи онҳо бо қобилияти ба таври органикӣ ворид кардани ин воситаҳо ба қисматҳои алоҳидаи дарс алоқаманд аст.
Усулҳои таълими фанҳои тахассусӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои таълими онҳо аз ҷониби давлат ва ҷамъият буда, дар стандарти давлатӣ сабт шудааст, барои интихоби мазмуни таълими фанҳои тахассусӣ (аз ҷумла, китобҳои дарсии мактабӣ), ба синну сол ва қобилияти маърифатии хонандагон мувофиқ кунондани ин мазмун, мувофиқи мақсади он муайян намудани метод ва усулҳои гузаронидани ҳар як дарси мушаххас кӯмак мерасонад, иҷрои вазифаи шавқу ҳаваси маърифатӣ, муайян намудани сифати таълими ин фанҳо дар раванди муайян намудани натиҷаҳои таълим ба ҳисоб меравад.
Масъалаи дигар, бо адабиёт таъмин намудани раванди таълим мебошад. Мутаассифона, мо хонандагонро бо китобҳои дарсии замонавӣ (ҳатто китобҳои дарсии электронӣ нашр мекунем), инчунин, адабиёт барои машғулиятҳои амалӣ ва семинарӣ таъмин карда наметавонем. Интишори чунин адабиёт барои нашриётҳои хусусӣ фоидаовар нест. Беҳтарин хусусияти методии китобҳои дарсӣ он аст, ки онҳо тибқи барномаи таълимӣ чоп карда мешаванд, аммо ин ҳам на ҳама вақт ба назар гирифта мешавад. Вазъияти тадқиқоти таҷрибавӣ ниҳоят бад аст. Ҳатто омӯзиши китобҳои дарсии мактабӣ бе санҷиш дар минтақаҳои алоҳида, бе таҳлили ҷиддие, ки барои таълими оммавӣ мувофиқ будани онҳо зарур аст, дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешаванд. Зимнан, беҳтарин китобҳои дарсиро ҳамеша олимон дар мувофиқа бо методистҳо навиштаанд.

Амоншо ПАЛАВОНОВ,
омӯзгори калони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон