«ЗАМОНҲОИ ФЕЪЛ» ДАР ДАРС

Мавзуи «Замонҳои феъл» аз нигоҳи таълим чандон мураккаб нест, аммо аз нигоҳи тобишҳои маъноии забони англисӣ хеле мураккаб аст.
Ҳангоми таълим омӯзгор бояд аз тахтаи электронӣ ва слайдҳои таълимӣ истифода барад, ин мавзуъро шавқовар мегардонад, зеро «Замонҳои феъл дар забони англисӣ» яке аз мавзуъҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дар тахтаи электронӣ се замони феълро ба чунин шакл ба бачаҳо пешкаш намудан даркор аст:
1. Present (ҳозира): I learn English.-Ман забони англисиро омӯхта истодаам.
2. Future (оянда): I will learn English.-Ман забони англисиро меомӯзам.
3. Past (гузашта): I learned English.-Ман забони англисиро омӯхтаам (омӯхта будам).
Акнун ба шарҳи замонҳои феъли забони англисӣ шуруъ мекунем. Бояд қайд кард, ки замонҳои феъл дар аксар забонҳои дунё тасрифи ягонаро доранд. Агар замонҳои феъли забони англисиро бо забони тоҷикӣ муқоиса кунем, тафовуте дида намешавад.
Масалан, Present (замони ҳозира)-амалеро мефаҳмонад, ки дар ҳоло, ҳозир иҷро мешавад. Онро дар ҷумла мебинем: I will walk to the store -Ман ба дукон (фурӯшгоҳ) меравам.
Замони (оянда)-ро, яъне тарзи иҷрои амалро дар ҷумлае, ки интихоб кардаем, мебинем: I must walk to the store-Ман бояд ба дукон (фурӯшгоҳ) биравам. Хонандагон шояд савол пешниҳод кунанд, ки хабари ҷумла каму беш ба замони ҳозираи феъл далолат мекунад, зеро ин ҷо (ҳоли замон) омадааст. Албатта, агар ба хабари ҷумла амиқан бингарем, он ба замони оянда тааллуқ дорад. Хуб, ин ҷумла дар замони гузашта чӣ тобише дорад, онро мебинем: I could walk to the store-Ман метавонистам ба дукон (фурӯшгоҳ) равам, зеро имкони рафтанро доштам. Аз хабари ҷумла равшан аст, ки амали он метавонист дар замони гузашта анҷом дода шавад.
Дар китобҳои таълимӣ, бахусус, фасли феъл ва замонҳои он доир ба феълҳои модалӣ-ҷузъи ҳатмӣ ё маҷбурии раванди тағйирёбии феъл ба таври умумӣ омада, баъзан шогирдон дар донистани ин унсур ва ҷузъиёти он ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Доштани унсури иҷбории модалӣ хос ба замонҳои феъли забони англисӣ аст, он замонҳои феълро ташкил медиҳад, дар забони тоҷикӣ ин хусусият ба назар намерасад. Модалӣ будани феъл дар забони англисӣ чӣ мафҳум дорад? Маънии он расонидани мазмуни нутқ бо тарзи иҷрои амал дар ҳоли воқеият фаҳмида мешавад. Ҳолати модалӣ (modal) метавонад дар таъсиси шаклҳои феълӣ ҳисса гузорад, муносибати гӯяндаро ба иҷрои амал тасвир созад: оё вай ин амалро зарур мешуморад, ҳатмӣ аст, имконпазир мебошад? Омӯзгор муваззаф аст, ки бо дастрасӣ бо маводи иловагӣ дар бораи намудҳои гуногуни ифодаҳои модалӣ дар феълҳои модалии забони англисӣ (modal verbs) ба хонандагон шарҳу тафсили иловагиро пешниҳод намояд. Чунонки дар ҷумлаҳои поён ин хусусият, рангорангии ифодаҳои модалӣ нишон дода шудааст:
I shall walk to the store-Зарур аст, ки ман (хуб мешуд) ба дукон сар халонам.
I will walk to the store-Ман ба дукон меравам.
I should walk to the store-Ман бояд ба дукон равам.
I would walk to the store-Ман метавонистам ба дукон равам.
I may walk to the store-Ман метавонам ба дукон равам (чунин имконро дорам).
I must walk to the store-Ман бояд ба дукон равам.
I can walk to the store-Ман метавонам ба дукон равам (чунин имкону ҳолатро дорам).
I could walk to the store-Метавонистам ба дукон равам (имконият доштам, ки биравам).
Чизи муҳимми дигаре, ки вобаста ба замонҳои феъл ва ҳолати модалӣ дар замонҳои феълии забони англисӣ ба назар мерасад, мавҷуд будани шаклҳои замон маҳсуб меёбад. Агар ба умқи масъала бингарем ва шаклҳои муваққати замонро дар забони англисӣ бишуморему ҳисоб кунем, мебинем, ки 88 шакл-намуди муваққати феъл мавҷуд будааст. Аз ин панҷ ҳолати модалӣ бо ҷамъи ду муваққат ва ғайра. Кӯшиши ҳифзи тамоми ин шаклҳо корест душвор. Агар мо ба шогирдон тарҳи асосии ташкилёбии шаклҳои замони феълро тавзеҳ бахшему онҳо ин ҳамаро дар хотир гирифта тавонанд, ба дарки маъноҳои печида то ҷойе сарфаҳм мераванд, ҳол он ки чунин шаклҳои феълӣ дар забони англисӣ дар зиндагии воқеӣ кам истифода мегардад.

Бибимарям ГАДОЕВА,
Омӯзгор