ГАР ШИНОВАР НЕСТӢ…

Имрӯз бисёр одамон дар ҷаласаҳо, дар суҳбату вохӯриҳо такрор ба такрор мегӯянд, ки «тарбия хуб нест». Ин андешаро оне мегӯяд, ки як соат ҳам дарс нагузаштааст, ба таълиму тарбия боре сару кор нагирифтааст. Барои ҳамин аз канор истодану таҳлил кардани ин эродҳо ҳеҷ душворие надорад, аммо талотуми баҳрро оббоз медонад, оне мефаҳмад, ки солҳо бо фарзанди мардум кор кардаасту солҳо асабиву дилхун шудааст.
Ман, ки дар соҳаи маориф солҳо кор кардааму бо нозукиҳои он каму беш баладам, метавонистам, хулосаву натиҷаву бардоштҳои худро рӯйи коғаз корам, вале андешидам, ки беҳтараш, бо коршиносе суҳбат ороям. Бо ин мулоҳиза бо мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ Ҳавобегим Сафарқулова суҳбате оростам. Мавсуф зиёда аз 7 сол боз ҳар рӯз бо хонандагону падару модарон кор бурда, ҳақиқатан, таҷрибаи зиёде андӯхтааст. Бо ноболиғон, кӯдакони тарбияашон мушкил садҳо маротиба вохӯрдааст, бо падару модари яке сурху сафед шудааст, модар ё падари дигареро роҳу усули тарбия фаҳмондааст, фарзанди касеро ба роҳи дуруст ҳидоят кардааст. Қаблан шаш сол дар мактаб омӯзгор будааст.
Аслан, тарбияи фарзанд вазифаи асосии падару модар аст, аммо омӯзгор ҳам аз ин кор набояд дар канор бошад, чун «садо аз ду даст» мегӯянд. Вале суоле, ки пайваста дар нӯги забон чарх мезанад, ин аст, ки оё ҳамаи падару модарон аз уҳдаи тарбияи фарзанд баромада метавонанд ё на? Ҳавобегим мегӯяд, ки таҷрибаи чандинсолаи омӯзгорӣ ва кор дар ин вазифа маро ба хулосае овардааст, ки дар масъалаи тарбияи фарзанд падару модаронро метавон ба чор ё панҷ гурӯҳ ҷудо намуд. Албатта, ба гурӯҳи аввал онҳое шомиланд, ки муносибаташон ба таълиму тарбияи фарзанд ҷиддист, дар хона бо фарзанди худ кор мебаранд, ба дарстайёркуниаш ёрӣ мерасонанд, ҳар рӯз аз кору бораш дар мактаб ҷӯё мешаванд, барои ба курсу машғулиятҳои иловагӣ фаро гирифтанаш шароит муҳайё мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, бо нармию меҳрубонӣ, бо овардани мисолу таҷрибаҳои зиндагӣ, ҳаёти ибратбахши ашхоси номдор мутолиаи китобҳои нодир, тамошои филмҳои ибратбахш фарзандро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ менамоянд. Ба гурӯҳи дуюм волидоне шомиланд, ки ба тарбияи фарзанд вақт ҷудо намекунанд. Бо баҳонаи он ки аз кор омадаву хастаанд, бояд фароғат кунанд. Намеандешанд, ки фарзандро ба ҳоли худ гузоштаанду фурсатро аз даст медиҳанд ва рӯзе ба худ меоянд, ки шояд дер шуда бошад. Сеюм, иддае волидон бар ин фикранд, ки агар фарзандро хӯрондаву пӯшонда тавонанд, дигар вазифае надоранд. Яке миннат кардааст, ки аз саҳар то шом барои ту дар бозор ҷон меканам, хӯрданиву пӯшиданӣ дорӣ, боз ба ту чӣ намерасад? Барои ин гурӯҳ тарбияи фарзанд ангушти шашум аст, танҳо ҷанбаи моддии зиндагии фарзандро ба ҳисоб мегиранду халос. Чорум, ҳастанд падару модаре, ки худ ба тарбия ниёзманданд, яъне онҳо чӣ хел тарбия кардани фарзандро намедонанд, ҳарчанд ки ин гуна волидон каманд. Онҳое, ки ба гурӯҳи панҷум шомиланд, чунин мешуморанд, ки барои фарзанди онҳо ҳама чиз мумкин аст. Масалан, падаре писарашро насиҳат мекунад, ки ҳеҷ гоҳ паст наё, як гап гӯянд, дуто ҷавоб гардон, аз худ калонро зӯрат нарасад, бо санг зан. Ин худ тафаккури кӯчагист, ки қисмате аз волидон, мутаассифона, онро тарбияи дуруст меҳисобанд. Падаре, ки чунин мавқеъ ва ақида дорад, фарзандаш бо ин роҳ ба куҷо мерасад? Ҳавобегим мисоле овард: падареро медонад, ки писарашро чунин ҳидояту насиҳат кардааст. Солҳо гузаштанд, фарзанд ба воя расид. Рӯзе ин падарро дар кӯча дучор омадам, солаш ба ҷое расида. Пеши ман зор-зор гирист, ки писараш акнун ӯро ҳар рӯз зери мушту лагад мегирад. Сангеро, ки боло партоб кунӣ, ба сари худат мезанад. Яъне, ҳар чи корӣ, ҳамон даравӣ.
