ҚОНУНИ РАҲНАМО

Конститутсия ҳуҷҷати муҳимтарини мамлакат буда, баробари муайян кардани сохтори давлатӣ дастовардҳои фарҳангиву сиёсии халқро инъикос мекунад. Дар Тоҷикистон 5 маротиба Конститутсия қабул шудааст: Солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994. Ба Конститутсияе, ки 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъй­пурсии умумихалқӣ қабул гардида буд, 3 маротиба (26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003, 22-юми майи соли 2016) тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди миллӣ буда, муқаддасоти миллӣ, истифодаи васеъи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад.
Дар давлати демократӣ риояи Конститутсия ва қонунҳо бояд як мароми муқаррарӣ дошта бошад. Дар ин бора овардани суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур аст: «Ҳар як фарди ҷомеа бояд зарурияти риояи бечунучарои қонунро амиқ дарк намояд. Итоат ба қонун бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар як шаҳрванд (қонунҳоро хуб) донад ва риоя намояд. Халқи тоҷик баъд аз таърихи ҳазорсолаи давлатдории худ якумин бор Конститутсияи давлати соҳибистиқлолашро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард.
Шашуми ноябри соли ҷорӣ мардуми ҷумҳурӣ 29-солагии қабули муҳимтарин ва волотарин санади ҳуқуқии кишвар — Конститутсияро, ки бо мақсади бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ қабул шуда буд, ҷашн мегиранд. Қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи даврони Истиқлол ба шумор рафта, рӯйдоди бузург ва тақдирсоз мебошад.
Ин ҳуҷҷати таърихӣ Истиқ­лоли давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафту инкишофи давлату ҷомеаро бо воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян сохт.
Бо соҳибихтиёр гардидани Тоҷикистон кишвари мо ба буҳрони конститутсионӣ рӯ ба рӯ шуд ва дар натиҷаи поймол шудани Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда солҳои 1991-1992 фаъолияти тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардида, кашмакашҳои сиёсӣ ва бесарусомониҳо ба миён омаданд. Дар давраи ниҳоят ҳассоси аз як сохт ба сохти дигари давлатдорӣ гузаштани Тоҷикистон қудратталабии сиёсии баъзе ҳизбу ҳаракатҳо ва шахсиятҳои алоҳида боиси риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия гардид ва ин амал оқибат ба ҷанги даҳшатноки шаҳрвандӣ оварда расонд, ки он, воқеан, ба тамомияти арзиву мавҷудияти давлати Тоҷикистон ва ягонагии миллати тоҷик хатари ҷиддӣ дошт.
Дар боби дуюми моддаи 14-уми Конститутсия омадааст: «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ бо санадҳои байналхалқие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд».
Ин яке аз шартҳои инкишофи раванди демократияи сиёсӣ мебошад ва давлати демократӣ бе таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзӣ вуҷуд карда наметавонад.
Ҳусноро ТӮРАЕВА,
Шарофиддин ҲОМИДЗОДА,
омӯзгорони коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон