Дар феҳристи баррасиҳои мавзуие, ки дар партави Рӯзи Мавлоно ҳамасола матраҳ мегардад, масъалаи нигариш ва дидгоҳҳои фалсафии Ҷалолуддини Балхӣ низ ҷой дорад. Ба сухани дигар, нишон додани симои фалсафӣ, шахсияти ғайримаъмулӣ ва чеҳраи чолишгару ҷуръатманди Мавлоно аз талаботу муқтазиёти баҳсҳои ихтисосӣ ва фалсафӣ мебошад. Ба ин маънӣ дар ҳошияи Рӯзи Мавлоно чанд суханро ба таври фишурда ироа медорем.
Якум. Номи Мавлоно, ба иттифоқи тазкиранависон, Муҳаммад ва лақабаш Ҷалолуддин будааст ва ҳама муаррихон вайро ба ҳамин ному лақаб шинохтаанд. Лақаби «Мавлавӣ», ки аз дер замон миёни суфия ва дигарон ба ин устоди ҳақиқатбин ихтисос додаанд, дар замони худи вай ва ҳатто дар урфи тазкиранависони қарни нуҳум (асри понздаҳуми милодӣ) шуҳрат надоштааст ва ҷузви ановин ва лақабҳои хоси ӯ нест ва зоҳиран ин лақаб аз рӯйи ановини дигар, яъне Мавлонои Рум гирифта шудааст. Лекин шуҳрати Мавлоно ба Мавлонои Рум мусаллам аст ва ба гуфтаи Ҳамдуллоҳи Муставфӣ ва итлоқоти тазкиранависон истифода мешавад ва дар «Маноқиб-ул-орифин», ки дар омӯзиш ва шинохти Ҷалолуддини Балхӣ аз манобеи муҳим маҳсуб меёбад, ҳар куҷо лафзи «Мавлоно» зикр мегардад, мурод ҳамон Ҷалолуддин Муҳаммад аст.
Дуюм. Мавлоно бар мабнои дониш, биниш, таҷриба, андӯхта ва мушоҳидаҳояш коргоҳи фикрии вежа бунёд намуда, аз ин тариқ ба мушкилоту муаммоҳои давру замони худ бархурд кардааст. Дар зимн, Мавлоно мавзуъ, масоил ва мушкилоти давру замонро дар коргоҳи фикрӣ баррасӣ карда, воқеиётро дар доираи равиш ва сабки вежа, ки мунҳасир ба фарди ӯст, бозгӯ сохтааст. Муҳимтар аз ҳама, дар ташаккул ва таҳаввули андешаву афкори Мавлоно ва ба дараҷаи як шахсияти матраҳи фикрӣ расидани ӯ муҳит ва фазои замон ва ҳамнишинӣ бо ашхоси саршиноси даврон нақши калидӣ доштаанд.
Ба ин тартиб, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун шахсияти ҷаҳонӣ дар се буъди фарҳангу маънавиёти башарӣ: дин – мазҳаб; тасаввуф – ирфон; ҳикмат – фалсафа қувват санҷидааст. Ба таъбири дигар, Мавлоно дар таълифоти арзишманди хеш масоили се қисмати ҷаҳонбинии инсониро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, ки ҳар яке бо бинишу диде хос шарҳу тафсир гардидаанд. «Маснавӣ» ва «Девони Шамс»-и ӯ моломоли андешаҳои зоҳидона, орифона ва ҳикматона мебошанд.
