ҲАМКОРӢ ОМИЛИ АСОСИИ ПИРӮЗИСТ

Табиат ҳамеша дар ҳаракат, гардиш ва тағйирпазирист. Бо гузашти айём зери таъсири ҳодисаҳои мухталиф дар табиат дигаргуниҳои зиёд ва аксаран ғайричашмдошт ба вуқуъ мепайванданд. Ин қазия таърихи ҳазорсолаҳоро фаро мегирад. Ба ин мазмун садсолаҳо қабл аз ин устод Рӯдакӣ ишора кардааст:
Басо шикастабиёбон, ки боғи хуррам буд,
Ва боғи хуррам гашт, он куҷо биёбон буд.
Дар замони мо низ табиат хислати азалии худро тағйир надодааст. Боз ҳам силсилаи рухдодҳои табиат халқҳои ҷаҳонро ба ташвишу нигаронӣ меоварад. Дар минтақаҳои гуногуни олам одамон аз пайомадҳои нохушоянду пурзиён ва гоҳо фоҷеабори вобаста ба «инҷиқиҳои табиат» дар вазъи ногувор мондаанд. Дар ҳудуди Осиёи Марказӣ, ки Тоҷикистони азизи мо низ ба он шомил аст, пайваста ҳаводиси гуногуни табиат ба мушоҳида гирифта мешавад. Солҳои охир дар Осиёи Марказӣ бештар масоили зерини табиӣ (экологӣ) мардумро ба ташвиш овардаанд: хушкшавии баҳри Арал, коҳиши захираҳои об, обшавии пиряхҳо, тағйири иқлим – афзудани гармшавӣ, вайроншавии таркиби хок.
Пешгирии ҳодисаҳои нохушоянди экологӣ азму ирода, тадбирандешию талошҳои ҳамагониро тақозо дорад. Вазъ сол то сол ташвишовартар мешавад ва зарурате ба миён омадааст, ки аз ин лиҳоз тадбирҳои фаврӣ ва корагар андешида шаванд. Дар саросари ҷаҳон созмонҳои хайрхоҳ, сиёсатмадорони дилсӯзу хирадманду маърифатоин ва ғамхори мардум пайваста садо баланд мекунанд, ки сайёраро бояд аз хатарҳои қарибулвуқуъ наҷот дод. Замин-Модар бояд макони амну осоишта ва дур аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо бошад. Мо ифтихормандем, ки имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафи пеши мубориза баҳри бартарафсозии пешомадҳои зиёнбори табиӣ қарор доранд ва дар арсаи ҷаҳон чун роҳбари башарпарвару дилсӯзи халқҳо шинохтаву эътироф шудаанд. Сарвари кишвари мо беш аз ду даҳсола мешавад, ки аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи аҳли сайёра ба масоили мубрами экологӣ садо баланд мекунанд ва пешниҳодҳо ба миён мегузоранд. Ҳанӯз дар оғози даҳсолаи аввали садаи XX Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид бо изтироб ва бо тавзеҳу таҳлил иброз доштанд, ки ҷаҳониёнро хавфи танқисии бештар аз оби тоза сол то сол таҳдид мекунад. Тоҷикистон диёри обшор аст, вале Пешвои тоҷикон андешаи глобалӣ доранд ва амалиёташон дар ин самт мисраи машҳури Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода — «Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре»-ро ба хотир меоварад. Бо ибтикори Сарвари кишвари мо аз ҷониби СММ дар дарозои бист сол се маротиба қарорҳои муҳим оид ба ҳифзи оби тоза ва истифодаи сарфакоронаи он қабул гардида, тадбирҳои самаровар роҳандозӣ шуданд, ки маълуми ҳамагон мебошанд.
Дар моҳи декабри соли 2022 дар Тоҷикистон боз як паёми гуворо ҳамаро фараҳманду масрур кард: ташаббуси нави ҷумҳурии мо дар сатҳи ҷаҳонӣ – аз ҷониби СММ мақбул дониста шуд. Дар ин бора Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат (23.12.2023) бо ифтихору қаноатмандӣ эълон карданд. «14-уми декабри соли ҷорӣ,-иброз доштанд Сарвари кишвар, — Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард. Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мешавад». Ин паёми Сарвари кишвар дар тамоми мамлакат руҳбаландии самимона ба миён овард ва дарзамон аз интиҳои соли 2022 ва аз оғози соли 2023 дар кишвар амалисозии тадбирҳо бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо шуруъ ёфт. Ҳадафи ҷониби Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи пиряхҳо, пеш аз ҳама, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи глобалӣ-таъмини муназзами бани башар бо оби тоза мебошад ва ҳамчунин, зикри он аст, ки дар ҳифзи пиряҳо тамоми азму талошҳоро муттаҳид бояд кард ва дар заминаи маслиҳату машварат тадбирҳои пурсамар бояд андешид.
