БА ДОНИШ СУХАН ГАВҲАРОГИН ШАВАД

Тайи чанд моҳи охир ба нишонии нашрияи «Омӯзгор» аз номи устодону омӯзгорон ва ҳамкорони доимии мо аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мақолаю матолиби зиёде ворид гардиданд, ки ба мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла, паҳлуҳои рангоранги таълиму тадрис, тарбияи ахлоқии хонандагон, масоили хештаншиносӣ ва мубориза бар зидди равандҳои хатарзои ҷаҳони муосир, амсоли терроризму экстремизм, ифротгароии мазҳабӣ, таҷлили иду санаҳои таърихӣ, тавсифу ситоиши кору заҳмати пешқадамони соҳа (омӯзгорон, мураббиён…) ва ғайра бахшида шудаанд. Мо ин навиштаҳоро аз рӯйи мавзую муҳтаво ва ғояву ҳадафашон ба чанд гурӯҳ тасниф кардем. Таври мисол, мақолаю маводе, ки фарогири мавзуи тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ, эҳсоси волои ватандӯстӣ, ормонҳои миллӣ дар ҳама вазъият ҳушёру огоҳ будан аз ташвиқу таълимоти бепояи гурӯҳҳои бунёдгарони мазҳабӣ, ҷанбаҳои зиддибашарии терроризму экстремизм ва монанди инҳо мебошанд, аҳамияти тарбиявию ахлоқӣ доранд. Ба ин силсила метавон мақолаҳои устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Ш.Шаҳобиён – «Тундгароӣ, ифротгароӣ» (сарлавҳаи беҳтар ёфтан лозим буд), омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими фанҳои ҷамъиятӣ — гуманитарии ДҶТИБКСМ Б.Неъматова – «Шарҳи мафҳуми экстремизми «сиёсӣ», мудири кафедраи фанҳои гуманитарии ДТТ, номзади илми фалсафа Исомиддин Шарифов – «Хирадмеҳварӣ ва ҳунару офаринандагӣ», сокинони шаҳри Кӯлоб Шамъигул Яқубова ва Майрам Расулова – «Дастоварди бузурги миллат», рӯзноманигор Ҷ.Улфатшоҳ – «Бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат», донишҷӯи факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамза Давлатов – «Худшиносии насли ҷавон» ва ҷаҳонишавӣ», номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мухторзода Киромиддин Тоҷиддин – «Муқовимат бо терроризм: усулҳо ва механизмҳои амалӣ намудани он», рӯзноманигор аз шаҳри Ваҳдат Маҳмадмуроди Сайдалӣ – «Расидан ба Ваҳдати миллӣ», директори Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ховалинг Амирхон Саидзода «Ватан гул мекунад», устоди ДДХ ба номи акадмик Б.Ғафуров Шамил Назарзода — «Оқибати шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб», устодони донишгоҳи мазкур Гулрӯ Қурбонова, Гурдофариди Рустам, Мурод Собиров ва Музаффар Абдухолиқзода – «Силоҳи бадон дурӯғу ҷабр аст», омӯзгори таърих ва ҳуқуқи МТМУ №49, ноҳияи Айнӣ Назаралӣ Ахмедов – «Чоҳкан зери чоҳ аст», рӯзноманигор Шарифхон Тиллоев – «Шукргузорӣ аз давлатдорӣ ва соҳибистиқлолии Тоҷикистон», муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ Н.Ҳошимова – «Ташаббусҳои созанда», муовини директор оид ба илми Мактаби байналмилалии Президентӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Зоиршоҳ Назарзода – «Тоҷикистон – меҳанам», узви ИЖТ Ҷаҳонгир Маҳкамов – «Ифтихори мо – Артиши миллии мо»-ро дохил намуд. Як силсила навиштаҳои устодону омӯзгорон ба масоили экологӣ ва ҳифзи пиряхҳо бахшида шудаанд. Мутаассифона, бахши аъзами матолиби зикршуда аз ҷиҳати мавзую муҳтаво ва масъалагузорӣ якрангу умумӣ буда, арқому далелҳои овардаи муаллифон такрор шудаанд. Аз ҷумла, Нӯшервон Ашӯров – «Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба инсон ва табиат», омӯзгори МТМУ №124-и ноҳияи Фирдавсӣ Муҳаммадалӣ Шарифов «Об-манбаи ҳаёт» (сарлавҳаи хеле забонзада), Аълочии маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Холмуҳаммад – «Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ вазифаи муқаддаси ҳар фард аст», дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб М.