Севум. Силсилаи мавзуъ ва масъалаҳое, ки Мавлоно сари онҳо тамаркуз кардааст (аз ҷумла, мавзуоти хирад, дониш, ақл, ҷабру ихтиёр, инсонсолорӣ, бузургманишӣ ва амсоли инҳо, ки аслҳои фалсафианд), дар таълифоти ӯ бо биниши динӣ, ирфонӣ ва фалсафӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Чаҳорум. Мавлоно бо ҷуръат ба мушкилот, уқдаҳо ва печидагиҳои замонию маконӣ даргир мешавад. Ба вежа, мушкилоти ҷиддии замонӣ – ташаннуҷу нуфузи хурофоту таассуби мазҳабӣ, ихтилофоти динӣ, танишҳои ақидатӣ, фақри маънавӣ, ноҷӯриҳои равонӣ, тасаллути бемайлони нодонӣ, истибдоди дохилию хориҷӣ ва амсоли инҳо Мавлоноро ором намегузошт ва хоби ӯро мепаронд. Ин буд, ки бо мушкилоту печишҳои равонӣ, ақидатӣ, мазҳабӣ ва фикрӣ, ки мардум ва табақаҳои иҷтимоии замонро бо чолишҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ месозад, даргир мешавад ва алайҳи истибдоди фикрӣ мешӯрад. Барои ба ҳам овардани бинишҳои гуногун ва таъмини рангорангии фикрию ақидатӣ Мавлоно дар «Маснавии Маънавӣ» ҳикоёту ривоёти ҷолиб ироа медорад ва аз ин тариқ таниш ва ихтилофоти мазҳабӣ ва фикриро аз миён бармедорад. Масалан, вежагиҳои ақидатии элитаи динӣ-мазҳабиро дар симои паёмбарон, аз як тараф ва мушаххасоти ибодатии авомро, ки дар содагии ибодӣ ва шаффофияти ақидатӣ инсиҷом ёфтаанд, аз тарафи дигар, арзёбӣ карда, як навъ қиёси мактабҳои парастишию ниёиширо ба сомон мерасонад, ки ин корро касе бо назокат ба андозаи Мавлоно анҷом надодааст. Дар дафтари дувуми «Маснавии Маънавӣ» Мавлоно ривояти машҳури Мусо ва шубонро мисол мезанад ва аз ин тариқ тафовути фаҳмишҳои ақидатиро нишон дода, бартарии ибодатҳои отифии мардумӣ (дар мисоли шубон)-ро дар баробари ибодоти хушку шахшудаи расулон (дар мисоли Мусо) хеле ҷаззоб ба риштаи тасвир бармекашад. Ба гунаи намуна, таваҷҷуҳ мекунем ба дафтари дувум, боби «Инкор кардани Мусо алайҳиссалом бар муноҷоти шубон»:
Дид Мусо як шубонеро ба роҳ,
К-ӯ ҳамегуфт: ай Худову ай илоҳ.
Ту куҷойӣ, то шавам ман чокарат,
Чоруқат дӯзам, кунам шона сарат.
Ҷомаат шӯям, шабушҳоят кушам,
Шир пешат оварам, ай муҳташам.
Дастакат бӯсам, бимолам поякат,
Вақти хоб ояд, бирӯбам ҷоякат.
Ай фидои ту ҳама бузҳои ман,
Ай ба ёдат ҳайҳайю ҳайҳои ман!
Ин намат беҳуда мегуфт он шубон,
Гуфт Мусо бо кӣ аст ин, ай фалон.
Гуфт: Бо он кас, ки моро офарид,
Ин замину чарх аз ӯ омад падид.
Гуфт Мусо: Ҳой хирасар шудӣ,
Худ мусулмон ношуда кофар шудӣ.
Ин чӣ жод асту чӣ куфр асту фишор,
Пунба андар даҳони худ фишор.
Ганди куфри ту ҷаҳонро ганда кард,
Куфри ту дебои динро жанда кард.
Чоруқу потоба лоиқ мар турост,
Офтоберо чунинҳо кай равост.
Гар набандӣ з-ин сухан ту ҳалқро,
Оташе ояд, бисӯзад халқро.
Гар ҳамедонӣ, ки Яздон довар аст,
Жожу густохӣ туро чун бовар аст.
В-ар барои банда-ш аст ин гуфтугӯ,
Он ки Ҳақ гуфт, ӯ ман асту ман худ ӯ.
Гуфт: Ай Мусо даҳонам дӯхтӣ,
В-аз пушаймонӣ ту ҷонам сӯхтӣ.
Ҷомаро бидриду оҳе карду тафт,
Сар ниҳод андар биёбону бирафт.
