Водии Бартанг бо мутрибон, ҳофизон, навозандагон ва раққосони мумтози худ на танҳо дар ВМКБ, балки ҷумҳурӣ маълуму машҳуранд. Вақте ки соли 1940 аввалин ансамбли бачагонаи этнографии «Помир»-ро ташкил карданд ва мебоист ин ансамбл дар Даҳаи санъати Тоҷикистон дар Москва баромад кунад, аксари аъзои ансамбл зодагони водии Бартанги ноҳияи Рӯшон буданд.
Яке аз чунин санъаткорон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Саркорӣ Давлатмамадов, зодаи деҳаи Сипонҷи водии Бартанг мебошад, ки бо ҳунари сарояндагӣ, навозандагӣ ва раққосиаш на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он шинохта шудааст.
Вақте ки Саркорӣ соли 1963 ба факултети химия ва биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (он вақт Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин) дохил шуд, ҳангоми таҳсил ҳамсабақонаш маҳорати сарояндагӣ ва навозандагиашро пай бурда, ӯро узви маҳфили ҳаваскорони санъати назди донишгоҳ карданд. Роҳбарии маҳфилро Зафар Нозимови ҷавон ба уҳда дошт.
– Ҳангоми донишҷӯйӣ дар маҳфили ҳаваскорони санъати донишгоҳ ман сюитаҳои рақсиро ба саҳна мегузоштам, вале худ дуруст рақс карда наметавонистам. Вале ҳангоми таҳияи рақсҳо ҳам дар дигар чорабиниҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ таҷрибаи хуб андухта, мустақилона рақсҳои қадимаи фаромӯшшударо иҷро мекардам. Сарояндагиву навозандагӣ як тараф монду ман чун иҷрокунандаи рақсҳои халқӣ ва миллатҳои гуногун миёни ҳаводорони санъат муаррифӣ шудам, — мегӯяд Саркорӣ.
Баъди хатми донишгоҳ соли 1968 ӯ ба зодгоҳаш Бартанг баргашт ва ба касби бошарафи омӯзгорӣ пардохт.
Роҳбарии маҳфили ҳаваскорони худфаъолияти мактаби деҳаи Сипонҷро бар зимма гирифт. Бо наврасони санъатдӯст ва боистеъдод баъди машғулияту дарсҳо дар толори на он қадар калони мактаб машқ мекард. Вобаста ба синну солашон монтажҳои адабӣ-мусиқӣ ва сюитаҳои рақсӣ омода карда, дар чорабиниҳои ноҳияи Рӯшон ширкат доштанд.
Соли 1972 дар ҷумҳурӣ бахшида ба 50-солагии ИҶШС омодагии ҷиддӣ медиданд. Дар маркази ноҳия азназаргузаронии ҳаваскорони маҳфилҳои худфаъолияти ноҳияи Рӯшон гузашт. Муаллими фанҳои химия ва биологияи мактаби миёнаи рақами 24-и деҳаи Сипонҷи водии Бартанг Саркорӣ Давлатмамадов «Рақси бартангӣ»-ро бо маҳорати баланд ва ба худ хос иҷро намуду сазовори баҳои баланди ҳакамон гардид. Дар ҳайати ҳакамон Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон, балетмейстер Мамадназар Отамов ва Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон Моҳҷон Назардодова ҳузур доштанд. Ҳунарнамоии санъаткори ҷавон Давлатмамадов онҳоро хеле хурсанд кард.
– Ташаккур ба шумо! Рақси кайҳо боз фаромӯшшударо аз нав зинда кардед. Минбаъд ҳамкорӣ мекунем. Дар пеш азназаргузаронии вилоятӣ ва баъд ба азназаргузаронии ҷумҳуриявии худфаъолияти бадеӣ тайёрӣ мебинем, – гуфт М. Отамов.
Сипас дар шаҳри Душанбе азназаргузаронии ҷумҳуриявии маҳфилҳои худфаъолияти бадеии ҳаваскорони санъати Тоҷикистон ботантана баргузор шуд. Саркорӣ Давлатмамадов дар азназаргузаронии ҷумҳуриявӣ боз «Рақси бартангӣ»-ро бо такмилу коркарди нав иҷро намуд ва ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ ва сазовори Дипломи дараҷаи якум гардид.
Саркорӣ Давлатмамадов шуруъ аз соли 1973 ба эҳёву таҳияи рақсҳои қадима ва фаромӯшшуда даст зад ва муваффақ ҳам шуд. Бо кумаки Мамадназар Отамов ба тайёр кардани сюитаҳои адабӣ-бадеӣ ва рақсӣ, монтажҳои адабӣ-мусиқӣ-рақсӣ машғул шуд.