Саъдуллоев – «Рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар шаҳри Кӯлоб», донишҷӯи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Азизбек Худоёров (афсӯс, ки мақола унвон надорад), унвонҷӯи кафедраи ҳуқуқшиносии ДМТ Мақсудҷон Гулов – «Хусусиятҳои рушди сайёҳии таълимию омӯзишӣ дар Тоҷикистон», омӯзгори мактаби №46-и ноҳияи Айнӣ Ҳанифа Ҳакимова – «Об – неъмати бебаҳо ва манбаи ҳаёт», донишҷӯи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Фараҳманд Мақсудов – «Ҳифзи пиряхҳо масъалаи ҷовидонист», омӯзгори коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров М. Абдураҳмонова – «Тоҷикистон – сарзамини пиряхҳо», донишҷӯи ДДХ ба номи академик Бо­боҷон Ғафуров – «Нақши захираҳои об дар инкишофи иқтисодиёти Тоҷикистон», мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ Азизқул Каримов – «Паёми маорифпарварона ва ватандӯстона», магистранти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нурбибӣ Бобоева (мутаассифона, номгузорӣ нашудааст), омӯзгорони коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Абулқосим Раҳимов ва Мубина Қайюмова – «Тарбияи зидди коррупсияро тақвият бахшем», дотсенти кафедраи таърихи археология, этнография ва диншиносии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, «Ваҳдати миллӣ – саодати миллат», «Ваҳдат – саодат аст» (муаллиф ва ному насабу суроға номаълум), устоди ДИС ДД ТТ Каёнуш Калонов – «Соҳиби илму хирад пайрави гурӯҳҳои ифротӣ намегардад», омӯзгори коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова Ситора Шодиева – «Аз куҷо омадему ба куҷо расидем», «Терроризм ва ифротгароӣ», корманди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Ҷонибек Турсунов – «Пиряхҳо ва ҳифзи сарватҳои табиӣ», мудири кафедраи молия ва андози ҳамин донишгоҳ Сайидмуродхон Мамадов — «Буҳрони пиряхӣ –бонги изтироб ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ», устоди донишгоҳи мазкур Рауф Олимӣ – «Об – манбаи асосии табии асри XXI», сардори кафедраи муҳандисӣ – техникӣ, оташнишонии Коллеҷи техникӣ – оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Абдуғаффор Шодиев, шаҳри (Истаравшан, кору пешаи муаллиф номаълум) – «Истаравшан минтақаи диданист», рӯзноманигор Нурулло Ҳасанов аз ноҳияи Муъминобод – «Рушди сайёҳӣ» ва «Васфи диёр дар эҷодиёти адибон» ва навиштаҳои дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров С.Эркаев, магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадмуқим Давлатов, коршиноси масоили сиёсӣ И. Шарифов, директори мактаби №35-и ноҳияи Рӯдакӣ Қумриниссо Маллаева, сиёсатшинос Ҳ. Мирзоев, сармутахассиси бахши табъу нашри Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе Зайнура Собирова, донишҷӯи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Ҷасурбек Абдураҳимов – «Нақши захираҳои об дар инкишофи иқтисодиёти Тоҷикистон», ва чанди дигар фарогири ҳамин мавзуот мебошад. Шуморе аз навиштаҳои омӯзгорону устодон ба масоили сабку шеваҳои ҷолиби таълим бахшида шудаанд, ки дорои андешаву мушоҳидаҳои хоси омӯзгорон маҳсуб ёфта, омӯзандаанд. Аз ҷумла, мақолаи ҳаҷман калони ҳамкори доимии нашрия, омӯзгори математикаи литсейи №3, шаҳри Душанбе Бегмуҳаммад Шодиев — «Робитаи байнифаннӣ дар таълими алгебра ва геометрия», омӯзгори биологияи литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ Майсара Зардодхонова – «Ташаккули маҳоратҳои эҷодии хонандагон дар таълим ва тарбия», донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории ДДБ ба номи Носири Хусрав Лоларух Назарова – «Рентген кӣ буд?», магистранти соли якуми ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Аюбҷон Азизов – «Тасвирпардозӣ дар рубоиёти Фарзона», рӯзноманигор Хуршеди Эҳсон – «Марде аз табори огоҳӣ ва нур», ходими илмии ПРМ ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ – «Тарбия аз гаҳвора оғоз мешавад», директори Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент Мақсуд Мизробзода – «Корҳои таҳлилӣ – омӯзишӣ дар осорхонаҳои мактаб», омӯзгори ДҶТИБКСМ Б.