ИФОДАГАРИ МАНФИАТҲОИ АҲЛИ ҶОМЕА

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои зиёде қабул шудаанд, ки ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ мусоидат ва барои рушди бонизоми иқтисодӣ, асосҳои молиявии давлат хидмат менамоянд. Дар ин раванд тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, пеш аз ҳама, барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи тоҷик мусоидат мекунанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи нахустини Маҷлиси намояндагон (даъвати амалкунанда) таъкид доштанд, ки дар шароити вазъи тағйирёбандаи ҷаҳонӣ таъмини сулҳу суботи сиёсӣ ва ободии ояндаи Ватан, пешрафти бомароми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, эҳтироми меъёрҳо ва муқаррароти қонунгузорӣ, ҳимояи манфиатҳои олии миллию давлатӣ аз фаъолияти бомароми мақоми олии қонунгузори кишвар вобастагии амиқ дорад. Аз ин рӯ, ҳангоми қабули қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ манфиатҳои миллӣ, фарҳангӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа дар мадди аввал гузошта шудааст. Аз ҷумла, 20 январи соли 2016 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд: «Муҳайё намудани шароити ҳарчӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад». Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ворид шуда, ҷиҳати амалӣ намудани ин мақсади олӣ хизмат менамоянд.
Конститутсия вобаста ба рушди ҷомеа такмил меёбад. Тағйир ёфтан, такмил додани ҳар як Конститутсия нишонаи фаъол будани қонуни асосии давлат ва рушди қонунгузорӣ аст. Мақсади асосии тағйиру иловаҳо ҳифзи соҳибихтиёрии давлат дар замони ҳозира мебошад. Он ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд.
Дар ин раванд давлатҳои мутараққии дунё бо ақидаи миллии худ ба пешравиҳои инқилобӣ ноил гардиданд ва мо ҳам чунин ақидаи миллиро дорем. Он дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл ифода шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия воридшуда аҳамияти таърихӣ ва илмӣ дорад, аммо мазмуни асосии Конститутсияро (моддаи якум) тағйир надодааст. Ин аз ҷиҳати ҳуқуқӣ рушди қонунгузорӣ аст ва аҳамияти таърихӣ дорад. Барои ҳамин ҳам Конститутсияи Тоҷикистон — қомуси муқаддас буда, омӯзиши он дар ҳамаи мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ, ташкилоту корхонаҳо ба роҳ монда мешавад!

Сафар ЭРКАЕВ,
дотсенти ДДХ
ба номи академик Б. Ғафуров,
Мухтасар ЭРКАЕВА,
омӯзгори таърих ва ҳуқуқи
гимназияи № 1, шаҳри Хуҷанд