Ва дар ниҳоят, дар боби «Ваҳй омадани Мусоро алайҳиссалом дар узри он шубон» ниёиши самимии мардумиро, ки бар мабнои меҳру отифат бунёд ёфтааст, бар тарзи ибодати расулӣ, ки бо тарсу ваҳомат иртибот доштааст, пирӯз ҷилва додааст.
Ба ин тартиб, дар бобҳои «Инкор кардани Мусо алайҳиссалом бар муноҷоти шубон», «Итоб кардани Ҳақ таъоло бо Мусо алайҳиссалом аз баҳри он шубон», «Ваҳй омадани Мусоро алайҳиссалом дар узри он шубон», «Ваҳй омадани Мусоро алайҳиссалом дар узри он шубон» бо шевотарин ва ширинтарин тариқа тафовутҳои ибодии ин ду қишри иҷтимоӣ – Мусо ва шубон ва саранҷом тарзи ибодати отифии мардумиро бар шеваи парастиши расулӣ тарҷеҳ дода, пирӯзии мафкуравии мардумиро эълом медорад
Панҷум. Ба дунболи ин, Мавлоно аз мушкилоти фикрии ҷомеаи мусулмонии замон, ки ҳамеша ба хурофоту таассуб мутамоил будааст, дам мезанад ва дар қолиби ривояти дигар дар мисоли габру мусалмон бовардоштҳои отифиро дар муқобили хушкандешии мазҳабӣ, ки одатан аз риёкорию худнамоӣ таркиб ёфтааст, мавриди интиқод қарор медиҳад. Дар дафтари панҷум дар доираи боби «Ҳикояти кофире, ки гуфтандаш дар аҳди Боязид, ки мусулмон шав ва ҷавоб гуфт ӯ эшонро» Мавлоно масъалаи мазкурро ҷасоратмандона ва мунсифона нақд мекунад.
Дар зимн, Мавлоно аз риёкориҳои мазҳабӣ ва худнамоиҳои элитаи динӣ, ки имрӯз ҳам зиёд иттифоқ меафтанд, ғаш мекунад ва садои эътирозу интиқод дармедиҳад. Дар дафтари дувум дар қолиби боби «Гуфтани шайхе Боязидро Каъба манам, гирди ман тавофе мекун» ҳикоёти ибратбахше аз саргузашти сӯфии машҳури асримиёнагӣ Боязиди Бастомӣ нақл мекунад, ки далели муҳкамест бар риёкориҳои қишри риёкори ҷомеа. Боязид ҳангоми сафар ба Каъба бо пире барнодил мулоқот мекунад ва ӯ воқеияти динмадорӣ ва тақводориро шарҳу баён менамояд.
Шашум. Иддаоҳои фалсафӣ ва ҷасоратҳои эҷодии Мавлоно дар ғазалиёти ӯ ҳам инъикос ёфтаанд, ки дар шароити имрӯзӣ дар сохтмони шахсиятҳои вораста аз қайдубандҳо корсозанд. Даъвиҳои фалсафии Мавлоно дар заминаи шикастани қолабҳои шахшудаи ақидатӣ ва стереотипҳои маҳаллию иҷтимоӣ сахт заруранд. Ба ғазали машҳури Мавлоно, ки як навъ инқилоби фикрии ӯст, таваҷҷуҳ мекунем:
Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст,
Бикшой лаб, ки қанди фаровонам орзуст…
З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,
Шери Худову Рустами Дастонам орзуст.
Ҷонам малул гашт зи Фиръавну зулми ӯ,
Он нури рӯйи Мусии Имронам орзуст.
З-ин халқи пуршикояти гирён шудам малул,
Он ҳой-ҳуйю наъраи мастонам орзуст.
Гӯётарам зи булбул, аммо зи рашки ом,
Муҳр аст бар даҳонаму афғонгам орзуст.
Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.
Гуфтанд: ёфт менашавад ҷустаем мо,
Гуфт: он кӣ ёфт менашавад, онам орзуст.
Пинҳон зи дидаҳову ҳама дидаҳо аз ӯст,
Он ошкорсанъати пинҳонам орзуст…
Нозим НУРЗОДА,
Пажуҳишгар