Ҳар гоҳе аз устод Мирзо Турсунзода сухан равад, падарам Хол Мӯмин (соли 1985 дар 73-солагӣ аз олам гузашт) ифтихормандона мегуфт, ки шунавандаи аввалин шеърҳои устод будааст, бо чунин далел, ки бо ӯ дар аввалин техникуми педагогии шаҳри Душанбе (таъсисаш соли 1926) таҳсил намуда, ба сабаби беморӣ ҳамроҳи Мирзо Турсунзода ба Дорулмуаллимини шаҳри Тошкант рафта натавонистааст.
Мирзо Турсунзода Дорулмуаллиминро соли 1930 хатм намуда, кори эҷодиро аз идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» шуруъ мекунад. Аввалин маҷмуаи ашъори устод «Байроқи зафар» (соли 1932) мудом дар кисаи падарам буд. Ӯ шеърҳоро бисёр вақт бо садои шунаво мехонд. Мавриди зикр медонам, ки то солҳои шасту ҳафтоди асри пешин, давраҳои наврасию мактабхонии мо «Байроқи зафар» ҳамрози падар буд. Ҳини сардори хирмани колхоз, ҳисобчии бригадаи саҳроӣ, котиби ташкилоти партиявӣ ва раиси комиссияи тафтишоти колхоз буданаш байни севу чор, панҷу даҳ шеърҳои устодро мехонд. Ва ҳатман гӯшрас мекард, ки дар техникуми педагогии Душанбе ҳамроҳи Мирзо Турсунзода таҳсил кардааст. Хол Мӯмин аз соли 1932 то соли 1947 дар таълимгоҳҳои ноҳияи Файзобод муаллимӣ карда, баъдан, тавре ишора кардем, ба корҳои хоҷагию ҳизбӣ гузашт. Шеър менавишт.
Ифтихори падар аз устод Турсунзода маҳбубияти аҳли хонаводаи моро ба шоир ҳанӯз аз овони мактабхонӣ нур бахшид. Ва ҳар гоҳе китоби тозаи ӯ дар дуконҳои китобфурӯшии даврони Шуравӣ пайдо мешуд, онро харидорӣ намуда, бо шавқи зиёд шеърҳояшро аз бар менамудем.
Устод Мирзо Турсунзода байни олимону адибони машҳури олам маҳбубияти зиёд пайдо карда буд. Адиби рус Борис Панкин ӯро «инсони ба ҷаҳониён хеле хуб шинос» муаррифӣ мекунад. Аз нигоҳи шоири навовару машҳури рус Николай Тихонов, «Турсунзода ҳам дар Иттифоқи Советӣ ва ҳам берун аз он эҳтиром дорад, зеро ашъори ӯ мисли мурғи афсонавӣ аз рӯи қуллаҳои баланду дарёҳои паҳновар гузашта, ба ҳаққоният, самимият ва пардози шоиронаи худ ақлу дили ҳазоронро тасхир кардааст». Адиби кабардаю балқар Қайсин Қулиев Турсунзодаро «бузургтарин ва маъруфтарин шоири советӣ» медонад. Барои адиби Озорбойҷон Набӣ Хазрӣ Турсунзода офтобест, ки доиман рӯшноӣ медиҳад, ба дилҳову ҷонҳо нур мебахшад. «Саховати офтоб,- мегӯяд ӯ,- бетамаъ ҷовидонист».
Устод Мирзо Турсунзода дар адабиёти муосири тоҷик ягона шоирест, ки аз ҳама зиёд достон эҷод намудааст. Ашъори устод, асосан, сулҳу амният, дӯстию бародарии халқҳоро тараннум мекунад. «Силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон», «Ман аз Шарқи озодам», достонҳои «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Ҷони ширин», «Роҳи нури офтоб», «Аз Ганг то Кремл» афкори фалсафӣ ва меҳрубонию дилсӯзии шоириро нисбат ба ғаму шодии одамӣ ба ҳам мепайванданд», – менависад муҳаққиқи эҷодиёти шоир Юрий Бобоев.
Мани мухлиси ашъори ӯ, хусусан, аз достони «Садои Осиё» бисёр чиз бардоштаам. «Садои Осиё» асарест, ки бо парвози баланди илҳом эҷод шудааст. Сар то сари ин достонро шӯру шавқ ва эҳтироми эҷодӣ фаро мегирад. «Садои Осиё» аз шуҷоату диловарӣ, аз тақдири мураккаби рӯйи инсонҳои замин нақл мекунад.
Ба ин мисраъҳо таваҷҷуҳ кунед:
Осиё гӯяд сухан,
Овози онро бишнавед!
Мавҷи дарё, ғурриши баҳри даманро бишнавед.
Осиё бедор шуд, бедор, тарки хоб кард,
Ростиву дӯстиро оқибат дарёб кард.
«Садои Осиё», – гуфта буд нависандаи маъруфи қазоқ Мухтор Авезов, – достонест, ки аз садои гражданӣ ва шавқу завқи инсонпарварӣ саршор мебошад. Турсунзода дар достони худ аз номи халқҳои Осиё сухан мегӯяд; ба фаҳми ман, ӯ аз чизҳое сухан мегӯяд, ки ҳоло ягон шоири ҳиндӣ, японӣ, ё танӣ аз ин хусус лаб накушодааст».