Гурӯҳи дигари падару модарон онҳое маҳсуб мешаванд, ки ҷудо шудаанд. Якка тарбия намудани фарзанд хеле мушкил аст, бештари маврид фарзандон бо модар мемонанд. Чанде аз ин тоифа падарон дигар фарзанди худро суроғ намекунанд, гӯё ки фарзанд дигар барояшон бегона аст. Ин мавқеи нодуруст мебошад, чун фарзанд аз камари туст, аз модари фарзанд ҷудо шудан ба ин маънӣ нест, ки фарзанд дигар фарзанди ту нест. Чунин падарон набояд аз хотир бароранд, ки ҷудошавӣ аз зан масъулияти падариро аз гарданашон соқит намекунад. Барои ҳамин имрӯз расм шудааст, ки иддае аз занон, ки аз шавҳар ҷудо шудаанд, ному насаби худро ба фарзанд мегузоранд, на аз падарро. «Айни ҳол аз 28 ариза 10 ариза ба ҳамин мазмунанд, ки бача насаби модарашро бояд бигирад», — далел меорад Ҳавобегим.
Муҳоҷират падидаест, ки аз охири солҳои 90-уми асри гузашта ба ин сӯ ҷараён дорад. Падару модари бисёр толибилмон дар муҳоҷиратанд, фарзандон дар тарбияи бобову бибӣ, аммаву хола, тағову амак ё дигар парасторон мемонанд. Ҳолатҳое ба назар расидаанд, ки баъзе аз ин гуна хонандагон тарбияи дуруст намегиранд, ё парастор ба тарбияи онҳо таваҷҷуҳе зоҳир намекунад.
Ҳавобегим аз мушоҳидаҳояш мегӯяд, ки имрӯз, азбаски чунин падару модарон, парасторон ҳастанд, қисмате аз фарзандон ба гапи бобову бибӣ, дигар парасторон гӯш намекунанд, гапи падару модарро намегиранд, ба дарс, умуман, шавқ надоранд, бо хости дили худ зиндагӣ доранд. Волидоне ҳастанд, ки назди фарзанд заррае обрӯву ҳурмат надоранд. Ҳатто зумрае мегӯянд, ки вақт надоранд, гӯё ки фарзанд фарзанди каси дигар бошаду ба онҳо дахле надорад. Дар ин сурат фарзанд чӣ хел тарбия мегирад, кадом роҳро бармегузинад? Ин роҳ кӯрароҳест, ки ба ҷое намерасонад.
Васоити ахбор, технологияи муосир дар ҳаёти ҳамзамонон мавқеи муҳим дорад ва аз ин рӯ, хоҳем ё на, ба таълиму тарбия таъсиргузор аст, на танҳо таъсиргузор, балки дар ин росто нақши муассир дорад.
Дар ин раванд мо тарбияи фарзандро аз даст медиҳем. Дас­тандаркорон ҳамаи инро барои мағзшӯйии мардуми сайёра ташкил кардаанд, то мардум аз арзишҳои аслии инсонӣ, суннату фарҳангу адабу ахлоқ дур шавад ва ин «қоидаи гургона»-ро қабул созад. Чун мардум аз ҳамаи арзишҳои инсонӣ дур шуд, дигар рамаи гӯсфандро монад, ки ҳар ҷо хоҳанд, ҳай кардан мегиранд. Барои онҳое, ки дар «боло» ҳамаи инро ташкил мекунанду идора менамоянд, маҳз ҳамин чиз, ҳамин натиҷа лозим аст. Дар ин «боло» онҳое нишастаанд, ки гӯем, дунёро идора мекунанд, онҳое, ки тамоми васоити ахбор, технологияи навин, дигар василаҳо дар дасти онҳост. Мағзшӯйӣ тавассути васоити ахбор, технологияи нав василаҳое мебошанд, ки мардуми сайёраро мутеъ созанд, аз дину оинашон дур кунанд. Дар радифи васоити ахбору технология, аз нашъа, шароб, дигар воситаҳое, ки ақлро зоеъ мекунанд, истифода мебаранд. Аз ин хотир, хурдсолонро фирефтану, мағзшӯйӣ кардан осонтар аст.
Имрӯз тарбияи фарзанд дар қиёс бо солҳои пешин хеле душвор аст, фазои маҷозӣ на танҳо диққати бачаҳоро ба худ кашидааст, балки ақли бисёре аз калонсолонро низ рабудааст. Вақти он расидааст, ки аз тамоми чораю воситаҳо истифода карда, фарзандони худро, ки фардои Ватан дар дасти онҳост, дуруст тарбия намоем.
Тарбия баҳру мо шиноварем, поро гузоштан мебояд. Шиновариро омӯхтан, яъне, бохабарӣ аз тарбия вазифаи мост!
Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
«Омӯзгор»