Воқеан, пиряхҳо имрӯз дар робита ба гармшавии иқлим ва таъсири бесалоҳиятонаву кӯтоҳандешона ба табиат дар тамоми минтақаҳои олам дучори хавфи аз меъёр зиёд обшавӣ ва коҳишёбӣ гардидаанд. Ин дар ҳолест, ки боэътимодтарину асоситарин сарчашма ва хазинаи оби тоза маҳз пиряхҳо мебошанд. Пиряхҳо дар таъмини дарёҳо бо об, дар обёрикунии боғоту киштзорҳо, дар рушди гидроэнергетика, дар инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёт нақши беназир доранд. Онҳо сарвати бузурги ҳар кишваранд. Ҳамчун хазинаи об пиряхҳо дар олам пас аз уқёнусҳо дар мақоми дуюм қарор доранд. Барои он ки мо аз имрӯзу фардои сайёра вобаста ба захираи оби тоза дилпуру қаноатманд бошем, бояд ҳатман якдилона ба ҳифзи пиряхҳо бикӯшем. Пеш аз ҳама, таъсиррасонии худсаронаю бехирадонаро ба иқлим тавассути ривоҷбахшӣ ба соҳаи саноат ва соҳоти дигар, бидуни сарфакорӣ истифода кардани манобеи обро қатъ бояд кард. Бубинед, дар асоси иттилои мавҷуда, аз 8492 пиряхе, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, дар давоми 50 соли ахир беш аз 1000 пирях пурра об шудааст. Дар ин муддат ҳаҷми умумии пиряхҳои мамлакат тақрибан ба андозаи аз се як ҳисса кам гардидааст. Чӣ қадар сарвати бузург – пиряҳои дорои захираҳои боэътимоди оби тозаро аз даст додаем мо! Ҷои баҳс нест, ки дар сурати идома ёфтани ин раванди ташвишзо бо дарназардошти афзоиши босуръати теъдоди аҳолӣ ва ҳамбаста ба ин, зиёд шудани талабот ба оби тоза сайёраро чӣ пешомаде интизор аст. Иттилои маълуми оморист, ки дар давоми панҷ даҳсолаи ахир нишондиҳандаи таъмини оби тоза ба сари ҳар нафар аҳолӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ 2,5 баробар ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ 4 баробар коҳиш ёфтааст. Дар баробари ин, обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнусҳо гардида, ба ҳаёт ва некуаҳволии миллионҳо сокинони сайёра (махсусан, ба кишварҳои соҳилӣ ва ҷазираҳову атрофи онҳо) таҳдид ба миён меорад.
Барои татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бояд, пеш аз ҳама, маърифати экологии оммаро баланд бардошт. Бояд ҳар як узви сайёра дар бораи манбаъҳои оби тоза, моҳияти захираи об, истифодаи сарфакоронаи об ва тариқу васоити ҳифзи табиат маълумоти зарурӣ дошта бошад.
Дар ин самт мактабҳо, пажуҳишгоҳҳо, мақомоти дахлдор ва воситаҳои ахбори омма метавонанд корҳои зиёди муфидро ба анҷом расонанд. Олимони мо дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо фаъолияти густарда доранд. Пайваста омӯхтани вазъи пиряхҳо, тағйири табиат, махсусиятҳои обу ҳаво, корбас­ти технологияҳои инноватсионӣ дар назорати ҳолати пиряхҳо, таҳияи барнома ва тадбирҳо баҳри ҳифзи манбаъҳои об ва амсоли инҳо аз ҷониби аҳли илм аз омилҳои меҳварии беҳдошти вазъи ҳифзи пиряхҳо маҳсуб меёбанд. Ин бисёр муҳим аст, ки олимони мо дар масоили омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ҳамкорӣ ва робитаашонро бо марказҳои илмии хориҷӣ мунтазам вусъат мебахшанд.
Тоҷикистони азизи мо аз лиҳози фарогирии пиряхҳо дар ҷаҳон яке аз мавқеъҳои асосиро ишғол менамояд. Пиряхҳои кишварамон, асосан, дар минтақаи шарқию ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва кӯҳистони Зарафшону Олой ҷойгиранд ва шаш дарсади масоҳати ҷумҳуриро ишғол карда, ҳар яке аз 27 то 77 км дарозӣ доранд. Ин сарвати муҳташами экологист ва ин сарватро ҳамагон бояд ҳифз намоем. Ҳар амалро сари вақт, бидуни таърих иҷро кардан осонтару имконпазиртар аст. Ниёгони соҳибхирадамон фармудаанд:
Сари чашма шояд гирифтан ба бел,
Чу пур шуд, нашояд гирифтан ба пил.
Тоҷикон дар иҷрои ҳар амали нек маҳз ба шарофати ҳамдилию иттиҳод ва ҳамкорӣ ба пирӯзӣ расидаанд. Ба ин тариқ, онҳо, бешубҳа, дар беҳдошти масоили экологӣ низ комёб хоҳанд гашт.
Наргис ҶӮРАЕВА,
омӯзгори гимназияи №3
барои хонандагони болаёқати
шаҳри Душанбе