Фаҳмиши дигари мо дар бораи устод чунин аст: коре, ки устод Мирзо Турсунзода бо қалам барои халқу ватани азизамон кардааст, аз хидмати кӯҳкану кайҳоннавард болотар меистад. Дар ибтидои авҷи эҷодиёташ, солҳои сиюм, дар солҳое, ки Тоҷикистонро аз ҳама ҷиҳат ҳифз карда, таърихи тамаддунашро ба оламиён муаррифӣ кардан шарт ва зарур буд, устод Турсунзода қатори устод Садриддин Айниву дигар зиёиёни қаламбадаст хомаи эҷод тез намуда, дар поси нангу номуси миллат ва ҳифзи забон устувор истод, матонату ҷасурӣ нишон дод.
Ва барои адабиёт, барои таърихи халқи тоҷик чун устод Садриддин Айнӣ асарҳои безавол офарид. Илова бар ин, устод ҳамчун падари адибони кишвар ба соҳибистеъдодҳо бо назари нек менигарист, ба ҳамаҷониба ёрию мадад мерасонд. Ёддоштҳои Муъмин Қаноат, Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев, Саттор Турсун, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Абдулҳамид Самад ва дигарон дар ин хусус далолат мекунанд. Дар ёдам мондааст, ки соли 1966 дар Университети давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) бо Мирзо Турсунзода вохӯрӣ барпо гардид, ки дар он зиндаёд Лоиқ Шералӣ ҳам буд. Дар ин вохӯрӣ устод Турсунзода бар ашъори Лоиқи навқалам риштаи тавсиф баста, ояндаи неки ӯро пешгӯӣ намуд. Он вохӯрӣ, ки шабеҳи маҳфили адабӣ буд, ба Лоиқ Шералӣ низ навбати шеърхонӣ доданд. Вақти қироати ӯ дар нигоҳи ман устод Мирзо Турсунзода гӯшу ҳуш шуд. Ин мисраъҳои Лоиқи зиндаёд аз ҳамон маҳфил дар коғази сари ман сабт шуданд:
То нагирам хунбаҳои ҷумлаи қурбониёнро,
То набахшам умри озоде ҳама зиндониёнро,
То набардорам ба дӯшам дӯшбори ин замонро,
Ман намемирам, ман нахоҳам мурд.
Дар он маҳфил Устод Турсунзода шеъри Мӯсо Мавлавии донишҷӯро (равонаш шод бод) гӯш карда, ба ин мисраи он- «Чун навсафаре ҳамсафари рӯди Ҳисорам» баҳои баланд дод. Афсӯс, Мӯсо Мавлавӣ барвақт аз олам гузашту армонҳояш ифшо нашуданд.
Банда суханони Мирзо Турсунзодаро дар Симпозиуми шеъри форсӣ, соли 1967, дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ шунидаам. Ӯ садри маҷлис буд. Он ҷо мани донишҷӯ ба дидори устодон Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шералӣ, Ҳабибулло Файзулло, Ғоиб Сафарзода ва дигарон мушарраф шудам.
Чун навбат ба шоири маъруфу машҳури Эрон Нодири Нодирпур дода шуд, ӯ қабл аз суханронӣ доир ба таҳлили «шеъри сапед» ба садри маҷлис устод Мирзо Турсунзода муроҷиаткунон гуфт: «Нозанине, ки дар арақ тар шуд, Нозанин буд, нозанинтар шуд». Ин гап ба аҳли маҷлис хуш омад, ба устод Мирзо Турсунзода ҳам. Дар ҳақиқат, дар маҷлисгоҳи гарм сару рӯйи устод Турсунзода арақшор шуда буд.
Аз он ки Мирзо Турсунзода ба қадри ҳунару ҳунарманд, шахсиятҳои боистеъдод мерасид, дар боло ишора кардем. Ва бояд афзоем: агар Мирзо Турсунзода соли 1948 Ҳикмат Ризои гурғӯлихонро аз Ёнахш, аз зодгоҳи аҷдодиаш ба Душанбе даъват намекард, шояд ӯ ба мартабаи Ҳофизи халқии Тоҷикистон, «Ҳомери асри бист» намерасид. Устод Турсунзода на фақат Ҳикмат Ризоро ба Душанбе овард, балки ғамхорӣ кард, то овозашро сабт намуда, тавассути радио шунавонанд.
Барои худ шарафу ифтихор медонам, ки Мирзо Турсунзодаро аз наздик дида, бо ӯ дастакӣ салом кардаам, ва, хушбахтона, соате аз суҳбаташ баҳра бардоштаам. Ин воқеаи хурсандибахш соли 1976 рух дода буд. Дӯсти беҳтарини устод Боқӣ Раҳимзода дар «Осоишгоҳи Обигарм» истироҳат мекард. Мо тифоқо он ҷо афтидем. Устод Турсунзода ба аёдати дӯсташ омада буд. Дар чойхонаи «Майдончаи поёнӣ»-и осоишгоҳ суҳбати ширини устодони калом Мирзою Боқиро гӯш кардем. Вақте аз радио мусиқии дилнишине садо дод, устод Боқӣ Турсунзодаро ба рақс баровард. Ӯ чанд лаҳза орому хоса арғушт рафт. Мо аз ҷозибаи устод тарс гирифта, ҷуръат накардем, ки бо ӯ «ҳамовоз» шавем, яъне ба рақс бароем…
Ҳафтуми майи соли 2001 Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ ба Мирзо Турсунзода унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон доданд. Ин қадрдонӣ мухлисони ашъори Турсунзодаро беҳад шод гардонд.
Ҷӯрабек МУЪМИН,
рӯзноманигор,
Корманди шоистаи Тоҷикистон