БА ЯК ҶАВОН ЧИЛ ҲУНАР КАМ

Мактаб даргоҳи илму маърифат, заминаи асосии тарбия ва ба камол расондани хонандагон дар руҳияи меҳнатдӯстӣ ва интихоби касб ба шумор меравад. Вале бача барои дуруст интихоб кардани касб наврас дар ҳеҷ ҳолат бе маслиҳату машварати падару модар, мураббия ва омӯзгор мавқеи худро муайян карда наметавонад. Интихоби бошууронаи касб дар байни ҷавонон аз айёми мактабхонӣ сар мешавад. Дар аксар ҳолат ба мушоҳида мерасад, ки кӯдакону наврасон дар муддати 3-4 соли охир касби хешро якчанд маротиба иваз мекунанд ва дар интихоби дурусти касб мавқеи худро ёфта наметавонанд.
Вобаста ба беҳ гардидани вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва тараққиёти ҷомеа, тарз ва намудҳои интихоби касб тағйир меёбанд. Аз ин сабаб, мактабу омӯзгорон ба интихоби дурусти касб, ташвиқу тарғиби он дар байни хонандагони синфҳои болоӣ бояд аҳамияти махсус зоҳир намоянд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз синфи 1 то 11 ба хонандагон омӯзиши дарси технологияи меҳнат ҳафтае 1 соат ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, дар муассисаҳои таълимӣ устохонаи коркарди чӯб ва оҳан (металл) барои писарон, ҳуҷраи рӯзғордорӣ ва дӯзандагӣ барои духтарон ташкил карда шудааст. Дар раванди омӯзиши фанни технологияи меҳнат, ба хонандагон бо иҷро намудани масъалаи кори амалӣ, ба меҳнат тайёр кардану интихоби касби ояндаи онҳо муҳим ва ҳалкунанда мебошад. Масалан, ҳангоми омӯзиши мавзуи «Дастгоҳи ҳарротӣ» дар синфҳои 6-7 омӯзгори фанни мазкур хонандагонро бо технологияи коркади чӯбу тахта дар дастгоҳи коркарди чӯб шинос намуда, ҳамзамон, ба намудҳои касбҳое, ки ба коркарди чӯбу тахта хосанд, онҳоро ҷалб мекунад. Омӯзгор кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дониш, иҷрои ин ё он кор ба ташаккулёбии ақлонию равонӣ ва илмии хонандагон таъсири мусбат расонда, шогирдонаш касби ояндаи худро ба таври огоҳона интихоб намоянд. Интихоби дурусти касб ба маҳорату малакаи хонандагон ва сатҳи саводу дониши онҳо вобастагии зич дорад. Дар оянда ин омилҳо метавонанд тарбияи зебоипарастии онҳоро такомул бахшанд. Баъдан дар муассисаҳои таълимӣ хонандагонро ба меҳнати софдилона ва зиндагии мустақилона ҳидоят намуда, онҳоро барои фаъолият дар коллективи меҳнатӣ омода мекунанд. Омили дигаре, ки ба интихоби касб мусоидат мекунад, ташкили дурусти гӯшаҳои махсуси «Интихоби касб», «Дар оянда кӣ шудан мехоҳӣ?», «Касби дӯстдоштаи ман», «Дар куҷо бояд таҳсил кард?» ва ғайраҳо мебошад. Ин омилҳо метавонанд, меҳру муҳаббатро нисбат ба ин ё он касб тақвият бахшанд. Масалан, дар гӯшаи «Кор ба кордон осон аст» маълумот дар бораи маҷмуи касбҳои гуногун оварда мешаванд. Моҳият ва мақсади касбинтихобкунӣ, махсусан, дар «Консепсияи касбинтихобкунии хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди роҳнамоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, мушаххасу муайян шудааст. Вазифаи имрӯзаи мактабу омӯзгор аз он иборат аст, ки қобилият ва дониши хонандагонро ба назар гирифта, роҳи дурусти интихоби касбро пешниҳод намоянд. Чи тавре ки таҷрибаи ғании ҳаёт исбот намудааст, интихоби бошуурона ва оқилонаи касб ҳар шахсро ба қуллаҳои баланд мерасонад, бемасъулиятона ва нодуруст интихоб кардани касб боиси дилсардию пушаймонӣ мегардад. Дар бисёр ҳолатҳо ба мушоҳида мерасад, ки хонандаи мактаб дар давоми таҳсил ягон касбро интихоб карда наметавонад, сарсону саргардон мегардад ва баъди хатми мактаб дар нимароҳи зиндагӣ ҳайрон монда, чӣ кор карданашро намедонад. Ӯ маҷбур мешавад, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар намояд. Бинобар ин, мактаб бояд меҳнатро барои ташаккули ҷаҳонбинии хонандагон ва эҳсоси масъулият дар иҷрои интихоби касб истифода намояд.
Шариф АБДУЛҲАМИД
«Омӯзгор»