«Субҳи озодӣ» аввалин сюитаи мусиқӣ-рақсии таҳиякардааш ба шумор меравад ва сюитаи таҳиякардааш соли 1974 ба Фестивал-конкурси ҷумҳуриявии телевизионии «Бӯстон-1» роҳхат гирифт. Дар сюитаи мусиқӣ-рақсии «Субҳи озодӣ» 13 нафар раққоса ва раққос иштирок карда, бо маҳорати баланди рақсӣ ва саҳнавиашон сазовори кафкӯбиҳои мухлисон ва баҳои баланд шуданд. Саркорӣ Давлатмамадов бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанг сарфароз гардонда шуд.
Дар давоми фаъолияти ҳунарии 50-солааш Саркорӣ Давлатмамадов зиёда аз 40 рақси барқарорнамуда, сюитаҳои рақсию мусиқӣ ва овозӣ, монтажҳои адабӣ-мусиқӣ –рақсиро ба саҳна гузоштааст.
Кӯшишу талошҳои Саркорӣ Давлатмамадовро дар чорабиниҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мушоҳида карда, соли 2008 собиқ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим ва собиқ раиси шаҳри Хоруғ Назарбегим Муборакшоева Саркорӣ Давлатмамадовро ба ҳузур пазируфтанд ва пешниҳод намуданд, ки ансамбли бачагонаи этнографии «Помир»-ро аз ҳисоби наврасони болаёқат ташкил кунад. Саркорӣ бо як дилгармӣ ва ҳавас ба ташкил кардани ансамбли нав камар баст. Дар муддати кӯтоҳ-се моҳ ансамбли бачагонаи этнографии «Помир»-ро иборат аз 16 нафар дар ноҳияи Рӯшон ташкил ва мукаммал кард. Тамоми барномаи ансамблро суруду тарона ва рақсҳои фолклорӣ-этнографӣ дар бар мегирифтанд. Ин ансамбл солҳои 2008-2010 фаъолият кард. Ҳатто 10 барномаи ҷолибаш дар Телевизиони Бадахшон сабт гардида, зуд-зуд пешкаши тамошобинон мешуд. Ҳайати ансамбл аз ҳисоби наврасон тадриҷан зиёд шуда, барномаашон бою рангин буд.
Фаъолияти педагогӣ ва ҳунариашро давом дода, чандин сол мудири қисми илмии мактаб ва ҷонишини директори мактаби миёнаи рақами 24-и деҳаи Сипонҷро иҷро кард. Солҳои охир роҳбарии маҳфили ҳаваскорони санъати Хонаи маданияти деҳаи Бартангро ба зиммаи Саркорӣ гузоштанд.
Соли 2010 ҷашни ҷумҳуриявии рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ ботантана таҷлил гардид. Саркорӣ Давлатмамадов бо иштироки 50 нафар ҷавонони боистеъдод рақси машҳури «Шамшербозӣ»-ро таҳия карда, дар майдони варзиши шаҳри Хоруғ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷро намуда, сазовори баҳои баланд шуданд.
Соли 2022 Саркорӣ Давлатмамадов бо нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон ба эҳёи ҳунарҳои қадима, суруду рақс ва таронаҳо диққати зиёд дода мешуд. Саркорӣ боз ба барқарор намудани рақси «Пойамал» даст зад ва онро бо тамоми нозукиҳояш иҷро намуд.
Дар ҷумҳурии мо мутахассисони соҳаи санъати рақсу мусиқӣ ба ин рақс аҳамият надоданд. Аммо санъатшиносон ва мусиқишиносон аз ИМА, Фаронса, Голландия, Германия ва дигар давлатҳои хориҷӣ солҳои 1994-1995 ба Тоҷикистон омада, бо Саркорӣ Давлатмамадов вохӯрда, оид ба ин рақс маълумот пурсида, барнома, мусоҳиба ва рақси «Пойамал»-ро ба навор гирифтанд.
– Алҳол ният дорам, ки рақси қадимаи «Бофанда»-ро такмилу тобиши нав дода, ба мухлисони рақсҳои мардумӣ пешкаш намоям. Дар баробари ин, рақсҳои «Уқоббозӣ» ва «Палосбозӣ» ҳам интизори саҳнавӣ гардондан ҳастанд», – афзуд Саркорӣ.
Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Саркорӣ Давлатмамадов имсол баҳори 76-уми солгарди умрашро пешвоз гирифт, вале ҳанӯз ҳам чолоку чаққон ва ба оянда бо умеди нек менигарад. Бовар дорем, ки масъулони соҳаи фарҳанг, мактабҳои олӣ ва омӯзишгоҳҳои мусиқӣ ӯро ба дарси «Устоду шогирд» даъват карда, аз ҳунари раққосӣ ва зинда кардани рақсҳои аз байнрафтаи халқӣ аз ин ҳунарпешаи солхӯрда истифода мебаранд.
Тилло НЕКҚАДАМОВ,
Рӯзноманигор