БИРАВ, ЗИ ТАҶРИБАИ РӮЗГОР БАҲРА БИГИР

Хирадмандон фармудаанд, ки тарбияи атфол ҳанӯз аз рӯзи ба дунё омадан оғоз мегардад. Чун фардои ҷомеаи инсонӣ ба тарбияи имрӯз пайвастагӣ дорад, бешак, ин масъала дар зиндагӣ хеле муҳим аст. Устод Рӯдакӣ фармудааст:
Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Яъне инсон дар натиҷаи омӯхтани таҷриба аз рӯзгори бузургон метавонад ба роҳи рост қадам гузорад ва барои ҷомеа ва Ватани азиз корҳои хайрро анҷом диҳад.
Камина ба ин масъала диққати ҷиддӣ медиҳам. Инро мехоҳам бо мисоли равшан барои ҳамкасбон тавзеҳ диҳам. Ҳаёт ва фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як мактаби бузурги тарбиявист ва омӯзиши он метавонад барои насли наврас таъсири ҷиддӣ расонад. Яъне метавон ин мавзуъро дар масоили тарбияи ватандӯстӣ, ҷасорат, меҳрубонӣ, дастгирии дармондагон, корҳои созандагӣ ва ғайра истифода бурд. Дар синфҳои ибтидоӣ бо забони сода ва мисолҳои фаҳмо суҳбат бо шогирдон хеле судманд аст.
Пӯшида нест, ки имрӯз дар кишвар аз кӯдак то пири ҳафтодсола Пешвои муаззами миллатро хуб медонанду дӯст медоранд. Чун сухан дар бораи рӯзгори Сарвари кишвар меравад, насли наврас бо шавқу рағбати зиёд гӯш медиҳанд.
Бо вуҷуди он ки дар дарс омӯзгор борҳо дар бораи Пешвои миллат ва ободкориҳояшон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба шогирдон сухан мегӯяд, муҳим мешуморам, ки дар дарсҳои тарбиявӣ ин масъала васеътар ва таъсирбахштар садо диҳад.
Ман ҳафтае як бор бо шогирдон дарси тарбиявӣ баргузор мекунам. Мавзуи суҳбатҳо хеле доманадор аст ва бовар дорам, ки бачаҳо аз чунин дарс сабақи хуб мегиранд, зеро дар поёни дарс эшон саволҳои зиёде медиҳанд, ки ба ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат робита доранд. Дар дарси тарбиявӣ ман лаҳзаҳои ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллатро пора-пора истифода мебарам. Масалан, барои дарси мазкур дар бораи наврасӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳсил дар мактаб, замони ба сари қудрат омадан ва корҳои ободонию созандагии Сарвари кишвар ҳарф мезанам. Ба андешаи камина, ин тарзи баёни саргузашт ҳисси кунҷковии шогирдонро бедор менамояд.
Суҳбатро аз рӯзи ба дунё омадани қаҳрамони миллат оғоз мекунам:
– Бачаҳои азиз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара, дар оилаи марди деҳқон, чашм ба олами ҳастӣ кушодаанд.
Ҳамин тавр, дар бораи ҳаёти деҳот, соҳаҳои кишоварзию чорводорӣ ба шогирдон ҳикоя мекунам. Поёнтар иброз медорам:
– Пешвои миллат аз хурдсолӣ ҳамроҳи падару модар кор мекарданд. Ба корҳои онҳо ёрӣ медоданд. Ҳамин тавр, дар дили кӯчаки эшон муҳаббат ба меҳнат ва меҳнатдӯстӣ ба шарофати волидон пайдо шудааст.
Сипас дар бораи манфиати илмомӯзӣ сухан мекунам ва ба сари мақсад меоям:
– Пешвои миллат ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна ташнаи илмомӯзӣ буданд. Чунонки аз нақли муаллимон ва ҳамсинфонашон маълум мешавад, аз ҳама фанҳои таълимӣ баҳои хубу аъло мегирифтаанд. Хонандаи кунҷков, ҷӯянда ва эҷодкор буданд. Бештар китобҳои бадеӣ мехондаанд.
Сипас дар бораи сулҳ суҳбат мекунам. Ба шогирдон таъкид мекунам, ки беҳтарин ва бузургтарин неъмат барои фарзанди одам сулҳу оромист. Давлате, ки муҳиташ тинҷу ором аст, барои сокинони худ тамоми шароитро фароҳам меорад. Ҳам зиндагии шоиставу ҳам бахту саодатро. Ҳамин тавр дар бораи нооромиҳои солҳои навадуми асри гузашта ҳикоя мекунам.
Пешвои миллат замоне ба сари қудрат омаданд, ки бисёриҳо ба ояндаи Тоҷикистон бовар надош­танд. Аммо Сарвари кишвар ба ҳамватанон ваъда доданд, ки «Ба шумо сулҳ меорам.» На ҳар кас бо ин боварӣ сухан гуфта метавонист. Замоне ки хазинаи давлат холӣ буд. Замоне ки Тоҷикистон дар оғӯши алангаи оташ қарор дошт, касе бовар намекард. Аммо Сарвари кишвар аз душвориҳо натарсиданд. Мардона мубориза бурданд.
Парчами сулҳ болои кишвар парафшон шуд.
Баъдан дар бораи созандагию ободкориҳо сухан мегӯям. Аз ҳаёти Сарвари давлат мисолҳо меорам. Таъкид мекунам, ки инсон бояд барои ободу зебо гардонидани Ватани хеш заҳмат бикашад.
Ҳамин тавр, дар як дарс метавонем муҳаббати Пешвои миллат­ро дар дили хонандагони синфҳои ибтидоӣ бештар намоем ва онҳоро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, илмомӯзӣ, ҷасурӣ ва ободкориву созандагӣ тарбия намоем.

Оҷатбегим НАВРӮЗОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
мактаби №70, ноҳияи
Исмоили Сомонӣ