Неъматова – «Устод С.Айнӣ ва корномаи бузурги ӯ», номзади илмҳои фалсафа, дотсенти Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб М. Саъдуллоев, доктори илмҳои техникӣ А.Шоҳиён – «Тадбирҳои санъати омӯзгорӣ дар дарси муосири таълимӣ (?), ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1 В.Зайниддинов – «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар амал», омӯзгор аз шаҳри Душанбе Ситора Шодиева – «Истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар дарсҳои адабиёт» ва …аз ин қабил ба шумор мераванд. Ва маъмулан, бахши зиёди навиштаҳоро фаъолияти рӯзмарраи омӯзгорону устодони соҳибтаҷриба, ки бо меҳнати ҳалолу софдилона ва ибратомӯзи хеш дар байни ҳамкорон ва қаламрави шаҳру ноҳияашон соҳиби обрӯю шуҳрат гардидаанд, дар бар мегирад. Мақолаи вакили МНМО ҶТ Фазлиддин Икромӣ ва устодони ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур М. Бобохонову Р. Боймуродов – «Олими муваффақ ва абармарди илм», номзади илмҳои фалсафа И.Шарифзода – «Хирадбунёд», докторанти курси аввали Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав Умарҷони Мирзошариф – «Меҳрнома», мудири фонди Осорхонаи ҷумҳуриявии таъриху кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Фирӯза Руҳулова – «Дилбохтаи фарҳанг», рӯзноманигор аз ноҳияи Муъминобод Ҳиҷронбии Абдулло – «Дилбохтаи касб» (сарлавҳаҳои якрангу умумӣ), рӯзноманигор Ҳафизабону (насаб ва суроға номаълум) – «Муаллимӣ ишқ аст» (сарлавҳа низ қолабӣ), омӯзгори гимназияи №4, шаҳри Хуҷанд Тӯтинисо Атаева – «Фидоии касби хеш», устоди ДДД Саидқул Тағоев – «Олими дақиқназар ва педагоги асил», муаллими кафедраи муҳандисӣ – техникӣ, оташнишонии Коллеҷи оташнишонӣ – техникии ВКД ҶТ дар ноҳияи Данғара Шарофиддин Ҳомидзода – «Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки накуном зист» рӯзноманигор Беҳрӯз Сайфуллоев – «Модар гавҳари ноёбест дар зиндагӣ», омӯзгори гимназияи рақами 1, ноҳияи Ашт Мавҷуда Юлдошева–«Сафари хаёлоти ширин», омӯзгор аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мавлуда Ҳоҷибоева – «Баҳри мо монад Шукӯҳӣ чун шукӯҳи навбаҳор» ва навиштаҳои омӯзгори мактаби №166, ноҳияи Рӯдакӣ Наргис Бобоева, муаллимаи МТМУ №110-и ҳамин ноҳия Гулнора Бобоева, омӯзгори МТМУ №35, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Раҳматшо Раҳматзода, мактаби №41-и пойтахт С. Саидов, омӯзгори собиқадор, нафақахӯр Бегмат Маҳмадов, омӯзгори калони ДҶТИБКСМ Н. Бобоев, донишҷӯи курси дувуми факултаи ТИИ ДД МИТ, шаҳри Душанбе Набиоллоҳ Аловиддинов, омӯзгор З. Содиқова аз шаҳри Конибодом, донишҷӯи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Далер Аъзамов дар васфи ситоиши омӯзгорони шоиставу соҳибэҳтиром иншо шудаанд. Ба идораи нашрия як силсила ашъори омӯзгорон низ ворид гардидааст, ки ба сабаби сактаҳо дар вазн, иштибоҳи радифу қофия ва мазмунҳои такрору обшуста аз чопашон худдорӣ шуд. Ба омӯзгори МТМУ №124, ноҳияи Фирдавсӣ Муҳаммадалии Нуралӣ, табиби кӯдакони бемористони Қарияи Боло Юсуф Ҷӯра, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №11-и шаҳри Кӯлоб Наргис Раҳимова ва нафарони дилбохтаи шеъру шоирӣ гуфтанием, ки барои шеъри ноб ва хуб навиштан заҳмату омӯзиши бардавом зарур аст. Аз ин рӯ, ба онҳо лозим аст, ки бештар мутолиа кунанд, ба қоидаву аркони вазни шеър шинос шаванд, он гоҳ тирашон ба ҳадаф хоҳад расид.
Дар фароварди сухан ба кулли омӯзгорону устодоне, ки бо мо ҳамкорӣ ва дар мавзуъҳои мухталиф мақолаю матолиби хешро таълиф ва ирсол намудаанд, миннатдории самимонаи худро изҳор карда, ба эшон дар инъикоси масоили ҷолиби соҳа барору комёбиҳо таманно мекунем.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»